Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ба назар чунин мерасад, ки солҳои охир шумораи онҳое, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ маъюб мешаванд ё ба ҳалокат мерасанд зиёд шуда, ин сабаби сарпечии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ шудааст.
Хабари марги сарбоз Фирдавс Раҳматови 22-сола ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ сару садои зиёдро ба бор овард. Фирдавс Раҳматов, ки дар курси чоруми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар бахши ғоибона таҳсил мекард, ба гуфти волидонаш як моҳ қабл аз маргаш тариқи «облава» ба Артиш бурда будаанд. Ҳафтаи гузашта (7 июн) ҷасади ӯ ба назди падару модараш оварда шуд. НаздикониФирдавс Раҳматов гуфтаанд, ки масъулини қисми ҳарбии мазкур ба онҳо сабаби марги фарзандашонро «баста шудани роҳи нафас ҳангоми фурӯравии забон» гуфтаанд. Аммо ба таъкиди падару модари Фирдавс фарзандашон бар асари лату кӯб ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расида, ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи Дилором Раҳматова, модари Фирдавснамояндгони қисми ҳарбии 0480 дар Конибодом сабаби марги писарашро «нафасгиршавӣ аз фурӯ рафтани забон бар асари офтобзанӣ»гуфтанд. Ӯ ба Радиои «Озодӣ» гуфтааст, «онҳо ба мо санади натиҷаи ташхиси тиббиро надоданд ва баргашта рафтанд. Мо дар бадани писарамон нишонаҳои зиёди зарбу лат пайдо кардем ва аз рӯи онҳо, метавон гуфт, ки писарамро як гурӯҳ миёнагир карда, зада куштаанд. Барои ҳамин ба прокуратураи ҳарбӣ ариза навишта, илтимос кардем, ки ҳодисаи кушта шудани фарзандамонро таҳқиқ кунанд ва гунаҳкоронро дарёфт карда, ҷазо диҳанд».
Ба гуфтаи Ғаниҷон Раҳматов, падари сарбози фавтида писараш қаблан ҳам шикоят карда будааст, ки дар дар қисми ҳарбӣ ӯ ва ҳамроҳонаш, мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор мегиранд. Аммо аз бими он ки ҳолашон бадтар нашавад, писараш ёрои ба қумандонҳо хабар додан накардааст. Ба нақли ӯ «ҳангоми шустани ҷасади Фирдавс дар бадани вай изҳои зиёди зарбу лат диданд. Масалан, мобайни гулӯяш ва тахтапушташ ҷароҳатҳо дошта, пушти сараш даридагӣ будааст».
Маҷрӯҳ шудан ва ё ба ҳалокат расидани сарбозон дар кишвар падидаи нав нест. Қаблан ҳам дар яке аз қисмҳои ҳарбии кишвар миёни ду сарбоз Илҳом Бобоев ва ҳамхизмати ӯ Исломиддини Искандар муноқиша сар зада, Бобоев аз автомат сӯи Искандар тир холӣ карда буд. Пас аз чанд лаҳзаи сар задани воқеа Илҳомиддини Искандар дар роҳ, ҳангоми интиқол додан ба бемористон фавтид. Ҳарчанд масъулини Вазорати мудофиа вуҷуди «дедовшина»-ро дар сафи қувваҳои ҳарбӣ рад мекунанд, аммо шоҳидон бар он назаранд, ки ҳанӯз ҳам сарбозон мавриди лату кӯб қарор мегиранд.
Ба назари коршиносон солҳои охир гароиши ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ коста гардидааст, ки яке аз омилҳои он марги сарбозон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ аст. Соли 2014 дар натиҷаи вайрон кардани ойиннома ё низомномаи ҳарбӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ сарбозон Акмал Давлатов, Хуршед Кенҷаев кушта, Ромиз Шарифов, Баҳриддин Насриддинов ва Шаҳбол Мирзоев маҷрӯҳ ва маъюб шуда буданд, ки то кунун тафтиши парвандаҳои бархе аз онҳо идома дорад. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, бархеҳо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки парвандаҳои марбут ба марги сарбозон пурра ҳалли худро намеёбанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бар он назаранд, ки мардум дар бештари маврид бо дарназардошти муносибатҳои динӣ марги фарзандонашонро «амри тақдир» дониста, аз даъво даст мекашанд.
Фаридун Муҳаммадалиев, сӯхангӯи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки парвандаҳои марбут ба марги сарбозон аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ баррасӣ мешавад ва онҳо гуфта метавонанд, ки парвандаҳои мазкур то ба охир ҳал мешаванд ё не. Ба таъкиди ӯ, мақомоти прокуротура пас аз кушодани парванда ва таҳқиқи дақиқ гунаҳкорро пайдо карда, ба ҷавогарӣ мекашад. Ӯ ба он бовар аст, ки имрӯз дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар фишору тазйиқ болои сарбозон вуҷуд надорад.
- Мо танҳо хабар додем, ки Фирдавс Раҳматов мурдааст ва дар ин қисми ҳарбӣ чунин ҳолат рух додааст. Ҳанӯз марбут ба ин қазия хулосаи дақиқ набаровардаанд ва дақиқ ҳам нашудааст, ки гунаҳкор кист. Тафтишот муайян мекунад, ки кӣ ганаҳкор асту кӣ бояд ба ин ҳама ҷавоб диҳад. Танҳо пас аз таҳқиқи дуруст метавон хулоса баровард,- мегӯяд ӯ.
