Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Тайи ду моҳи охир дар кишвар баҳсҳои фарогире атрофи мафҳуми шиканҷа ба миён омада, ҳанӯз ҳам идома доранд. Ин баҳсҳо бештар ба фавти маҳбус Ҳамза Икромов дар зиндони шаҳри Душанбе рабт гирифта, шаффофияти риоя шудани қонунҳои ҷории Тоҷикистонро зери шубҳа мебаранд. Умуман, назари фаъолони ҷомеа ин аст, ки маҳбасҳоро наметавон бе шиканҷа тасаввур кард. Сӯҳбати мо бо ҳуқуқдон ва вакили мудофеи шинохтаи тоҷик Файзинисо Воҳидова, ки соли 1986 Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскавро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм карда, аз соли 1995 то кунун ба ҳайси адвокат фаъолият дорад, сари ҳамин масъала буд. Аз хонум Воҳидова, ки дар баҳси чандин парвандаҳои пурсарусадо, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони президенти Тоҷикистон дар соли 1997, парвандаи Содиқ Муҳаммадохунов, мулаққаб ба "Сачан" (раҳбари корхонаи пахтаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва яке аз фармондеҳони шинохтаи собиқи Фронти Халқӣ), қатли раиси бозори ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва ғайра иштирок кардааст, нахуст пурсидем:
- Мӯҳтарама Файзинисо Воҳидова, нахуст мегуфтед, чӣ боис мегардад, ки маҳбусон дар маҳбас ва гумонбаршудагон дар тавқифгоҳҳои муваққатӣ аз ҷониби масъулини мақомот шиканҷа мебинанд?
- Шиканҷаи маҳбусон дар зиндонҳо ва гумонбаршудагон дар тавқифгоҳҳои муваққатӣ пеш аз ҳама аз надоштани фарҳанги ҳуқуқии кормандони ниҳодҳои низомию қудратӣ шаҳодат медиҳад. Дар боздоштгоҳҳо гумонбарон таҳти латукӯб қарор мегиранд ва нисбати онҳо шиканҷа раво дида мешавад, танҳо бо як мақсад: ошкор кардани ҷиноят ва ноил шудан ба нишондодҳои иқрорӣ. Яъне кормандони шӯъбаҳои фаврию ҷустуҷӯии ҷиноятӣ ва тафтиши пешакӣ таҷрибаю малакаи кофӣ надоранд. Онҳо ахиран бо рафтори ношоями худ обрую нуфузи мақомотро коста гардонида, фикр намекунанд, ки дар назди мардум худро ҳамчун масъули бесавод нишон медиҳанд. Бадбинии мардум нисбат ба мақомот аз ҳисоби чунин кормандон пайдо мешавад ва ахиран онҳо нуфузи ҳукумати ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳон шарманда мекунанд. Яке аз омилҳое, ки масъулини ниҳодҳо даст ба шиканҷа мезананд, ин мустақил набудани додгоҳ дар амалӣ кардани адолати судӣ мебошад. Кормандони ниҳодҳои низомӣ хуб медонанд, ки тамоми парвандаҳое, ки ба суд ирсол гардидаанд, ҳатман нисбат ба онҳо ҳукми айбдоркунӣ содир мешавад ва аз ин сӯиистифода намуда, нисбат ба мардум латукӯбро раво мебинанд. Агар чунин вазъ идома ёбад ва дар наздиктарин фурсат додгоҳ мустақилии худро нишон надиҳаду оид ба ҳар як ҳолати шиканҷа тафтиш гузаронида нашавад, дар даҳсолаи наздик шояд Тоҷикистон ҳамчун давлати криминалӣ (ҷиноятӣ) чун Чикагои ИМА дар китоби сурхи олам номнавис шавад.
- Чаро дар бисёр маврид шиканҷашудагон аз шикоят худдорӣ мекунанд ва ҳамин тариқ, қазияи латукӯб шудани онҳо пӯшида боқӣ мемонад?
