Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Бозпурсии шоҳидон дар робита ба марги Ҳамза Икромзода дар боздошгоҳи муваққатии Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 22-юми май низ идома кард.
Амиралӣ Икромзода, бародари Ҳамза, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ин мурофиа ду маҳбус дар бораи марги бародараш шоҳидӣ додаанд. Давлатёр Қурбонов, маҳбуси зиндони Душанбе, дар бораи марги Ҳамза Икромзода шоҳидӣ дода афзудааст, бо чашми худ дида, ки чигуна Ҳамзаро латту кӯб мекарданд. Вай гуфтааст, "ман садои ӯро мешунидам, командир назанед гуфта, доду вой мекард.”
Амиралӣ Икромзода гуфт, маҳбуси дигар -- Шералӣ Зикруллоев низ дар бораи марги бародараш шоҳидӣ додааст. Вай гуфтааст, “рӯзе, ки Икромзодаро куштанд, худи ҳамон рӯз ману Рафаэлро низ хуб латту кӯб карда буданд.”
Бародари Ҳамза мегӯяд, “аз раисикунандаи парванда талаб карда будем, се шоҳиди аслии марги Ҳамза, ки алъон дар зиндони Хуҷанд нигоҳ дошта мешаванд, барои шоҳидӣ додан ба мурофиа даъват карда шавад. Аммо дирӯз ба мо маълум шуд, қозии додгоҳ ин дархости моро рад кардааст. Мо аз нав пешниҳод кардем, то шоҳидони аслии марги Ҳамза ҳатман ба мурофиа даъват карда шаванд ва мурофиа на дар СИЗО, балки дар толори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ё ин ки дар ҷойи дигар кушода гузаронда шавад. Агар дархости мо ба инобат гирифта шавад, мо дар мурофиа ширкат мекунем, агар не, мо аз шумо даст мекашем.”
Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Волидонаш мегӯянд, ӯ аз сӯи бархе аз маъмурони зиндон кушта шудааст, вале мақомот онро танҳо худкушӣ медонанд. Бо ин ҳол, Додситонии кулли Тоҷикистон санҷиши ин қазияро ба анҷом нарасонда ва хулосаи худро дар бораи марги Ҳамза Икромзода низ баён надоштааст.