Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 14 май дар Душанбе нахустин Нақшаи миллии фаъолият дар арсаи ҳуқуқи башари Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Ин санад тартиби иҷрои тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар робита ба гузориши Тоҷикистонро барои солҳои 2013-2015 дар бар мегирад.
Ба гуфтаи муовини раҳбари Дафтари ҳуқуқи башар ва риояти қонунияти Тоҷикистон Тахмина Ҷӯраева, ин авввалин нақшаи миллӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст, ки бар пояи ду гузориши кишвар ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ва роҳнамоиҳои он таҳия гаштааст. Хонуми Ҷӯраева мегӯяд, агар ин тарҳ амалӣ гардад, кишвар дар арсаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои ҷиддие ноил хоҳад гашт. Дар он на танҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, балки ҳуқуқҳои иқтисодӣ низ дар маркази диққар қарор ёфтаанд: «Пешниҳоду тавсияҳо дар Нақшаи миллии фаъолият дар арсаи ҳуқуқи башар дида мешаванд, агар дар амал татбиқ гарданд,дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мо ба дастовардҳои назаррасе ноил мешавем.»
Музаффар Ашӯров, мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон зимни муаррифии нақшаи миллӣ гуфтааст, ки ҳадаф аз ин нақша, ки барои бори аввал таҳия мешавад, таҳким низоми миллии ҳимоят ва ташвиқи ҳуқуқи инсон аз тариқи чорабиниҳои вижа бо тамаркуз ба ислоҳи қонунгузорӣ ва таҷрубаи таъмини иҷрои қонунҳост.
Наргис Зокирова, мудири Дафтари ҳуқуқи башар ва мурооти қонунияти Тоҷикистон Нақшаи миллиро маҳсули заҳмати мушатараки мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ номид, ки ҷониби давлатро ба иҷрои тавсияҳои кишварҳои узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ӯҳдадор мекунад. Хонум Зокирова гуфтааст, “чанд тавсияе ҳанӯз боқӣ мондааст, ки Тоҷикистон қабул надорад, вале мо умедворем, ки ин тавсияҳо, аз ҷумла тавсияи хеле муҳим дар мавриди тасвиби Паймони ҳуқуқи маълулон ба зудӣ пазируфта хоҳанд шуд.”
Музаффар Ашӯров то ҳол тасвиб нашудани ин Паймони байналмилалиро ба мушкилоти моддиву фаннӣ бастагӣ дод, вале гуфт, “ин ба маъное нест, ки ҳукумат ин масъаларо сарфи назар карда бошад. Мо кӯшиш мекунем, ки роҳи ҳаллашро пайдо кунем.” Паймони ҳуқуқи маълулон аз ҷумла сохтани роҳҳои махсуси безина дар даромадгоҳи биноҳои маъмурияву истиқоматӣ барои афроди маълулро тақозо мекунад. Мушкили дигар, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, таҳияи имкони баробари таҳсил барои кӯдаконест, ки имконияти маҳдуд доранд.
Тоҷикистон гузориши умумии давраияш дар бораи вазъи ҳуқуқи башарро моҳи октябри соли 2011 ва моҳи марти соли 2012 дар Женева ба ин ниҳоди зисалоҳи СММ муаррифӣ карда буд. Ба навиштаи “Азия Плюс”, дар пайи баҳси ин гузориш аъзои Шӯрои ҳуқуқи башар ба давлати Тоҷикистон дар маҷмӯъ 143 тавсия додаанд, ки Душанбе аз ин миён 106 тавсияро пурр ва 7 тавсияи дигарро “қисман” пазируфтааст. Кишварҳо бояд ҳар 4 сол гузориши умумии давраӣ дар бораи вазъи ҳуқуқи башарро ба ин ниҳоди СММ ироа кунанд.
Намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки бояд Тоҷикистон дар заминаи риояти ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон низ иқдомоти ҷиддӣ рӯи даст бигирад. Ин аст, ки Гулчеҳра Раҳмонова, намояндаи Маркази ҳуқуқи кӯдак, дар ҷараёни муаррифии нақшаи миллии ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба зарурати таъсиси низоми алоҳидаи додгоҳӣ барои ноболиғон таъкид кардааст. Дар бисёре аз кишварҳои дунё додгоҳи ноболиғон дар алоҳидаги амал мекунад. Хонум Раҳмонова гуфт, «шахсан барои ман он пешниҳодҳое шавқоваранд, ки ба ҳуқуқи кӯдакон рабт дорад. Боз махсусан он пешниҳодҳое, ки дар мавриди меҳнати кӯдакон садо доданд. Аммо чизи дигари шавқовар пешниҳоди таъсиси додгоҳи алоҳида барои ноболиғон аст.»
Он 106 тавсияи СММ, ки аз ҷониби Тоҷикистон пазируфта шуда, тартиби иҷрояшон дар се соли оянда дар нахустин Нақшаи миллӣ омадааст, масоили мухталиферо дар бар мегираед:
- таъмини озодии матбуот
-соддаву шаффофтар кардани тартиби додани муҷаввизи пахши барномаҳо
-тасвиби протоколи дувуми паймони манъи ҳукми қатл
-таҳияи стратегияи миллӣ дар масъалаи муҳоҷират
-тазмини озодии мазҳаб ва иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ тавассути мубориза бо тамоми анвоъи табъизи ақалиятҳои динӣ
-таъсиси механизми мустақили баррасии шикоёти боздоштшудагон
-беҳтар кардани ҳимояти ҳуқуқи маҳбусон
-таҳкими мубориза бо шиканҷаву бадрафторӣ ва таҳқиқи билофосилаву қобили эътимоди мавридҳои шиканҷа ва марги боздоштшудагон
- таъмини дастрасии атфоли хонаводаҳои осебпазир ба таҳсил
-тақвияти талошҳо барои мубориза бо бекорӣ
-таъмини дастрасии мардум ба оби пок ва ғ.
Ҳам намояндагони давлат ва ҳам фаъолони ҷомеи шаҳрвандӣ мегӯянд, агар ин барнома иҷро шавад, Тоҷикистон дигар дар масъалаи ҳуқуқи инсон дар нишастҳои Созмони Милал мавриди танқид қарор нахоҳад гирифт.