«Табибон барои ҳуқуқи инсон»: Мо ба тағйироти мусбат дар Тоҷикистон бовар дорем

«Табибон барои ҳуқуқи инсон»: Мо ба тағйироти мусбат дар Тоҷикистон бовар дорем

Ҳафтаи гузашта коршиносони байнулмилалии созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон» аз ИМА ва Гурҷистон Винсент Ҷакопино ва Русудан Бериашвили аз Тоҷикистон боздид карда, барои табибони зинаи аввал, равоншиносон, коршиносони судиву тиббӣ ва адвокатҳо оид ба масоили ҳуҷҷатгузории дуруст ва муассири далелҳои шиканҷа аз ҷониби кормандони тиббӣ дар марҳилаи тафтиши ҷиноии боздоштшудагон ва маҳбусон тренинги омӯзишӣ баргузор намуданд.

Трениги чаҳоррӯза, ки аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсони ҶТ» бо дастгирии Шуъбаи Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон созмон дода шуд, барои аз наздик ошно гардидани мутахассисон бо тарзу усулҳои асосии тафтиши пурсамар ва ҳуҷҷатгузории маълумот оид ба далелҳои истифодаи шиканҷа равона гардида буд.

«Дар Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона тадбирҳо, аз ҷумла дар самти қонунгузорӣ чораҳо андешида шудаанд, вале риоя нагардидани ҳуқуқи инсон ҳам аз замони боздошт ва ҳам дар давраи иҷрои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ идома доранд», - мегӯяд ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мусоидат ба ҷорисозии принсипҳои Истанбул дар фаъолияти коршиносони судиву тиббӣ» Парвина Наврӯзова.

Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи тафтишоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бозгӯи он аст, ки заминаи исбот ҳангоми ошкор сохтани ҷиноят асосан баёноти тасдиқкунандаи шахсони боздоштшуда мебошад, ки қисмате аз онҳо тариқи истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона ба даст оварда шудаанд.

Наврӯзова мутмаин аст, ки дар қонунгузорӣ аз замони боздошт бояд кафолати ҳуқуқӣ, аз ҷумла тадбирҳои саривақтӣ ва пурсамар дар дастрасӣ ба муоинаи тиббӣ, табибони мустақил бо дархости боздоштшуда бидуни зарурати иҷозати иловагӣ ё талабот аз шахсони расмӣ пешбинӣ гардида бошанд. Бо мақсади риояи кафолати ҳуқуқии боздоштшудагон ва сабти саривақтиву баҳодиҳӣ ба далелҳои исботи шиканҷаи ҷисмонӣ ё равонӣ, таъмини баргузории муоинаи тиббии боздоштшудагон ё маҳбусон аз ҷониби коршиносони давлатии судиву тиббӣ ё табибони беморхонаҳои шаҳрӣ бар асоси қарори расмии прокуророну судяҳо хеле муҳим аст.

«Ба иллати мавҷуд набудани меъёрҳои танзимкунандаи тартиби ташкил ва баргузории ташхиси ғайридавлатии судиву тиббӣ ва ҳамчунин табибони варзидаи дорои таҷрибаи баҳодиҳӣ ба истифодаи шиканҷа, таъсиси хадамоти ғайридавлатии ташхиси судиву тиббӣ ғайриимкон аст», - шикоят мекунад Наврӯзова.

Маҳз бо ҳамин сабаб коршиносон мутмаинанд, ки дар ин робита мутахассисонро бо меъёрҳои Протоколи Истанбул оид ба муоинаи аввалияи шахсони боздоштшуда мебояд аз наздик ошно кард, то ки ба боздоштшудагон ва адвокатҳои онҳо барои интихоби табиб ё муассисаи тиббӣ ҷиҳати муоинаи тиббӣ ҳуқуқ дода шавад.

Протоколи Истанбул дастури самараноки тафтиш кардану санадсозии далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву муҷозот мебошад. Дар он принсипҳои роҳбарикунандаи баҳогузории вазъи ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷаву муносиботи бераҳмона, ҳамчунин пешниҳоди натоиҷи чунин баҳогузорӣ аз ҷониби мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки барои тафтиши далелхои шиканҷа масъуланд, зикр ёфтаанд.

