Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Маълумотнома дар бораи ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба мубориза бар зидди шиканҷа тибқи тавсияҳои Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа ва Гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа ва дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф Хуан Мендез дар нимсолаи дуюми соли 2014.
Оид ба иҷрои банди 1 Нақшаи чорабиниҳо доир ба мубориза бар зидди шиканҷа тибқи тавсияҳои Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа ва Гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа ва дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф Хуан Мендез Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иттилоъ дод, ки 16 апрели соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 1431 илова карда шуда, ҷавобгариро барои шиканҷа пешбинӣ намуд. Вобаста ба ин ва бо мақсади таъмини дуруст ва татбиқи якхелаи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқ озодиҳо ва дахлнопазирии шахс, шаъну шарафи инсон ва шаҳрвандро таъмин менамоянд, инчунин ба тариқи дахлдор иҷро намудани уҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намуди муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бармеояд, қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» аз 25 июни соли 2012 қабул карда шуд.
Вобаста ба зербанди 1 банди 2 Нақшаи чорабиниҳо доир ба мубориза бар зидди шиканҷа тибқи тавсияҳои Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа ва Гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа ва дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф Хуан Мендез Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иттилоъ дод, ки бо мақсади гузаронидани экспертизаи мустақил, бартараф намудани таъсири идоравӣ, назорати ягонаи методӣ аз болои сифати экспертизаҳои судӣ, ташкили корҳои илмию тадқиқотӣ ва ҳамоҳангсозии кор бо муассисаҳои экспертии давлатҳои ИДМ ва Авроосиё, хоста гирифтани кормандон аз рӯйи ихтисос, таҷрибаи корӣ ва хусусияти фаъолият, баланд бардоштани сатҳ ва сифати ташкили экспертизаи судӣ, ҳамчунин ҷиҳати роҳ надодан ба хатогиҳо дар фаъолияти мақомоти таҳқиқу тафтиш ва суд марбут ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон хулосаҳои мақомотҳои дахлдорро ҷамъ оварда, ба гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 пешниҳод кард, ки айни замон пешбинӣ намудани таъсиси ниҳоди мустақили экспертизаи судию тиббӣ дар доираи Барнома мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад.
Вобаста ба зербанди 2 банди 2 Нақшаи чорабиниҳо доир ба мубориза бар зидди шиканҷа тибқи тавсияҳои Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа ва Гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа ва дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф Хуан Мендез Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иттилоъ дод, ки айни ҳол аз ҷониби Вазорат омӯзиш ва таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар масъалаи экспертизаи судӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин Вазорат омӯзишро на танҳо ҷиҳати таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи судии тиббӣ», балки масоили таъсиси мақоми мустақили ягонаи экспертизаҳои судиро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Бо ин мақсад таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд. Муайян гардид, ки дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Белорус ва Ҷумҳурии Қазоқистон айни замон таҳияи лоиҳаи чунин қонун мавриди омӯзиши мутахассисони соҳаи тиб қарор дорад.Ҳамзамон то ҳол дар дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин қонун қабул нашудааст. Масъалаи таҳия ва қабули чунин қонун таҳлили ҳаматарафаи соҳавиро талаб карда, Вазорати адлия пешниҳод намуд, ки лоиҳаи санади мазкур аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад.
Доир ба банди 2.4-и Нақша дар бораи ба роҳ мондани системаи баҳисобгирии омор оид ба арзу шикоятҳои истифода гардидани шиканҷа, таҳлили натиҷаҳои аризаҳои дида баромадашуда бо нишон додани сабабҳои рад кардан ва ба суд ирсол намудан Суди Олӣ дар раёсати арзу шикоятҳо ва шуъбаи марҳилаи якум ва ҳисоботҳои омории Суди Олӣ варақаҳо ва маҷаллаҳои махсуси оморӣ таҳия намуда, ҳар як муроҷиат оид ба истифодаи шиканҷаро мавриди таҳқиқ ва санҷиши ҳаматарафа қарор медиҳад. Тибқи банди 24 қарори Пленуми Суди Олӣ аз 25 июни соли 2012 “Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа” ба судҳо тавзеҳ дода шудааст, ки дар сурати агар шикоят дар бораи татбиқи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар мурофиаи судӣ пешниҳод гардида бошад, онҳо вазифадоранд, ки чораҳои бо қонун пешбинишударо барои фавран баррасӣ намудани он андешида бароянд. Агар барои пурра санҷидани шикоят анҷом додани чораҳое, ки ба салоҳдиди суд дохил намешавад (гузаронидани таҳқиқ ё тафтиш ва ғайра) зарур бошад, суд таъинот, қарор қабул намуда, ба зиммаи прокурор барои ба амал баровардани санҷиши дахлдор бо қайди муҳлати ба суд пешниҳод кардани маводи санҷишӣ вогузор мекунад. Маводи санҷиши шикоят ва қарорҳои мурофиавии аз рӯйи он қабулшуда дар маҷлиси судӣ эълон гардида, ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.
