Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Наздикони марди 25-солае, ки ба иддаои онҳо қурбони шиканҷа шуда дар боздоштгоҳи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир соли 2015 ҷон додааст, аз додгоҳ талаб доранд, ки қазияи ӯ ҳамаҷониба ва мунсифона баррасӣ шавад. Модари Шамсиддин Зайдуллоев аз тариқи додгоҳ тақозо кардааст, ки парвандаи марги писараш аз нав тафтиш шавад. Ӯ иддао кард, ки писараш дар боздоштгоҳи оҷонсӣ латукӯб шуда ва пас аз панҷ рӯзи боздошт ҷон дод.
Тоҷинисо Каримова рӯзи панҷшанбеи 27 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бовар дорад писари 25-солааш бар асари шиканҷа дар боздоштгоҳи муваққатии Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон ҷон бохтааст. Шамсиддин Зайдуллоев, ронандаи таксӣ дар шаҳри Душанбе 8 апрели соли гузашта аз ҷониби кормандони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда ва пас аз 5 рӯзи боздошт даргузашт. Масъулини оҷонсӣ моҳи апрели соли 2015 сабаби марги Шамсиддинро - "хуруҷи мӯътодӣ" унвон карда гуфтанд, ки ӯ нахост аз муоинаи духтур гузарад ва дар пайи "ломка" дилаш аз кор монд.
Вале модари марҳум ба ин фарзия бовар надорад ва мегӯяд, ки ба ҳангоми шустани ҷасади писараш дар бадани ӯ захмҳои мухталиф ошкор шуда ва як қабурғааш шикаста буд. Қисматҳои дасту по ва сару гарданаш ҷароҳат дошта ва пӯсташ сиёҳ шуда буд. Ҷароҳатҳои бадани ҷасад аксбардорӣ шуда ва барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод шуд ва бар асоси ин далел, парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 143, прим. 1, яъне “шиканҷа” боз гардид.
Додситонӣ: Шиканҷа не, пневмония буд
Саймӯъмин Кабиров, вакили дифои хонаводаи Шамсиддин Зайдуллоев гуфт, ки барои мушаххас кардани сабабҳои марги Шамсиддин 3 маротиба ташхиси тиббию судӣ анҷом шуда ва дар ташхиси ниҳоӣ, иллати марги ӯ бемории сармохӯрдагии дуҷонибаи шуш ё “пневмония” арзёбӣ шудааст. 23 декабри соли гузашта бар асоси натиҷаҳои ин ташхис муфаттиши Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноиро қатъ кард.
Пас аз шикояти Тоҷинисо Каримова аз болои ин тасмими Додситонии кулл, додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қазияи тафтиши дубораи ин парвандаро ба баррасӣ гирифт. Қарор буд, муҳокимаи додгоҳӣ рӯзи 27 октябр баргузор мешуд, вале ба гуфтаи Луқмон Раҷабиён, додраси додгоҳи ноҳияи Сино, ба далели дастрас нашудани асноди зарурӣ аз Додситонии кулл, баррасии ин қазия ба таъхир афтодааст.
Саймӯъмин Кабиров мегӯяд, ки асноду далелҳои мӯътамад дар мавриди марги иҷбории Шамсиддин Зайдуллоев мавҷуд аст ва умедвор аст, ки додгоҳ қарори Додситонии кул дар бораи қатъи ин парвандаро бекор карда ва ин ҳодисаро ба тафтиши нав равона хоҳад кард.
Исботи шиканҷа осон нест
Масъалаи аслии ин қазия, ба қавли хешовандон, эътирофи шиканҷа шудани писар дар боздоштгоҳ ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҳодиса аст. Фаъолони ҳуқуқи башар, ки масъалаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро як мушкили ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд, мегӯяд, масъалаи асосӣ ин аст, ки дар бисёр ҳолатҳо мақомот омода нестанд вуҷуди шиканҷа ва азияти боздоштшудаҳоро эътироф кунанд. Аз сӯи дигар, мегӯянд фаъолон, исботи вуҷуд доштани шиканҷа кори сахт аст, чунки ин ҳодисаҳо маъмулан бо ҳадафи эътирофи гуноҳ ва пушти дарҳои баста рух медиҳанд ва боздоштшудаҳо ва вакилони дифои онҳо имкони анҷоми судию тиббии ин ҳодисаҳоро надоранд.