Протоколи Истанбул – ин натиҷаи заҳмати сесолаи кори таҳлилии 75 коршиноси соҳаи тиб ва ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 40 ташкилоту муассисаи 15 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд. Соли 1999 санади мазкурро СММ ба мақсади ба мамлакатҳо додани дастури амалии санадсозии самараноки далелҳои шиканҷа қабул кардааст. Протоколи мазкур имкон медиҳад, ки далелҳои шиканҷа ва муносиботи бераҳмона ба хотири таъмини адолати судӣ ошкору ифшо карда шаванд.

Принсипҳои протокол (ҳамчун «Принсипҳои Истанбул» маъруф аст) таҳияи меъёрҳои ҳадди ақалро дар бар мегиранд, ки одатан аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар қазияҳои миллӣ ва байналмилалӣ барои баҳогузории собит кардани шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи ҷисмониву равонӣ истифода мешаванд.

Табиби равоншинос Ҷамила Муҳиддинова ба мушкилоти дигар - мавҷуд набудани равоншиносни соҳибкасб, ки ба баргузории ташхиси ҷабрдидагон аз шиканҷа мувофиқи Протоколи Истанбул қодир бошанд ва мавҷуд набудани меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи тартиботи баргузории ташхиси равонӣ ишора кард.

«Коршиносони судиву тиббӣ ба таври кофӣ бо методикаи баргузории баходиҳии равонӣ ошно нестанд. Баргузор намудани ташхиси судиву тиббии маҷмӯавӣ оид ба парвандаҳои марбут ба делелҳои истифодаи шиканҷа, аз ҷумла бо ҷалби равоншиносн хеле муҳиму рӯзмарра аст», - мегӯяд табиби равоншинос.

Директори Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббӣ Яҳё Одинаев бар ин назар аст, ки иҷрои муқаррароти Протоколи Истанбул дар Тоҷикистон ба воқеият табдил меёбад. «Айни замон дар ҳамдастӣ бо ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷорисозии меъёрҳои Протоколи Истанбул ба таҷрибаи судиву тиббӣ мавриди таҳия қарор дошта, ҳамчунин бозбинии тамоми асноди меъёриву ҳуқуқӣ ва мутобиқгардонии он ба меъёрҳои байнулмилалӣ дар назар аст», - иброз дошт ӯ.

Одинаев мутмаин аст, ки эътирофи ҳуҷҷат аз ҷониби ҳукумати ҶТ аллакай нишондиҳандаи мушаххаси иродаи ӯ аст, ки шарти асосӣ барои бунёди таҳкурсӣ ва амалисозии лоиҳа мебошад. «Кори боқимонда вақтро тақозо мекунад ва фикр мекунам, ки бо кӯшишҳои муштарак кишвари мо дар ҷорисозии талаботи Истанбул ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳад гардид», - мутмаин аст директори Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббӣ.

Барои огаҳӣ ёфтан аз андешаҳои коршиносони байнулмилалии созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон» дар бораи вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон, тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон ва таҷрибаи дигар кишварҳо дар ин самт хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бо онҳо ҳамсуҳбат шуд.

Доктори улуми тиббӣ, сармушовири тиббии шуъбаи амрикоии созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон» Винсент Ҷакопино:

- Ҳадафи асосии тренинги Душанбе кӯмак баҳри хотима бахшидан ба таҷрибаи истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароит барои минбаъд ғайрримкон гардидани онҳо аст. Созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон» дар ИМА воқеъ буда, қариб муддати 15 сол мо дар ин самт фаъолият доррем. Баҳри роҳандозии меъёри байнулмилалии ҳуҷҷатгузории пурсамари далелҳои шиканҷа мо кӯшишҳои зиёд ба харҷ додем. Барои ҳуҷҷатгузории пурсамари чунин ҳолатҳо мо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон корҳои зиёде ба сомон расонидем. Аллакай соли сеюм аст, ки мо дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон фаъолият дорем, то ки ин ҳуҷҷати байнулмилалӣ бо номи «Протоколи Истанбул» ва принсипҳои асосии онро дар таҷрибаи ин кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷорӣ созем.

Самтҳои асосии фаъолият дар Тоҷикистон аз фароҳам овардани имконоти тоза, аз ҷумла имконоти техникӣ барои коршиносони судиву тиббӣ ва ҳамчунин ҷорисозии тағйирот дар қонунгузорӣ иборат аст.