Аз ҷониби Прокуратураи генералӣ Дастури илмию методии “Заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти мақомоти прокуратура оид ба пешгирӣ, ошкор ва таҳқиқу тафтиши шиканҷа” таҳия ва ба чоп расонида шуд, ки дар он механизмҳои миллӣ ва байналмилалии пешгирии шиканҷа ва тарзу усулҳои татбиқи онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура тавзеҳ дода шуданд.
Бо мақсади амалӣ намудани назорат ҷиҳати бақайдгирии саривақтии арзу шикоятҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва аз байн бурдани рафтори ғайриқонунӣ дар ҷараёни таҳқиқу тафтиш дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он телефони “Боварӣ”-и ВКД ташкил гардида, дар муассисаҳои нигаҳдории муваққатӣ ва қисмҳои навбатдории он камераҳои мушоҳидавӣ васл карда шуданд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин банд чунин хабар дод, ки баҳри пешгирии роҳ надодан ба поймол гардидани ҳуқуқи инсон, махсусан дар раванди таъқиби ҷиноятӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, ҳангоми ворид гардонидани дасгиршудагон ба бинои Агентӣ онҳо дар китоби махсус ба қайд гирифта шуда, муҳлати дар бинои Агентӣ нигоҳ доштани онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.
Вобаста ба зербанди 5 банди 2 Нақшаи мазкур Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иттилоъ дод, ки пурсиши дастгиршудагон-гумонбаршудагон дар ҳузури адвокатҳо ба амал бароварда шуда, амалҳои тафтишотӣ ба воситаи техникаи криминалистӣ ба навор гирифта мешавад. Тавқифгоҳи тафтишотии Агентӣ ва утоқи пурсиши он бо видеокамераҳо ҷиҳозонида шуда, шабонарӯз зери назорати навбатдорон қарор доранд, ки ин амал ҳам истифодаи шиканҷа ва дигар намуди муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ва умуман риоя нашудани ҳуқуқи инсонро пешгирӣ мекунад.
Вобаста ба зербанди 6 банди 2 Нақшаи мазкур Вазорати корҳои дохилӣ чунин иттилоъ дод, ки бо мақсади таҳия намудани механизми амалишавии Қунуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ”, ки асосан ба масъалаҳои давлатии марбут ба ҳимояи шахсони зарардида ва шоҳидони ҳолатҳои шиканҷа равона карда шудаанд, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, мудофиа, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти гумрук ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фармоиши якҷоя дар бораи тасдиқ намудани Дастурамал “Дар бораи тартиби татбиқи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дахлдор ва дигар сохторҳо” аз 21 июли соли 2014 таҳти №34 б/з, №55, №221, №171, №1572, №499, №15, №3/1696, №554, №5, №5-538 қабул ва тасдиқ карда шуд.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба зербанди 7 банди 2 Нақшаи мазкур чунин иттилоъ медиҳад, ки оид ба омӯзиши масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” нисбат ба шахсоне, ки бо моддаи 1431 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, дар назди Вазорати адлия гурӯҳи корӣ таъсис ёфт.
Вобаста ба зербанди 8 банди 2 Нақша Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2014 ба моддаи 479 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Рад кардани супоридани шахс барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан”) сархати 4 бо мазмуни зайл илова карда шуд:«- дар бораи дар давлати супоридашаванда мавриди шиканҷа қарор гирифтани шахс маълумот мавҷуд бошад».