- Шиканҷашудагон ба мақомот бовар надоранд. Барои ҳамин онҳо шикоят намебаранд. Бубинед, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон", ҳангоми шикоят бурдан аз болои мақомот ё шахси алоҳидаи мақомот, мақомоти болоӣ ҳуқуқ надорад баррасии шикоятро боз ба ҳамин мақомот, ки аз болояш шикоят шудааст, ирсол намояд. Аммо дар таҷрибаи мо чунин нест. Аз болои прокурор ё муфаттиши ноҳия ба прокурори вилоят муроҷиат мекунеду прокурори вилоят шикоятро боз ба ҳамон прокурори ноҳия ирсол мекунад, яъне ба шахсе, ки аз болояш шикоят шудааст. Пас оё мантиқ ҳаст ва прокурори аз болояш шикоятшуда камбудии худро эътироф мекунад? Ба ҳамин васила, қазияҳои шиканҷа пӯшида мемонанд. Ё худ, мардум хуб огаҳӣ доранд, ки додгоҳ ҳеҷ гоҳ латукӯбро тафтиш намекунад ва ҳатман далел талаб мекунад. Далел - ин шоҳид аст. Магар корманди милиса дар шоҳидии бегона шахсро латукӯб мекунад? Вақте ки чунин кирдорҳо дар утоқи корӣ ё таҳхонаҳо сурат мегиранд. Бубинед, парвандаи бо ном «Истаравшаниҳо», ки 53 нафар гунаҳгор дониста шудаанд, айни замон баррасии шикояти кассатсионии онҳо аз ҷониби Суди Олӣ сурат гирифтааст. Маҳкумшудагон изҳор намуданд, ки онҳо мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд. Суди Олӣ баррасии парвандаро боздошта, ба Прокурутураи Генералӣ супориш дод, ки ҳолатҳои шиканҷа тафтиш карда шавад, яъне ба мақомоте, ки хулосаи айбдоркунии онҳо маҳз аз ҷониби ҳамин мақомот тасдиқ карда шудааст. Мантиқ надорад! Бинобар ҳамин, мардум ба ин мақомот боварӣ надошта, медонанд, ки шикоят бурдани онҳо натиҷае намедиҳад.
- Шумо, ки собиқаи тӯлонии адвокатӣ доред, назаратон нисбати мавридҳои шиканҷа чӣ гуна аст ва оё як нафар вакили мудофеъ метавонад масалан дар тавқифгоҳи муваққатӣ, ки низомаш пӯшида аст, бо зерҳимояи худ робитаи пайваста дошта бошад?
- Сари вақт таъмин намудани гумонбаршудагон бо вакили мудофеъ аз муфаттиш вобаста аст. Қонун тақозо менамояд, ки ҳатман аз лаҳзаи дастгир шудани шахс ӯ бо адвокат таъмин карда шавад, аммо на ҳама вақт ин меъёри қонун риоя мешавад. Дар тавқифгоҳи муваққатӣ бо зерҳимояи худ вохӯрдан ва пайваста дар робита будан низ аз муфаттиш вобастагӣ дорад. Агар шахси боздоштшуда ба гуноҳаш иқрор бошад ва зери шиканҷа қарор нагирифта бошад, дар ин хусус муфаттиш мушкилие эҷод намекунад. Агар боздоштшуда латукӯб шуда бошад ва ба гуноҳаш иқрор набошад, ҳеҷ вақт муфаттиш ба осонӣ иҷозати вохӯриро намедиҳад ва ҳимоятгар маҷбур мешавад ба прокурор шикоят барад. Аммо то баррасии шикоят ҳафтаҳо мегузарад ва дар ин вақт аллакай изҳои ҷароҳат аз бадан мераванд. Прокурор низ хуб медонад, ки кашолкорӣ ба нафъи муфаттиш аст, аммо ҳастанд муфаттишоне, ки дорои фарҳанги касбию виҷдонанд. Онҳо метавонанд ягон мушкилие эҷод насозанд, аммо шумораи чунин масъулин хеле кам аст.
- Таври маълум, Шумо дар чандин парвандаи пурсарусадо иштирок доштед, аз ҷумла дар парвандаи хабарнигори БиБиСи Урунбой Усмонов, ки як замоне дар мавриди шиканҷа шуданаш ҳам овозаҳо паҳн гардиду ниҳоят бо озодии ӯ анҷом ёфт. Барои Шумо мушкил набуд маълум кардани воқеияти шиканҷа шудани номбурда?
- Албатта фош кардани ҳолатҳои латукӯби боздоштшудагон хеле мушкил аст. Зеро, ҳарчанд адвокат сари вақт бо зерҳимояи худ вохӯрда, дар ин хусус огаҳӣ ёбад ҳам, баъди муроҷиати ҳимоятгар ва қонеъ намудани дархосту қабули қарор дар бораи таъин намудани ташхиси суди тиббӣ мӯҳлати муайянро талаб мекунад ва дар ин фурсат изи ҷароҳат аз бадан меравад. Илова бар ин, муайян кардани ҳолати шиканҷа бештар аз коршиносони тиб вобастагӣ дорад, ки мутаассифиона, имрӯз бархе аз экспертҳои тиб вазифаи худро аз рӯи виҷдон иҷро намекунанд ва аз тарс дилхоҳ хулосаро медиҳанд. Коршиносони тиб, ки бештар фаъолияти онҳо бо омилҳои коррупсионӣ омехта аст ва прокурор хуб огаҳӣ дорад, бинобар ҳамин бо супориши прокурор ё муфаттиш дидаю дониста, ки шахси дастгиршуда ҷароҳат дорад, хулосаи баръаксро медиҳанд. Ба таври мисол, дар шаҳри Исфара ба ҳамагон парвандаи пурсарусадои ба симои судя пошидани маҳлули кислота маълум аст. Ҳангоми пошидани кислота қисми маҳлул ба дасту рӯи худи мӯйсафеди 77-сола Ҷӯраев Зиёваддин низ рехта, ҷароҳати сӯхта гирифтааст. Инчунин қисмати болои лабаш дарида, қабурғааш шикаста буд. Эксперти шаҳри Исфара хулоса додааст, ки дар узви бадани гумонбар ҷароҳати ҷисмонӣ мушоҳида нашудааст, аммо баъди 10 рӯзи вохӯрданам баръало аён буд, ки дар қисмати рӯи мӯйсафед пӯсти сӯхтааш рехта, изи ҷароҳати лаби даридааш аён буд. Муфаттиш ҳатто пурсон шуд, ки лаби сӯхтааш муолиҷа шудааст ё не ва мӯйсафед ҷавоб дод, ки лабаш насӯхта, он мушти яке аз масъулини прокуратураи шаҳри Исфара мебошад. Ҳатто аён буд, ки дар қисмати рӯяш ва дастонаш ҷароҳатҳо буданд ва шикоят аз қабурғаи шикастааш мекард, аммо то баррасии муроҷиати ман, яъне масъалаи иваз кардани муфаттиш, мӯҳлати зиёда аз як моҳ гузашту коршиноси тиббӣ воқеан ягон ҷароҳатро пайдо накард. Яъне, ин корҳо чунон сурат мегиранд, ки исботи он хеле душвор буда, масъулин барои пешгирии он манфиатдор нестанд. Вале буданд ҳолатҳое, ки сари вақт ман тавонистам ба муроҷиати худ расидагӣ намоям ва масъулинро ба ҷазо кашонам.
- Худи Шумо шиканҷаро чӣ гуна шарҳ медиҳед: ҷиноят, супориш, авбошӣ ё чизи дигар?
- Шиканҷа - ин ҷиноят аст, ҷинояте, ки бо супориш содир мешавад, баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои хизматӣ. Имрӯз ченаки натиҷаи фаъолияти мақомот аз кушодашавии ҷиноят иборат аст ва ҳатман барои ин даст ба чунин ҷиноят мезананд. Бубинед, ки вақте шахси ҷинояткорро дастгир мекунанд, аммо худ ҷинояткор ҳастанд, оё мантиқ ҳаст? Ба ҷои ҳидоят намудан ба содир накардани ҷиноят ва ислоҳи онҳо, масъулин худ ба ҷиноят даст мезананд.
- Тӯли фаъолияти адвокатӣ боре шунида ва ё дидаед, ки шаҳрванд аз ҷониби масъулини мақомот бо шеваи хеле бераҳмона шиканҷа шуда бошад?
- Бале, чунин ҳолатҳо бисёр буданд. Медонам, як зане, ки ҷинояти куштор содир карда буд, ӯро кормандони милиса бо дубинка ба мақъадаш истинтоқ карда буданд. Гарчанде зан ҷиноят содир кардааст ва ӯ ҳатман ҷазои худро дар назди қонун мегирад, кормандони милиса ҳангоми таҷовуз ҳатто фикр накарданд, ки онҳо низ зан, хоҳару модар доранд ва бо зан чунин рафтор кардан аз рӯи инсонӣ набошад. Мутаассифона чунин кирдорҳо аслан аз ҷониби кормандони шӯъбаи кофтукови ҷиноят содир мешавад.
- Оё гуфта метавонед, ки имрӯз дар Тоҷикистон кадом намудҳои шиканҷа бештар ба мушоҳида мерасанд?
- Дар Тоҷикистон вақтҳои охир бештар шиканҷа бо роҳи истинтоқ намудани гумонбар бо воситаи қувваи барқ, яъне истифода аз асбобҳои барқӣ сурат мегирад, чунки чунин намуди шиканҷа камтар аз худ из мегузорад. Инчунин, ба сари гумонбаршуда бо баклажкаи пури об кӯфтан низ дар баъзе ниҳодҳо ба чашм мерасад.
- Қонунгузори баналмилалӣ барои шиканҷакунандагон кадом ҷазоҳоро пешбинӣ намудааст ва оё гуфтан мумкин аст, ки бо илова шудани моддаи махсуси «шиканҷа» дар КҶ ҶТ чашми онҳо тарс мехӯраду волоияти қонун риоя мегардад?
- Мутаассифона қонунҳои байналмилалӣ, яъне шартномаҳои аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшудаву ба тасвиб расида муҷозот пешбинӣ накарда, характери тавсиядиҳандаро доранд. Барои ҳамин, роҳат аз тамоми усулҳои шиканҷа истифода мешавад. Бо ворид намудани моддаи алоҳида дар қонуни ҷиноӣ, шахсан ман ҳисоб мекунам, ки вазъ тағйир наёфтааст, зеро масъулин хуб медонанд, ки исбот кардани он хеле мушкил аст ва ҳатман додгоҳ ҷонибдори онҳосту адолати судиро таъмин намекунад. Бинобар ҳамин, онҳо хуб медонанд, ки беҷазо ва ҷавобгарӣ мемонанду чунин кирдори худро идома медиҳанд.