Файзи Олӣ: Фармоишгару қотили Ҳамза Икромзодаро бояд биёбанд

Файзи Олӣ: Фармоишгару қотили Ҳамза Икромзодаро бояд биёбанд

Вакили мудофеъ мегӯяд, бояд фармоишгари куштор ва қотили бевоситаи Ҳамза Икромзодаро ба додгоҳ бикашонанд, на иштироккунандагони дараҷаи ду дар қазияи марзи ин маҳбуси зиндони якуми Душанберо.

Файзи Олӣ, вакили мудофеъи хонаводаи Икромзодаҳо рӯзи 21 май ба Озодӣ гуфт, ки ҳоло бозпурсии шоҳидони дигар идома дорад ва ҳанӯз Садриддин Тошев ва Суннат Ризоев - ду шоҳиди асосиро барои шоҳидӣ додан дар мурофиа аз маҳбаси Хуҷанд наовардаанд. Вакили мудофеъ гуфт, онҳо овардани ин ду шоҳидро дархост кардаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки оё ин дархост пазируфта шудааст ва агар ҳа, оё онҳоро кай хоҳанд овард? 

 

Қаблан гузориш шуда буд, ки дар мурофиаи парвандаи марги Ҳамза Икромзода, ки соли гузашта дар маҳбас фавтида буд, маҳбусон Садриддин Тошев ва Суннат Ризоев ҳамчун шоҳид пурсида мешаванд.

Амиралӣ Икромзода, бародари Ҳамза Икромзода рӯзи 21-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, ки додраси мурофиа ва прокурори назоратӣ ба зарурати пурсиши шоҳидони дигар, ки дар маҳбаси Хуҷанд ба сар мебаранд, таъкид карда ва гуфтаанд, ки дар нимаи дуввуми рӯзи сешанбе онҳо ба Душанбе интиқол дод мешаванд.

Амиралӣ Икромзода гуфт, ки аз ҷараёни мурофиа розӣ аст, зеро шоҳидон ҳам аз тарафи додрас ва адвокатҳо возеҳ ва бидуни ғараз пурсида мешаванд. Вай афзуд, ки Садриддин Тошев ва Суннат Ризоев ҳамчун шоҳиди марги Ҳамза омилҳои марги маҷбурии бародарашро баён хоҳанд дошт:

"Дирӯз дар мурофиа ду нафар корманди маҳбаси рақами аввал, ки дар латтукуби Ҳамза ҳузур доштаанд пурсида шуданд ва онҳо ба суолҳо танҳо «ман надидам», «ман набудам», посух медоданд."

Субҳи имрӯз мурофиаи додгоҳии муттаҳами аслӣ – собиқ маъмури зиндон Маҳмуд Исмоилов, ки дар марги Ҳамза Икромзода айбдор дониста мешавад, идома ёфт.

Ҳамза Икромзода дар моҳи сентябри соли гузашта дар маҳбаси рақами аввали пойтахт ба қавли наздиконаш бар асари латту куби кормандони зиндон кушта шудааст. Вале маъмурони зиндон иддао доранд, ки вай худро ба дор овехтааст.

Хабари марги Икромзода дар пайи шиканҷаву лат кӯб дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе дар сентябри соли 2012 расонаӣ шуд. Дар пай, моҳи ноябри ҳамон сол даҳҳо нафар маҳбусон аз Душанбе ба зиндони рақами 3-и Хуҷанд интиқол дода шуданд. Ба бовари мудофеони ҳуқуқи инсон, ин гурӯҳ барои расонаӣ кардани қазияи Ҳамза Икромзода, муҷозот шуд.

Ozodi