Доир ба зербанди 9 банди 2 Нақша, ки ворид намудани меъёрҳои ҷуброни товони зарари моддӣ ва маънавии ҷабрдидагони шиканҷаро ба Кодекси гражданӣ ва Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонахбор дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми 2 моддаи 1086 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мазмуни зайл таҳия шуд: «Зарари ба шаҳрванд бо роҳи шиканҷа, инчунин ба шахси ҳуқуқӣ ё шаҳрванд дар натиҷаи фаъолияти дигари ғайриқонунии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва суд расонидашуда, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар асосҳои умумӣ (моддаи 1084) ҷуброн карда мешавад” ва 3 ноябри соли 2014, таҳти №536/1-2 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Вобаста ба иҷрои зербанди 1 банди 3 Нақшаи мазкур Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иттилоъ дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳо бобати ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ ба имзо расонида шуда, он марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст.
То ба имрӯз бо зиёда аз 12 ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ созишномаҳо баста шуд. Корҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла беҳтар гардонидани шароити моддию маишӣ, фарҳангӣ ва маданӣ, санитарию гигиенӣ, хизматрасонии тиббӣ, ба талабот ҷавобгӯ намудани тартиб ва низом дар муассисаҳо ва тайёрнамоии маҳкумон ба озодӣ идома доранд. Инчунин машғулият бо кормандони муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба масъалаҳои манъ будани истифодаи шиканҷа ва муносибатҳои ғайриинсонӣ дар ҷойҳои нигоҳдорӣ аз озодӣ гузаронида шуда истодааст.
Масъалаи сафедкунии иҷтимоии озодшудагон зери назорати доимӣ қарор дорад ва то ба имрӯз 4 идораи иҷтимоӣ дар ҳудуди муассисаҳои ислоҳӣ, ки таҷрибаи кофиро дар ин самт доранд, кушода шуданд.
Дар заминаи муассисаҳои тиббӣ сохтмони бинои сеошёна барои бемориҳои сил бо ҷойҳои муайян ба охир расонида шуд. Лоиҳа аз тарафи Фонди Глобалии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид маблағгузорӣ карда шуд.
Аз рӯйи барномаи мубориза бо шахсони мубталои нашъагашта бо дастгирии ташкилоти байналмилалии КАДАП Маркази эҳёгарӣ барои шахсони мубталои нашъагашта сохта шуд.
Инчунин бо дастгирии ташкилоти «КАРИТАС-ЛЮКСЕМБУРГ» дар ҳамаи муассисаҳо қисмҳои тиббӣ бо манзилҳо барои беморони табларза бо табобат аз рӯйи барномаи «ДОТС, ДОТС+» таъмир карда шуд, ки ин имконият медиҳад масъалаи муайянкунӣ ва масъалаи табобати ин намуди бемориро ҳал намояд.
Ташкилотҳое, ки бо мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳамкорӣ доранд, инҳо мебошанд:Хазинаи Глобалии СММ, СПИД-ФОНД, Восток-Запад, Намояндагии Фонди Каритас-Люксембург дар ҶумҳурииТоҷикистон, ЮНИСЕФ, Дафтари минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуки кӯдак», ташкилоти байналмилалии DVVinternationalдар Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятии «Вита», «Сино», «Ҳаёти нав», «Дина» ва дигар ташкилотҳое, ки бо онҳо мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳамкориҳои тарафайн дорад. Намояндагони ташкилотҳои номбаршуда дар доираи қонунгузории амалкунанда борҳо аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ дидан намуданд.
Вобаста ба иҷрои зербанди 2 банди 3 Нақшаи зикргардида Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки маблағгузорӣ барои нигоҳдории муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, аз он ҷумла хароҷот барои хӯрок, таъминоти об ва хизматрасонии санитарӣ айни замон беҳтар гардида, сол то сол афзуда истодааст.Мувофиқи таҳлили гузаронидашуда аз соли 2007 то имрӯз маблағгузорӣ барои нигоҳдории муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ зиёда аз се баробар зиёд гардид. Масалан, агар соли 2007 барои таъминоти маводи хӯрокворӣ 4,6 млн. сомонӣ ҷудо гардида бошад, ин рақам дар соли 2014 тахминан 3,5 маротиба гардид. Барои таъминоти инвентари нарм ва либоси махсус соли 2007 1,6 млн. сомонӣ ҷудо гардида буд, ки он соли 2014 тахминан 2 маротиба зиёд гардид.
