Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, ки дар доираи фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон амал мекунад, яке аз гуруҳҳои муҳим ба шумор меравад. Роҳбари гуруҳи мазкур Гулчеҳра Раҳмонова ҳозир шуд, то зарурати мавҷудияти онро шарҳ диҳад.
- Гуруҳи офиятбахшӣ кай ташил ёфт ва сабаби ташкил шуданаш чӣ буд?
- Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо (минбаъд ГОҚШ) соли 2015 ташкил ёфт. Дар мавриди омили ташкилшавии он бояд гуфт, ки Эътилоф то ин вақт ба кӯмаки ҳуқуқӣ аҳамияти бештар медод, вале мо фаромӯш карда будем, ки қурбониён инчунин ба кӯмаки тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ ҳам ниёз доранд. Инчунин, тавре таҷриба нишон дод, қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо на ҳамеша барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ розиянд, аммо барои онҳо кӯмаки тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ ҳамеша ва дар ҳама ҳолат зарур аст. Ба ҳамин хотир, аз ҷониби Эътилоф Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо ташкил карда шуд.
- Аз он вақт чанд нафар офиятбахшӣ гузаштанд?
- Аз замони ташкил шудани ГОҚШ ҳамагӣ 119 нафар қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо офиятбахшӣ гузаштаанд.
- Кӯмаки офиятбахшӣ чи хел кӯмак аст ва чи гуна расонида мешавад?
- Вақте қурбонӣ ба ГОҚШ муроҷиат мекунад, ҳамон замон аз ҷониби корманди иҷтимоӣ ҳуҷҷатгузорӣ мешавад. Барои ин аз ҷониби гуруҳ анкетаи махсус таҳия карда шудааст, ки аз суолҳо оид ба қисми тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ иборат аст. Баъд Консилиум даъват карда мешавад, ки аз мутахассиси соҳаи тиб, равоншиносу корманди иҷтимоӣ иборат аст ва дар асоси маълумотҳои анкета тавсияҳои худро пешниҳод менамояд. Дар асоси тавсияҳои мутахассисон корманди иҷтимоӣ нақшаи корӣ тартиб медиҳад, ки тибқи он шахс кӯмаки заруриро дастрас мекунад. Асосан, ҳамаи муроҷиатҳо аз ҷониби Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ ворид мешаванд.
- Оё ҳолате вуҷуд дошт, ки муроҷиаткунанда аз аризаи худ даст кашида бошад?
- Дар тамоми давраҳои фаъолияти гуруҳ танҳо 7 нафар аз офиятбахшии пурра даст кашидаанд. Аммо дар дилхоҳ ҳолат, ҳатто агар радкунӣ вуҷуд дошта бошад ҳам, кор пайгирӣ мешавад. Корманди иҷтимоӣ ҳамеша дар робита аст ва агар шахс аз фикраш гаштаву кӯмак гирифтан хоҳад, пас ба ӯ кӯмак расонида мешавад. Инчунин, баъзе ҳолатҳои даст кашидан аз кӯмаки руҳӣ низ вуҷуд дорад, ки асосан мардҳоянд. Ман ин падидаро ба он вобаста медонам, ки хоҳу нохоҳ дар ҷомеаи мо муроҷиат кардан ба равоншинос барои дарёфти кӯмак таҷрибаи на он қадар паҳншуда аст. Аммо вақтҳои охир ҳолати даст кашидан аз ариза вуҷуд надорад.
- Ба назари Шумо, тӯли солҳои фаъолияташ Гуруҳи офиятбахшӣ тавонистааст ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад?
- ГОҚШ фаъолиятеро амалӣ менамояд, ки ба расонидани кӯмаки ҳадди ақали имконпазир ба қурбониён барои барқарор кардани мустақилияту тавонмандиҳои қалбӣ, иҷтимоӣ, касбӣ, инчунин пурра мутобиқ гаштани онҳо барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ равона шудааст. Ҳамин тавр, натиҷаи кори гуруҳро метавон расонидани 119 кӯмак дар шакли кӯмаки тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ ҳисобид. Инчунин, дар доираи фаъолияти гуруҳ равоншиносону кормандони иҷтимоӣ омӯзонидаву омода карда шуданд, ки айни замон дар минтақаҳои гуногуни кишвар кор мекунанд. Ҳамзамон, дастурамал барои равоншиносон таҳия гардида, механизми пешниҳоди хизматрасонӣ ва стратегияи гуруҳ барои солҳои 2018-2020 коркард карда шуд. Боз, мутахассисони ГОҚШ бо мақсади омӯхтани таҷрибаҳо аз марказҳои офиятбахшии Гурҷистону Арманистон дидан карданд.