Қазияи «шизофрения»: Парвандаи эҳтимолияти истифодаи “шиканҷа ва муносибати бераҳмона” барои тафтишоти иловагӣ баргардонида шуд

Бо таъиноти Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб аз 29-уми ноябри соли 2018 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Латипов Файзалӣ Давлатмадович ва Юсупов Аваз, ки дар содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 401 прим1 (Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешаванд, барои гузаронидани тафтишоти иловагӣ баргардонида шуд.

Асос барои баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ ин ба таврӣ ҷиддӣ вайрон кардани қонуни мурофиаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва таштиши пешакӣ, .... риоя накардани расмиёти дақиқи тафтишот ва таҳқиқи ибтидоӣ, инчуние, аз тарафи корманди оперативии  ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон, парвандаи оперативӣ оғоз карда нашудааст... Ҳамчунин, таҳлили далелҳои қабати парвандаи ҷиноятӣ дар мурофиаи судӣ ваҷҳҳои айбнома тасдиқи худро наёфтаанд ва ҳолатҳое, ки барои қабули қарори қонунӣ аҳамияти ҷиддӣ доранд, дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ санҷида нашудаанд, ки дар марҳилаи судӣ санҷидани онҳо имконнопазир мебошад.

Бояд гуфт, ки 27-уми ноябри соли 2018 дар мурофиаи судӣ айбдоркунандаи давлатӣ барои Юсупов А. 15 сол ва барои Латипов Ф., 14 соли маҳрумӣ аз озодӣ талаб намуда буд. Вале ҳимоятгар Шарипов Аю, ки аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шаканҷа ва беҷазои дар Тоҷикистон, пешбарӣ гардидааст, нисбати Латипов Ф., аз Суд, сафед кардани уро талаб намуд

Судшавандагон Латипов Ф. Д. ва Юсупов А. ба суд арз кардаанд, ки бегуноҳанд ва аз ҷониби кормандони милитсияи ваколатдори фаврӣ ва муфаттиш нисбаташон шиканҷаву дигар муносибати бераҳмонаи ғайриинсонӣ истифода бурда шудааст.

Дар мурофиаи судӣ ба сифати шоҳидони иловагӣ муфаттиш ва ваколатдори фаврӣ даъвату пурсида шудаанд, вале аз нишондодҳояшон асоснок будани гунаҳгории судшавандагон зери шубҳа гузошта шудааст. Инчунин, ваҷҳи айбнома оид ба ҳолати сафар кардани Латипов Ф. ва Юсупов А. ба Ҷумҳурии Туркия аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ умуман санҷида нашудааст, дар ҳоле, ки барои қабули қарори қонунӣ аҳамияти зиёд дорад.

Тавре қаблан хабар дода будем, Файзалӣ Латипов дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт ва бо маблағи аз меҳнаташ ба даст оварда волидонашро, ки дар ватан буданд, таъмин мекард. Бо дархости кормандони милитсияи РВКД-и минтақаи Кӯлоб ҷавон барои нишондод додан оид ба парвандае, ки дар он ба иштирок дар гуруҳи террористӣ дар ҳудуди Сурия ва ташкили ҷангҳои ғайриқонунии зиддиҳукуматӣ гумонбар дониста мешуд, ба Тоҷикистон даъват карда шуд.

25-уми феврали соли 2018 Файзалӣ Латиповро дар бинои РВКД-и шаҳри Кӯлоб боздоштаву бо нақзи банди 11-и Дастурамал «Дар бораи боздошт» тӯли зиёда аз 72 соат дар утоқҳои корӣ нигоҳ доштаанд. Латиповро бо кадом асос боздошт намудаанд, ба хешовандонаш хабар надодаанд, ки сабаби пайдоиши шубҳа дар мавриди эҳтимолияти истифодаи шиканҷа гардидааст.

Сокини Кӯлоб Умрия Латипова ба Эътилофи зидди шиканҷа бо хоҳиши кӯмак расонидан ба бародараш муроҷиат карда буд. Адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки хизматрасониаш аз ҷониби ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» таъмин мегардад, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ барои тафтиш аз РВКД-и шаҳри Кӯлоб ба шуъбаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон фиристода шудааст.

Адвокат Абдураҳмон Шарипов ба Прокуратураи генералии ҶТ бо ариза дар бораи санҷидани далели нақзи қонуният ҳангоми боздошти зерҳимояаш ва истифодаи эҳтимолии шиканҷа нисбати ӯ муроҷиат карда буд. Ҳамаи аризаҳо дар бораи далелҳои истифодаи эҳтимолии шиканҷа аз Прокуратураи генералии ҶТ барои баррасӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ва баъдан ба муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақи Кӯлоб фиристода шуданд.

20-уми апрели соли 2018 тамоми аризаҳои адвокат ва хешовандони Латипов дар бораи истифодаи эҳтимолии шиканҷа бо мактуб ва имзои муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ба муовини раиси Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб барои баррасӣ супорида шудаанд.

1-уми майи соли 2018 мурофиаи судӣ барои баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Латипов Ф. оғоз гардид, аммо судя бо ишора ба он, ки судшаванда ҳозир карда нашудааст, баррасии парвандаро мавқуф гузошт.

Моҳи сентябри соли 2018 мурофиа аз сар гирифта шуд ва бо дархости адвокат Шарипов А. ташхиси судӣ-руҳӣ таъин гардид. 25-уми сентябри соли 2018 ташхиси судӣ-руҳии амбулаторӣ гузаронида шуд. Мувофиқи хулосаи он, Латипов Ф. аз ноқисии руҳӣ ранҷ намекашад. Аммо мавҷудияти шизофрения (дар робита ба истифродаи шиканҷа ва беасос ҷалб намудан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ) зикр карда шудааст.

NoTorture.Tj