Бо мақсади тасдиқи меъёрҳои таъминоти озуқаворӣ ва молумулкии шахсоне, ки дар тавқифгоҳи тафтишотӣ нигоҳ дошта мешаванд ва дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо менамоянд, қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тибқи санади мазкур талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба инобат гирифта шуда, баҳри ғизонокӣ ва зиёдшавии андозаи озуқаю хӯрокворӣ, инчунин меъёр ва ҳаҷми он барзиёд карда шуд. Гузашта аз ин, дар санади мазкур нисбати ноболиғон, занҳои ҳомиладор ва навтаваллудкардагон меъёри ғизонокии озуқа, аз ҷумла меъёри маводи ширӣ ва дигар маводи ниёзи инсонӣ (тухм, гӯшт, намудҳои равғанӣ ва ғайра) низ зиёд карда шуданд.
Аз ҳисоби буҷети давлатӣ сохтмони муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 дар шаҳри Ваҳдат идома дошта, ҷудо ва вобаста намудани қитъаи замин барои сохтмони изолятори тафтишотии ЯТ 9/1 дарноҳияи Рӯдакӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аммо дар ин самт мушкилӣ ҷой дорад, зеро дар қитъаи замини номбаршуда хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд.
Вазорат салоҳ мешуморад, ки масъалаи мазкур дар робита ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл карда шавад.
Дар ду соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Хазинаи Глобалии Созмони Милали Муттаҳид дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди муассисаи муолиҷавии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бинои сеошёнаи нави замонавӣ барои касалиҳои сил сохта, ба истифода дода шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014, №739 Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ гардид. Барномаи мазкур имкониятро ба меҳнати музднок ва бо хоҳиши худ ҷалб намудани бештари маҳкумшудагон барои қонеъ гардонидани талаботи худи онҳо, кӯмак расонидан ба оилаашон ва ҷамъоварии пасандози зарурӣ барои ҷобаҷошавии онҳо баъди адои ҷазо фароҳам меорад.
Вобаста ба иҷрои зербанди 3 банди 3 Вазорати адлия чунин иттилоъ дод, ки нақшаи курсҳои таълимии кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тибқи Нақшаи мазкур соли 2013 30 нафар кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба курсҳои таълимӣ, ки ба 2 давра ҷудо карда шуда буд, ҷалб карда шуданд.
Соли 2014 дар Донишкадаи мазкур 15 курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва муносибати онҳо бо маҳкумшудагон аз рӯйи стандартҳои байналмилалӣ гузаронида шуданд.
Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон семинари иттилоотӣ дар мавзӯи: «Стандартҳои байналмилалӣ ва механизмҳои миллии муносибат бо маҳкумшудагон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо» бо иштироки кормандони муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузаронида шуд.
Инчунин дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои солҳои 2013-2014 чорабиниҳои таълимӣ баҳри баланд бардоштани касбияти кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ва омӯзонидани қоидаҳои ҳадди ақали муносибат бо маҳбусон амалӣ шуд.
Дар раванди баланд бардоштани савия ва малакаи касбии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар давоми солҳои 2013-2014 зиёда аз 90 семинару конференсияҳо, мизҳои мудаввар аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил шуда, ба он 300 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаро гирифта шуданд.
Аз 90 семинару конференсияҳо ва мизҳои мудаввари гузаронидашуда қисме аз онҳо ба Қоидаҳои СММ, ки ба муомила нисбат ба занони маҳкумшуда ва татбиқи чораҳои ҷазодиҳӣ ба занони ҳуқуқвайронкунанда дахл доранд ва ҳамчун «Қоидаҳои Бангкок» маъмуланд, бахшида шуда буданд.Аз он ҷумла, САҲА ва ташкилоти байналмилалии DVV international дар Точикистон дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 6 чорабинӣ гузарониданд, ки аз онҳо 4-тоаш семинар ва 2-тоаш мизи мудаввар буд.
Вобаста ба зербанди 1 ва 3 банди 4 Нақшаи мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бо мақсади андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати ба тасдиқи Протоколи иловагии Конвенсияи мубориза бар зидди шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пасткунандаи шаъну шараф, омӯхтан ва дида баромадани имконияти таъсис додани механизми миллии пешгирикунанда то тасдиқи Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зикргардида бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гурӯҳи корӣ оид ба ташриф ва мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ таъсис дода шуд. Ба ҳайати гурӯҳ намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, аз ҷумла аъзои Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон шомил гардиданд.