Дар ҳамин ҳол, мавзӯи вуҷуди шиканҷа ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз он дар боздоштгоҳ ва ё зиндонҳои Тоҷикистон муассисаҳои Душанбе бо ширкати намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия, Додситонии кулл, Додгоҳи олӣ, Додгоҳи шаҳри Душанбе ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар як нишаст дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 27 октябр ҷараён гирифт.
Омори мақомот ва фаъолон як нест
Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди шиканҷа дар боздоштгоҳҳои кишварро эътироф намекунанд, то замоне, ки ин қазияҳо ба додгоҳ роҳ наёбанд. Вале масъала ин аст, ки на ҳамаи қазияҳо ё шикоятҳо то додгоҳ мерасанд - Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон мегӯяд, баррасии шиканҷаи боздоштшуда аз ҷониби ходими ҳифзи ҳуқуқ ба обрӯву манзалати мақомот латма мезанад ва онҳо манфиатдор нестанд, ки ин қазияҳоро ба қайд гиранд ва аз пайи таҳқиқу муҷозоти омилонаш шаванд.
Ба гуфтаи Шароф Аланазарзода, додраси шаҳри Душанбе, баъд аз ворид шудани тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ва таъини ҷазо барои шиканҷа дар соли 2012, то ба ҳол дар додгоҳи Душанбе 3 парвандаи марбут ба шиканҷа муҳокима шуда ва мансабдорони давлатӣ барои истифода аз шиканҷа муҷозот шудаанд. Аммо ӯ аз шарҳи ҷузъиёти ин парвандаҳо, шахсияти айбдоршудагон ва муддати ҷазои онҳо, худдорӣ кард.
Аз сӯи дигар, Исматулло Абдураҳимзода, додситони калони шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар ҷойи ҳабси пешакӣ ва адои ҷазои ҷиноятии Додситонии кулл хабарҳо дар бораи вуҷуди шиканҷа дар маҳбасҳои кишварро рад карда ва гуфт, то ҳол дар ин замина аз маҳбусҳо ё оилаҳои онҳо шикояте нарасидааст.
Омори созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар ин замина дигар аст: то моҳи июни соли ҷорӣ Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон дар заминаи 37 ҳодисаи истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳои кишвар шикоят дарёфт кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар зиёд будааст. Дар соли гузашта 45 ҳодисаи шикоят аз шиканҷа ба дасти онҳо расидааст. Аз ин ҷумла, 15 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздикони худ дар тафтишоти аввалия ва волидайни сарбозони аз зӯроварӣ ба фарзандони худ дар хидмати ҳарбӣ хабар додаанд.
Ҳамза Икромзода, Садриддин Тошев...
Пурсарусадотарин қазияҳои марбут ба шиканҷаи маҳбусон соли 2012 ба матбуот роҳ ёфт. Он замон хешовандони Ҳамза Икромзода, як маҳбуси шаҳри Душанбе шикоят карданд, ки фарзандашон дар паи латукӯби бераҳмона дар зиндон ҷон дод. Додситонии кулл гуфт, ки Икромзода даст ба худкушӣ зад, вале хешовандонаш ин фарзияро комилан рад карданд. Бархе зиндониёни дигари мисли Садриддин Тошев, ки аз ҳодисаҳои шиканҷа дар зиндон лаб кушоданд, баъдан дар ҳузури журналистон аз дохили зиндон аз суханҳои худ даст кашиданд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки барои роҳ надодан ба шиканҷаву азияти зиндониҳо тамоми тадбирҳоро меандешанд, аз ҷумла, аз рӯи тавсияҳои Ҳуан Мендес, гузоришгари вижаи СММ дар масоили шиканҷа, ки ду соле қабл аз Тоҷикистон дидан карда буд, дар боздоштгоҳу утоқҳои зиндон дурбинҳои назоратӣ насб карда, додрасҳою додситонҳоро дарси махсуси зидди шиканҷа медиҳанд.
Моҳи апрели соли 2012 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар паёми солонаи худ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард, ки “ба усулҳои нораво ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандҳои ҷиноятӣ роҳ надиҳанд.” Моҳи апрели ҳамон сол ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои бори аввал банди алоҳидаи “шиканҷа” ворид ва ба омилони навъҳои мухталифи шиканҷа ҷазо таъйин гардид.