Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари намояндаи ФҶ «Нотабене» Фавзия Назарова дар ин маврид:
- Фонди ҷамъиятии «Нотабене» яке аз муассисони Эътилоф ба шумор меравад, ки фаъолияти онро аз соли 2011 то 2015 ҳамоҳангсозӣ кардааст. Вақте ки мо дар ин самт корро оғоз намудем, чанд мушкилиро дидем. Пеш аз ҳама, бо вуҷуди мушоҳидаи он, ки ташкилотҳои зиёд дар самти огоҳсозӣ аз шиканҷа кор мекунанд, аммо таҷриба нишон дод, ки ин тавр набудааст. Мо дар самти ҳуқуқи инсон ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ омода месозем ва барои рушди ҳуқуқи инсон барои мо иттилооти маҷмуӣ оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла маълумоти оморӣ ва намунаҳои мушаххаси нақзи ҳуқуқи инсон лозиманд. Ин танҳо дар сурати муттаҳидсозии талошҳои ташкилотҳои зиёд имконпазир аст. Мо боварӣ доштем, ки бо муттаҳид гаштан пурқуввату муваффақтар мешавем ва кори якҷоя барои ҳама аъзои шабака/эътилоф ҳиссиёти бехатарӣ мебахшад. Инҳо шартҳои асосӣ барои таъсиси Эътилоф буданд.
Фаъолияти мо ба таъсиси устувории институтсионалии фаъолияти Эътилоф равона карда шуда буд. Мо чаҳорчўбаҳои ҳуқуқии фаъолияти Эътилофро таҳия намудем, ба фандрайзинг машғул шудем, Эътилофро давоми панҷ сол роҳбарӣ кардем. Ҳоло мо корро дар қисми таҳлил ва эдвокасӣ дар сатҳи милливу байналмилалӣ идома дода истодаем. Мо гузоришҳо оид ба фаъолияти Эътилоф, гузоришҳои алтернативӣ ба мақомоти СММ, брифинги ҳуҷҷатҳо барои вохўриҳои гуногунро омода месозем, гузаронидани таҳқиқотҳоро дар масоили мухталифи озодӣ аз шиканҷа роҳандозӣ менамоем, барномаҳои маълумотноксозӣ мегузаронем.