Вобаста ба иҷрои зербанди 2 банди 4 оид ба баррасии масъалаи имконияти таъсис додани мақомоти нав барои дида баромадани арзу шикоятҳои ҷабрдидагони шиканҷа ё ба ин кор ваколатдор намудани мақомоти мавҷуда Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иттилоъ дод, ки гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони дигар мақомоти мутасаддӣ таъсис дода шуд. Миқдори арзу шикоятҳо дар бораи истифодаи шиканҷа хеле ночиз (дар соли 2013 -16 адад, 11 моҳи соли 2014 -10 адад) буда, айни ҳол зарурати таъсиси мақомоти алоҳида барои баррасии онҳо ба назар намерасад.
Оид ба банди 5 зербанди 1 Нақша, ки воридкунии тағийроту иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ҷиҳати дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии дастгиркунӣ сабт кардани ҳама маълумоти зарурӣ пешбинӣ гардидааст, Прокуратураи генералӣ иҷрокунандаи аввал мебошад. Вале дар банди 34 Нақшаи миллӣ иҷрокунандаи аввал доир ба ин масъала Вазорати адлия нишон дода шуда, гурӯҳи корӣ дар назди ин мақомот ҷиҳати иҷрои он таъсис дода шуд. Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ бо мақсади такрор наёфтани вазифаҳо аз таъсис додани гурӯҳҳои нави корӣ доир ба иҷрои банди 1, банди 2 (зербандҳои 2,4,8), банди 4 (зербандҳои 1,3), банди 5 (зербанди 1), банди 6 (зербандҳои 1-2), банди 7 ва банди 10 Нақшаи чорабиниҳо доир ба мубориза бар зидди шиканҷа тибқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва Гузоришгари вежаи СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа худдорӣ намуд.
Ҳамчунин Прокуратураи генералӣ ҷиҳати иҷрои муқаррароти зербанди 2 банди 5 вобаста ба таҳия намудани лоиҳаи тағйирот ба қонунгузорӣ дар бораи бетаъхир огоҳ намудани хешовандони наздики шахси дастгиршуда дар бораи дастгиршавии ӯ иттилоъ дод, ки дар назди Прокуратураи генералӣ гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони дигар мақомоти мутасаддӣ таъсис дода шуда, айни ҳол муқаррароти қонунгузорӣ ва амалияи кишварҳои ҳамсоя дар ин хусус мавриди омӯзиш қарор доранд.
Муқаррароти зербанди 3 банди 5 оид ба таҳияи Дастурамал «Дар бораи дастгиркунӣ» аллакай иҷро гардида, он бо фармоиши якҷояи Прокурори генералӣ ва роҳбарони ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 24 октябри соли 2012 тасдиқ карда шуд.
Нисбат ба банди 6.1 дар хусуси баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ бо мақсади пешгирии озод кардани айбдоршавандагон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бинобар пушаймон шудан аз кирдори содирнамуда Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки айни замон лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия шуда, масъалаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҷдиди назар хоҳад шуд.
Оид ба таъмин намудани иҷрои банди 6 зербанди 2 оид ба таҳияи феҳристи ҷабрдидагони шиканҷа, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накарда, ҷиноятҳо нисбати онҳо дар рафти тафтиши дигар парвандаҳои ҷиноятӣ ошкор гардиданд, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи дастури Прокурори генералӣ аз 31 январи соли 2014 ба прокуророн супориш дода шуд, ки ҳар нимсола ва аз натиҷаҳои сол рӯйхати чунин ҷабрдидагонро ба Прокуратураи генералӣ пешниҳод намоянд.
Вобаста ба банди 7 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин хабар дод, ки оид ба ин масъала аллакай ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд.
Доир ба банди 8 Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати боздошти шахси гумонбаршуда аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ аз 72 соат зиёд идома намеёбад, ки ин муқаррарот мувофиқи мақсад аст.
