Зулфия Мӯсоева, ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ»: «Зиёда аз 10 сол боз ба кӯдакон кӯмак мерасонам»

- Зиёда аз 10 сол боз ман ба дастгирии иҷтимоӣ машғулам ва ба кӯдакон кӯмак мерасонам. Тӯли ин солҳо дидам, ки кӯдакон бо ҳолат ва мушкилоти гуногуне рӯ ба рӯ мегарданд, ки онҳо ба дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд. Ба онҳо кӯмак расонида, хушҳол мешавам, ки барояшон кори нек кардам. Охир, кӯдакон ояндаи моянд. Ба ман касбам писанд аст.