Ба дунболи гуфтаҳои Фаридун Муҳаммадалиев, додситонии ҳарбии Суғд эълон намуд, ки зидди сарбозоне, ки ҳамхидмати худ Фирдавс Раҳматовро ба ҳалокат расонидаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки «санҷиши гурӯҳи тафтишотӣ дар ҷои ҳодиса то ин лаҳза ошкор намуд, ки 7-уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 15 сержантҳо Сулаймонов Раббонӣ ва Комрон Раҳимов дар машқгоҳи «Нурафшон» аскарони навдаъватро барои қазои ҳоҷат бурда, аз чашми афсарон пинҳон, ин сержантҳо ва аскари собиқадори қаторӣ - Айём Назаров аскари навдаъват - Фирдавс Раҳматовро зарбу лат мекунанд, ба гардан ва қафаси синаи вай мезананд, ки дар натиҷа Фирдавс нафасгир шуда, дар давоми 10 дақиқа, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад».
Таври маълум қаблан низ чунин ҳолатҳо рух дода буданд. Аммо ба назари таҳлилгарон ташхиси тиббии комиссариати ҳарбӣ ҳамеша шубҳаро ба бор меоварад. Моҳи апрели соли гузашта Акмал Давлатов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар қисми ҳарбӣ ба ҳалокат расида буд. Дар ташхисе, ки ба падару модари марҳум расида буд, омадааст, ки «нон гулӯи сарбозро гирифтасту ҷон додааст». Аъзам Давлатов, падари Акмал Давлатов он замон гуфта буд, ки «ба ташхиси тиббӣ шак дорам, бовар намекунам ва ҳатман ба комиссариати ҳарбии ноҳия, ки фарзандамро 6 моҳ қабл аз ҷойгаҳи хобаш гирифта бурданд, шикоят мекунам».
Воқеаи дигаре, ки соли равон сару садои зиёдро ба бор овард марбут ба лату кӯб шудани сарбози қаторӣ Шаҳбол Мирзоев буд. Гуфта мешавад, ки 8 марти соли 2014 Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, мавриди фишори фелдшер Усмоналӣ Ғайратов қарор гирифта, минбаъд фаъолияти мустақилона роҳ гаштанро аз даст дод. Нуқтаи муҳим ин аст, ки кормандони қисмати ҳарбӣ ба нақли ҷабрдида, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, кисирри ин қазияро ба касе намегӯяд, ӯро ба беморхона интиқол додаанд. Шаҳбол Мирзоев вобаста ба ин қазия гуфта буд, ки «дандонам дард кард ва ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ рафтам. Аз он тараф омадан дар ҳавлӣУсмон Ғайратов, сарбоз маро бардошта ба замин зад. Дигар дасту пойҳоям аз ҳаракат монд. Вай ба болоям баромад. Ҳарчанд гуфтам, ки дасту поям қувват надорад, касе маро гӯш накард. Маро ба дохил дароварда, чанд нафари дигар ба пойҳоям оби ҷӯш рехтанд, лезва заданд, сӯзан заданд, ки ҳис мекунам ё не. Ман дигарҳиснамекардам».
Мақомоти прокуротура вобаста ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, 19 июнд Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе сарбози нирӯҳои марзбонии ТоҷикистонУсмоналӣ Ғайратовро барои бадрафторӣ бо сарбози марзбонШаҳбол Мирзоев ба мӯҳлати 9 сол равонаи зиндон кард. Ба назари таҳлилгарон мушкил он аст, ки дар чунин ҳолатҳо мақомот маблағи табобати сарбозони маъюбшударо ба ӯҳда намегиранд. Гуфта мешавад, ки ҳарчанд дар аввал мақомоти Сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон ваъда доданд, ки масрафоти табобат ва амали ҷарроҳии Шаҳболро пардохт мекунанд, аммо баъдан аз харҷи маблағ барои ҷарроҳии сарбози маъюбшуда, Шаҳбол Мирзоев худдорӣ карданд. Шаҳбол Мирзоев то кунун фаъолияти мустақилона роҳ гаштанро надорад ва зоҳиран ин қазия аз назарҳо канор мондааст. Аммо Дилрабо Самадова, Сарвари иҷроияи дафтари Озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун тафтишот дар хусуси қазияҳои марбут ба марг ва маъюб шудани сарбозон идома дорад. Масалан, мегӯяд ӯ, парвандаҳои Шаҳбол Мирзоев, Акмал Давлатов, Мақсуд Носиров ва дигарон то кунун дар ҷараёни тафтишот қарор доранд. Дилрабо Самадова мегӯяд, ки эҳтимол солҳои қабл низ чунин ҳодисаҳо буданд ва кормандони қисми ҳарбӣ аз расонаӣ шудани хабар ҷилавгирӣ мекарданд, зеро сол то сол маъюб шудан ва ё фавтидани сарбозон бештар ба назар мерасад. Ӯ ба ин бовар аст, ки имрӯз ҳам зуроварӣ нисбат ба сарбозон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ вуҷуд дорад.
- Мушкилӣ дар он аст, ки бештари вақт мақомоти дахлдор зарари расонидашударо ҷуброн кардан намехоҳанд. Аз тарафи дигар, мақомот намехоҳанд, ки қумандонҳои қисмҳои ҳарбӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Сарбозон бояд дар чунин ҳолат ба падару модар ва мақомотҳои дахлдор муроҷиат кунанд. Масалан, Фирдавс Раҳматов ба падараш қаблан гуфта будааст, ки ӯро мезананд. Аз тарафи дигар, мувофиқи қонунгузорӣ бояд ҳар саҳари рӯз нафарони масъул бадани сарбозонро бинанд, ки изи зарба дар онҳо намонда бошад,- мегӯяд Дилрабо Самадова.