Оид ба банди 9 Нақшаи мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иттилоъ дод, ки дар соли 2015 ба кормандони тиббии ҷойҳои таҳти ҳабс нигоҳдорӣ муқаррароти Протоколи Истамбул омӯзонида хоҳад шуд.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оидба зербанди 1 банди 11 Нақшаи мазкур чунин ахбор дод, ки таъминоти моддию техникии муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аҳамияти хосаро талаб менамояд. Дар ин робита бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои
кормандони муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва маҳкумшудагон маблағгузории он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сол аз сол зиёд мегардад. Масалан, агар ҳаҷми маблағгузории муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар соли 2004 5,6 млн. сомониро ташкил диҳад, пас дар соли 2014 ҳаҷми он тахминан 8,3 маротиба зиёд карда шуд.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зербанди 2 банди 11 чунин маълумот дод, ки аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисоси кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба масъалаи шиканҷа ва вазъи ҳуқуқии маҳкумшудагон бо ҷалби намояндагони прокуратура оид ба назорат аз болои риояи қонунҳо дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон Вазорат дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ тасмим дорад, ки маводи махсус барои фаҳмондадиҳии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони судшударо бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ таҳия намояд.
Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қисми 2 банди 11-и Нақша оид ба таҳияи маводи махсус барои фаҳмондадиҳии ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, инчунин уҳдадориҳои шахсони судшуда китоби алоҳида бо номи «Шиканҷа-ҷиноят аст» ҳамчун дастури методиро ба табъ расонида, дастраси судяҳо намуд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонунвайронкуниҳо дар соли 2014 дар Шӯрои адлия 13 адад мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳои оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин марбут ба вайрон намудани қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба ҳифзи манфиатҳои ноболиғон ва дигар баҳсҳо ташкил намуда, ба воситаи шабакаи аввалителевизиони Тоҷикистон дар барномаи «Нерӯи қонун» ба намоиш гузошт. Корҳо дар ин самт давом доранд.
Барои баланд бардоштани савияи касбии судяҳо ва таҳлили фаъолияти онҳо аз рӯйи нақшаи якҷояи Шӯрои адлия, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ барои нимсолаи аввали соли 2015 бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳо дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо охири ҳар моҳ машғулиятҳои семинарӣ баргузор карда шуда, маърӯзаҳо вобаста баомӯзиши Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва таҳлили таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба шиканҷа тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд.
Роҷеъ ба иҷрои қисми 2 банди 15-и Нақша Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҷиҳати ташкил кардани курсҳои омӯзишӣ дар Маркази таълимии судяҳои назди Шӯрои адлия
Барномаҳои таълимии алоҳида барои судяҳо доир ба мавзӯъҳои «Шиканҷа», «Татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» таҳия гардида, дар нимсолаи аввали соли 2014 дар семинарҳои омӯзишӣ 198 нафар судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаро гирифта шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва меъёрҳои Конвенсияи байналмилалӣ дар ин самт аз худ карда шуданд.
Инчунин дар нимсолаи дуюми соли 2014 аз тарафи Маркази таълимии судяҳои назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» бо тартиби мониторинги мурофиаи судӣ рӯзҳои 27-28 октябри соли 2014 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, 10-11 ноябри соли 2014 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва 9-10 декабри соли 2014 дар Маркази таълимии назди Шӯрои адлия бо иштироки 61 нафар судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар мавзӯи «Қоидаҳои мурофиаи одилонаи судӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ, комёбӣ ва мушкилотҳои татбиқи онҳо» ва «Шиканҷа. Қонунгузории байналмиллалӣ ва миллӣ вобаста ба мубориза бар зидди шиканҷа» гузаронида шуданд.
Ҷиҳати иҷрои банди 17 Нақшаи чорабиниҳо марбут ба гузаронидани машваратҳо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади гирифтани кӯмак барои таъсис додани марказҳои кор бо ҷабрдидагони шиканҷа ва маблағгузории ҷуброни товони зарари расонидашуда ба хешовандону наздикони шахсоне, ки дар натиҷаи истифодаи шиканҷа фавтидаанд, дар соли 2014 судяҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниҳо 759 ҷамъбастиҳои таҷрибаи судӣ гузаронида, 830 адад пешниҳодҳо ирсол намуда, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ 10014 маротиба баромад карда, дар матбуот 1169 мақолаҳо ба чоп расониданд.
Вобаста ба иҷрои банди 18 Нақшаи зикргардида Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иттилоъ дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №4-4-746 аз 24 майи соли 2013 ирсол намуд. Қонуни мазкур 28 декабри соли 2013 қабул гардида, айни замон мавриди амал қарор дорад.Дар асоси Қонуни мазкур маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар шароити муқаррарӣ адо менамоянд, ҳуқуқ доранд дар давоми сол чор баста ё дастовез ва чор фириста гиранд, инчунин ба ду мулоқоти кӯтоҳмуддат иҷозат дода шуд. Ҳамзамон маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар шароити беҳбудигардонидашуда адо менамоянд, ҳуқуқ доранд дар давоми сол шаш баста ё дастовез ва шаш фириста гиранд, инчунин се мулоқоти кӯтоҳмуддат анҷом диҳанд.