Дар ин ҷо мо бо Маркази ҳуқуқи инсон, Шуъбаи Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ, Прокуратураи генералӣ, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббии ҶТ ҳамкорӣ дорем, то барои омӯзиши коршиносон бо тарзҳои кор тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ шароитҳои мусоид муҳайё карда шавад.

- Ҳамчун коршиноси байнулмилалӣ, ки аллакай чандин сол дар Тоҷикистон фаъолият доред, амалҳои ҳукумат дар ин самтро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Мебояд гуфт, ки айни замон дар Тоҷикистон маҳз чунин марҳилаи таърихие фаро расидааст, ки барои аз байн бурдани таҷрибаи истифодаи шиканҷа метавон ба тағийроти муҳим даст зад. Ҳукумат иқдомоти зиёди мусбатро рӯйи даст гирифт ва аз ҳама муҳимаш – дар сатҳи баланд мавҷуд будани шиканҷаро эътироф намуда, ҷонибдории худ дар мубориза бо ин падидаро тасдиқ кард. Бозбинии ҳуҷҷатҳои байнулмилалие сурат гирифтанд, ки барои тағйироти мусбат дар кишвар аз аҳамияти вижа бархӯрдоранд. Ман нишонаҳои муҳими ҳамкории мусбати ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ дар ин самтро мушоҳида мекунам.

Гуфта наметавонам, ки сарфи назар аз ин ҳама, ҳоло дигар мушкилоте вуҷуд надорад, ки баҳри рафъи он мебояд заҳмат кашид. Дар даст доштани дастури амал дигар асту ҷорисозии он кори дигар, то ки гунаҳкорон муҷозот шаванду аз ин таҷриба пешгирӣ шавад ва аз болои ҳамаи ин мебояд назорат бурд. Мо дар ин ҷо баҳри он фаъолият дорем, ки ба тағйироти мусбат боварӣ дорем, дар акси ҳол умуман ба Тоҷикистон намеомадем ва маҳз барои ин боварӣ мо ин ҷо фаъолият дорем.

- Ба андешаи Шумо, барои пешбурди ҷорисозии Протоколи Истанбул дар ҷумҳурии мо чӣ гуна мушкилоти асосӣ вуҷуд дорад?

- Мушкилоти асосиву бузургтарин мавҷуд набудани механизми тафтиши далелҳои шиканҷа аст, ки ба пурсамар ошкор намудани ин омилҳо имкон намедиҳад. Гап сари он аст, ки системаи шумо ба мавҷуд будани нишондодҳои эътирофи гуноҳ асос ёфтааст, ки ба истифодаи шиканҷа боис мегардад.

Дар баробари аз нерӯи пурқудрат бархӯрдор будани мақомоти прокуратура, ҷабрдидагон аз шиканҷа ба муроҷиати саривақтӣ ба адвокатҳо ва дастрасӣ ба натиҷаҳои ташхиси тиббӣ имкон надошта, худи коршиносон бошанд, аз таҷрибаи зарурии касбии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалӣ бархӯрдор нестанд. Яъне мо бо омилаҳои гуногуне сарукор дорем, ки низоми омода набудан ба тафтиши чунин ҳолатҳоро возеҳ месозанд. Ғайр аз ин, вазъи аз муҷозот озод будан огаҳӣ ба он аст, ки шахсидар шиканҷа дастдошта ба амалҳои худ идома бахшида метавонаду ҳеҷ касе ӯро назорат намекунад. Ва албатта, дар навбати аввал зарур аст, ки қонун барои ҳама ягона бошад, то ки одамон дар назди қонун баробар будани ҳамарову аз ҷониби қонун ҳимоят шуданашонро эҳсос намоянд. Албатта, ин раванди хеле душвор аст.

- Шумо дар бораи миқёси истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон маълумот дар даст доред?

- Чунин маълумот аз ҷониби Гузоришгари махсуси СММ зимни сафари соли гузаштаи ӯ ба Тоҷикистон ҷамъоварӣ гардида буданд, ки ба маълумотҳои Прокурори генералӣ асос ёфтаанд. Дар кори худ мо ба ҳамин маълумотҳо такя мекунем. Прокуратураи генералӣ дар бораи даҳҳо чунин ҳолат, на бештар аз сад далел маълумот медиҳад. Аммо ман бар ин назарам, ки ин шумор бамаротиб бештар буда, шояд ҳазорҳо ҳолатро ташкил диҳад. Аксари ҷабрдидагон аз шиканҷа шикоят намекунанд, зера ба низоми адолати судӣ эъьтимод надоранд ва аз мавриди бештар мавриди шиканҷа қарор гирифтан меҳаросанд. Шояд ман ҳам агар дар ҷойи онҳо мебудам, бинобар сабаби тарс аз низом ба ҳеҷ ҷое шикоят намебурдам.

