Садо: Пешгирии адвокат аз "облава" дар пойтахт

Садо: Пешгирии адвокат аз "облава" дар пойтахт

Абдулмаҷид Ризоев, ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, аз як ҳодисаи "облава"-и гурӯҳи ҷавонон дар маркази шаҳри Душанбе аз ҷониби милиса пешгирӣ кардааст.

Бино ба нақли адвокати ҷавон, 23-юми апрели 2014, соати 14 дар хиёбони марказии ба номи Рӯдакии шаҳри Душанбе шоҳиди "облава"-и ҷавонон аз ҷониби кормандони комисариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ин ноҳия шудааст. 

- Дар ин иқдоми ғайриқонунии мақомот 5 тан аз корманди милиса аз Шуъбаи ВКД дар ноҳия Исмоили Сомонӣ, 1 кормандни комисариати ҳарбии ин ноҳия (майори Вазорати мудофиа) ва ду тани дигар бо либоси мулкӣ тавассути автомашинаи “Газел”, рақами давлатиаш 8343 В 01 ширкат доштанд, - мегӯяд адвокат. 

Ризоевро кормандони милиса, баъди дахолаташ ба қонунвайронкунии мақомоти милиса ва аксбардорӣ, ба ШКД бурдаанд. Онҳо аксҳои бардоштаи ӯро аз телефонаш ҳазф карда, баъди баҳси тӯлонӣ ӯ ва чанд ҷавонеро, ки боздошт карда буданд, аз мошин раҳо кардаанд.

Сабти аудиоии ин баҳси адвокат бо "облава"-чиён дар телефони ӯ боқӣ мондааст, ки дар он мақомоти милиса иқрор шудаанд, ки маҷбуранд ҷавононро ба таври ғайриқонунӣ ба хизмати ҳарбӣ баранд, зеро онҳо ба таври қонунӣ аз хизмат саркашӣ мекунанд. 

Абдулмаҷид Ризоев мегӯяд: "Ин амали кормандони мақомот ғайриқонунӣ аст ва дар кирдори онҳо унсурҳои ҷиноят, дастгиркунии ғайриқонунии шаҳрвандон мавҷуд аст".

Даъвати шаҳрвандон аз тарафи комисариати ҳарбӣ дар асоси қонуни Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба роҳ монда мешавад. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи қонуни мазкур аз тарафи даъватшаванда, ӯ аз ҷониби мақомот ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад. 

"Облава", ё иҳотагирии сарбозони навдаъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар ҳолест, ки чанде қабл Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармон дар бораи даъвати баҳории сарбозон аз ин ҳодисаҳо изҳори нигаронӣ карда буд.

"Облава" аз замони вазирии Шералӣ Хайруллоев, вазири собиқи мудофиаи Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, ахиран вай гуфта буд, иҳотагирии ҷавононеро, ки аз хизмат саркашӣ мекунанд, ба кормандони комисариатҳои ҳарбӣ иҷозат додааст.

Ризоев мегӯяд, даъвати шаҳрвандон аз тарафи комисариати ҳарбӣ бояд дар асоси қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба роҳ монда шавад. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи қонуни мазкур аз тарафи даъватшаванда, ӯ аз ҷониби мақомотҳои дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.

TojNews