Дар баробари ин баҳри беҳдошти шароити нигаҳдории маҳкумшудагон айни замон ҳамаи муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо утоқҳо барои вохӯрии кӯтоҳмуддат таҷдид карда шуда, утоқҳои шаффоф васл шуданд ва онҳо бо таҷҳизоти телефонӣ таъмин гардиданд, ки бо воситаи он маҳкумшудагон метавонанд бо хешу табори худ мулоқот намоянд. Дар ҳар як муассиса утоқҳо барои вохӯрии дарозмуддат ташкил шуданд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад. Инчунин масъалаи дастрасии маҳбусон ба адвокат ва мулоқот бо аъзои оилаашон дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқаррар карда шудаанд.Мутобиқи моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ҳуқуқ доранд бо ҳимоятгар, хешовандон ва дигар шахсони дар Қонуни мазкур пешбинишуда мулоқот намоянд.
24 октябри соли 2012 бо фармоиши якҷояи Прокурори генералӣ, вазирони корҳои дохилӣ, адлия, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, директорони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовар Дастурамал «Дар бораи дастгир намудан» тасдиқ карда шуд. Яке аз мақсадҳои Дастурамали мазкур ин таъмини ҳуқуқи дастгиршуда ба дастрасӣ ба ҳимоятгар мебошад. Мувофиқи Дастурамали номбаршуда ҳуқуқи дастрасӣ ба ҳимоятгар ин роҳ додани иштироки ӯ дар парванда аз лаҳзаи оғози он ва аз лаҳзаи дастгиркунии воқеии шаҳрванд мебошад.Ҳамзамон ҳимоятгар ҳуқуқи суҳбати бемаҳдудро дар ҷои назоратшаванда, вале шуниданашаванда аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорад. Миқдор ва давомнокии вохӯриҳои ҳимоятгар бо дастгиршуда бемаҳдуд мебошад.
Роҷеъ ба иҷрои зербанди 1 банди 19 Нақшаи зикргардида Вазорати адлия иттилоъ дод, ки Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ беҳтар гардонидани шарту шароити таҳти ҳабс нигоҳдории ноболиғонро ҷиҳати дар алоҳидагӣ нигоҳ доштани онҳо аз калонсолон ва вақти иловагӣ барои сайругаштро кафолат медиҳад.Системаи пенитенсиарӣ дорои низоме мебошад, ки баҳри тарбияи маҳкумшудагони ноболиғ равона карда шуда, нигоҳдории онҳоро дар алоҳидагӣ аз калонсолон ва муайян намудани тартиби ба синну соли онҳо ҷавобгӯро пешбинӣ менамояд.
Бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ (ЮНИСЕФ, КАРИТАС-ЛЮКСЕМБУРГ ва ғайра) дар калонияи тарбиявии нигаҳдории маҳкумшудагони ноболиғ, ки ягона муассисаи навъи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, таъмир баҳри ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани он гузаронида шуд.
Инчунин бо дастгирии ЮНИСЕФ ва Маркази ҳуқуқи кӯдак дар изолятори тафтишотии нигаҳдории муваққатӣ як қисми алоҳидаи он баҳри нигоҳубини маҳкумшудагони ноболиғ таъмир карда шуд.
Вобаста ба иҷрои зербанди 3 банди 19 Нақша Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки бо мақсади амалӣ гардонидани муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, инчунин иҷрои дигар уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябри соли 2009 дар асоси Протоколи ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Нақшаи амали миллӣ оид ба ислоҳот дар самти адолат нисбати ноболиғон барои солҳои 2010-2015-ро тасдиқ намуд. Амалия собит намуд, ки муқаррароти Нақшаи номбурда аз ҷониби мақомоти масъул бо таври дахлдор иҷро карда намешаванд. Аз ин лиҳоз бо мақсади татбиқи босамари муқаррароти Нақша, такмилдиҳӣ, беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоту идораҳои мутасаддӣ ва баррасии минбаъдаи масъалаи баланд бардоштани мақоми он дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2012, таҳти №12756/16.2 гурӯҳи кории доимамалкунандаи назди Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ҳисоби намояндаҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Суди Олӣ, Шӯрои адлия ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуда, котиботи он бар зиммаи Вазорати адлия вогузор карда шуд.
