Холматова: То ҳоло ба ҷабрдидаҳо кӯмак мерасонем

Масъалаи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ яке аз мавзуҳое буд, ки дар вохӯрии кории «Мубориза зидди шиканҷа дар Тоҷикистон: имкониятҳо барои ҳамкорӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ баҳсу баррасӣ шуд.

Ба қавли адвокат Гулчеҳра Холматова, дар Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон як гуруҳ адвокатҳо фаъолият мебаранд, ки онҳо дар парвандаҳои гражданӣ оид ба ҷуброн намудани зарари моддиву маънавӣ дар судҳои гуногуни шаҳри Душанбе ва дигар судҳои кишвар иштирок менамоянд.

- Тавре маълум аст, албатта, ҳимояи ҷабрдидагон дар мавриди ҷуброн намудани зарари моддиву маънавӣ хеле мушкил мебошад ва аз адвокатҳо заҳмати калон талаб мекунад. Дар мурофиаҳои судӣ бисёри адвокатҳо ҳангоми пешниҳод намудани ариза бояд якчанд намуд далелҳо ҷамъ оваранд. Равоншиносон бо методҳои махсуси худ ташхис мегузаронанд ва баъд хулосаи онҳоро мо ба суд пешниҳод менамоем. Оид ба ҷуброни зарари моддиву маънавӣ дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҷуброни зарари моддиву маънавӣ бояд ҷабрдидагонро ҳифз кунад ва давлат барои онҳо кафолат диҳад. Боз дар моддаи 14-и Конвенсияи зидди шиканҷа ҳам омадааст, ки бояд ҷуброн дар ҳаҷми зарари расонидашуда аз ҷониби шахси зараррасонида ба пуррагӣ пардохт карда шавад. Инчунин, соли 2012 як қарори Пленуми Суди Олӣ оид ба татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ бар зидди шиканҷа баромад. Дар он ҷо омадааст, зараре, ки ба ҷабрдида расонида шудааст, бояд бо меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси ҷиноятӣ татбиқ карда шавад. Инчунин, озодӣ аз шиканҷа яке аз ҳуқуқҳои мутлақи инсонӣ буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон узви онҳо мебошад, яке аз ҷиноятҳои вазнин ба ҳисоб меравад,- афзуд ӯ.

Хонум Холматова мегӯяд, ки бехатарии бисёр адвокатҳо ҳангоми иштирок дар чунин парвандаҳо метавонад зери хатар бошад: «Ба ин нигоҳ накарда, айни замон мо 6 парвандаи гражданӣ дорем оид ба ҷуброни зарари моддиву маънавӣ. Чортои онҳо аллакай ба иҷроиш гузошта шудаанд. Яктояш дар марҳилаи баррасӣ намудан дар Суди ҳарбӣ мебошад ва яктои дигараш дар марҳилаи иҷроиш қарор дорад».

- Нахустин парванда оид ба ҷуброни зарари моддиву маънавӣ парвандаи Сангов мебошад, ки ман дар он иштирок намуда будам. Соли 2013 ба фоидаи ҳамсари қурбонии шиканҷа Сафаралӣ Сангов 46 ҳазору 500 сомонӣ рӯёнида шуд. Ҳоло мо мебинем, ки чунин парвандаҳо боз шуда истодаанд ва гунаҳгорӣ оид ба расонидани шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба ҷабрдида метавонад исботи худро ёбад. Мо то ҳоло кӯмак мерасонем ба ҷабрдидаҳо. Ҳозир боз 5 парвандаи дигар оид ба ҷуброни зарари моддиву маънавӣ бояд барои баррасӣ ба суд пешниҳод шаванд,- афзуд Г. Холматова.

NoTorture.Tj