Русудан Бериашвили, достсенти кафедраи тибби судии Донишгоҳи давлатии Тифлис, коршиноси созмони байнулмилалии «Табибон барои ҳуқуқи инсон»:

- Гурҷистон аллакай муддати 10 сол аст, ки Протоколи Истанбулро ҷорӣ намуд, вале ин як ҳуҷҷати хеле серамал буда, мебояд мудом пайгирӣ намуд, то ки ба самти дуруст равона бошӣ.

- Яқин, дар муддати беш аз 10 сол бояд пешрафти муайяне ба даст омада бошад?

- Албатта, пешрафт ба мушоҳида мерасад. Агар доир ба таҷрибаи ҷорисозии Протоколи Истанбул дар Гурҷистон ҳарф занем, мо кӯшиш кардем, ки дар самтҳои гуногун, аз ҷумла тағйирот дар қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳамарӯзаи табибон, коршиносони судиву тиббӣ ва равоншиносон фаъолиятро роҳандозӣ кунем. Мо ба тағйироти зиёд ноил гардидем. Воқеъан бошад, ба қонунгузорӣ тағийроте ворид шуд, ки айни замон ба мо барои гузаронидани тафтиши парвандаҳо ва ҳуҷҷатгузорӣ тибқи принсипҳои Протоколи Истанбул имкон фароҳам овардаанд. Дар таҷрибаи мо аллакай ҳолатҳое буданд, ки парвандаҳо бар асоси принсипҳои Протоколи Истанбул мавриди тафтиш қарор гирифта, ба Суди Аврупо ирсол ва адолат барқарор гардида буд.

Бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар мақомоти пулиси мо мавридҳои шиканҷа ҷой надоранд ва мушкилоти асосӣ дар маҳбасҳо мавҷуд аст. Тамоми ҷомеаи байнулмилалӣ огаҳ аст, ки соли гузашта сабтҳои пурсарусадои видеоӣ аз зиндони Тифлис ба маърази тамошои умум гузошта шуданд, ки ба тағйирот дар ҳайати ҳукумат ва як қатор истеъфоҳо боис гардиданд. Ҳамагӣ чанд соле пеш мо умуман дар бораи шиканҷа сухан ба забон оварда наметавонистем ва рӯйдоду воқеъаҳои паси деворҳои зиндон мавзӯи пӯшидаву дастнорас шуморида мешуд. Айни замон дар Гурҷистон мавзӯъҳои пӯшида қариб вуҷуд надоранд, бахусус дар масъалаи истифодаи шиканҷа. Одамон дар ин хусус озодона сухан гуфта, оид ба шиканҷа тасаввуроти дуруст доранд. Ин яке аз мавзӯъҳои баррасишаванда дар Гурҷистон буда, мардуму ҷомеа ва ҳукумат дар ин масъала ошкору шаффоф муҳокимаронӣ мекунанд. Шояд маҳз ҳамин вазъ самараи мусбат ва муҳим ба туфайли ҷорисозии Протоколи Истанбул бошад.

- Зимни боздид аз Душанбе Шумо дар Вазорати тандурустӣ, Прокуратураи генералӣ ва Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббӣ вохӯриҳо доштед. Таассурот аз вохӯриҳо чӣ гуна аст?

- Тааасурот хеле мусбат. Муддатҳои зиёд пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мо бо ҳамтоёни тоҷики худ робита надоштем. Ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти коршиносони судиву тиббӣ ба ҳуҷҷатҳои мо хеле монанданд. Ин ба ман ҳамчун коршинос имкон дод, ки машварат диҳаму аз таҷрибаи худ мисолҳо орам. Аз бинои нави ташхиси судиву тиббии ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ таассуроти хеле хуб бардоштам. Ин ҷо метавон бисёр корҳоро анҷом дод, муҳимаш арои харидани таҷҳизот ва дигар лавозимоти зарурӣ маблағ бошад.

Азия-Плюс