Айни замон баъзе бандҳои Нақшаи амали миллӣ иҷро гардиданд ва баъзе бандҳои он хусусияти мубрами худро гум кардааст. Бинобар ин, дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2014, таҳти № 8280/26 дар доираи гурӯҳи кории адлияи ноболиғон лоиҳаи Нақшаи нави ислоҳот дар соҳаи адлияи ноболиғон таҳия шуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ манзур карда мешавад.
Вазорати адлия ҷиҳати иҷрои Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои нимсолаи дуюми соли 2014, ки аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак 30 майи соли 2014 тасдиқ шудааст, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Вобаста ба банди 1 Нақшаи мазкур ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба ҳайат ва Низомномаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак аз тарафи Вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳайати Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак» таҳия шуда, он бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа ва 14 августи соли 2014 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гашт.
Оид ба банди 3 Нақшаи номбурда Вазорат ҷиҳати таъсис намудани гурӯҳи корӣ доир ба таҳияи Маърӯзаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба татбиқи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои факултативии он ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак саҳми худро гузошт, ки ҳайати нав бо қарори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак 20 майи соли 2014, № 24/4-26 тасдиқ шуд.Айни замон фаъолияти гурӯҳи кории номбурда таҳти роҳбарии Вазорат қарор дорад.
Оид ба банди 9 Нақша барои ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо мақсади амалӣ намудани талаботи меъёрҳои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», инчунин қарори ҳайати мушовараи Вазорати адлия масъулини Вазорат Нақшаи баромадҳоро дар телевизион ва радио таҳти унвони «Маҳфили ҳуқуқӣ» барои нимсолаи аввал ва нимсолаи дуюми соли 2014 таҳия намуда, онҳоро 24 январ ва 12 июли соли равон бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кард. Иҷрои бандҳои Нақшаҳои зикргардидаро Вазорат ва сохторҳои он дар муҳлатҳои пешбинишуда иҷро намуданд.
Ғайр аз ин Вазорати адлия Нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба татбиқи иҷрои Барномаи номбурда барои солҳои 2014-2015 бо назардошти таклифу пешниҳодҳои 20 вазорату идораҳои давлатӣ таҳия намуда, 20 январи соли 2014 онро бо мақомотҳои дахлдор мувофиқа кард.
Бо мақсади иҷрои банди 13 Барномаи зикргардида Нақшаи чорабиниҳои якмоҳаи «Мо, Шумо ва ҳуқуқи Шумо» дар мувофиқа бо Вазорати маориф, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири адлия тасдиқ гардида, дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон чорабиниҳои дар нақша зикргардида амалӣ карда шуданд.
Ҷиҳати амалӣ намудани меъёрҳои Барнома ва дар доираи Созишномаи ҳамкории Вазорати адлия бо филиали ассотсиатсияи “Хелветас Свисс Интеркооперейшн” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои чорабиниҳои дар Барнома пешбинишуда, аз ҷумла ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд. Дар мактабҳои таҳсилоти умумии №86-и шаҳри Турсунзода, № 15-и шаҳри Ваҳдат, № 29-и ноҳияи Ҳисор, № 16 ва 41-и ноҳияи Рӯдакӣ гӯшаи донишҳои ҳуқуқӣ ташкил карда шуд.
Ҳамзамон дастурҳои методӣ бо номи “Ҳуқуқ ба мерос”- 8 000 адад, “Муомилаи оилавӣ”- 26 500 адад, маълумотномаи “Қабулгоҳҳои ҳуқуқӣ”- 7 700 адад ва тақвими соли 2014 бо номи “Муҳаббат ин...”- 1 400 адад таҳия гардида, ба нашр расид. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда гузаронидани дигар чорабиниҳои ҳуқуқӣ дар ин самт дар назар аст.
Инчунин масъалаи ислоҳоти адолатӣ судӣ нисбати ноболиғон дар лоиҳаи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» пешбинӣ карда шуд, ки мақсади он такмили қонунгузорӣ ва амалияи судӣ нисбати кӯдакон ва ҳаматарафа таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мебошад.