Интиқод аз Омбудсмен барои ҳамкориҳои нокофӣ бо ҷомеъаи маданӣ

Интиқод аз Омбудсмен барои ҳамкориҳои нокофӣ бо ҷомеъаи маданӣ

Ширкаткундагони ҳамоише дар Душанбе гуфтанд, ки ҳамкориҳои миёни ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо ҷомеъаи мадании ин кишвар дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ ва афроди осебпазир дар ин кишвар бояд тақвият ёбад.

Ҳамчунин дар ин нишаст ҳамкориҳои дафтари ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо расонаҳои хабарӣ низ нокофӣ арзёбӣ шуд ва пешниҳод шуд, ки дар дафтари ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон гурӯҳи корие барои робита бо ҷомеъаи маданӣ таъсис шавад.

Бунафша Гулакова, намояндаи Иттиҳодияи Урупо, аз дастандаркорони ин нишаст мегӯяд, ки ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳ дар дафтари ваколатдори ҳуқуқи башар ҳамоҳангсозӣ ва назорат бар ҳамкориҳои ин ниҳод бо ҷомеъаи маданӣ, расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон ва равобити дафтари ваколатдор бо ниҳодҳои мушобеҳ дар Русия аст.

Ӯ афзуд: “Ҳоло мо танҳо дар ин бора пешниҳодҳоро шунидем ва дар оянда ин пешниҳодот дар сутуҳи мухталиф баррасӣ хоҳад шуд. Яке дигар аз аҳдоф аз баргузор кардани ин семинор, омӯхтани роҳҳои беҳбудии равобити ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо ҳамтоёни онҳо дар Русия барои беҳбудӣ ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ ва буду боши онҳо дар хориҷ аст.”

Семинори дурӯзаи омӯзишӣ зери унвони “Ҳамкориҳои ниҳодҳои миллии ҳуқуқи башар бо ҷомеъаи маданӣ”, рӯзи сешанбеи 17 сентябр оғоз шуда ва қарор аст ин ҳамоиш фардо низ идома ёбад.

Хонуми Гулакова мегӯяд, ки ин пешниҳодот барои ниҳодҳои давлатии ҳуқуқи башар ва масъулони зирбати давлатӣ фиристода мешавадҲарчанд дар ҳамоиш бисёре ба нокофӣ будани равобит миёни дафтари ваколатдори ҳуқуқи башар ва ҷомеъаи маданӣ таъкид карданд, аммо Раҷабмоҳ Бадриддинова, як корманди дастгоҳи Омбудсмен ё кумисари ҳуқуқи башари Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: “Дар мавриди ҳамкориҳои ниҳоди мо бо ҷомеъаи маданӣ дар заминаи дифоъ аз қишри осебпазир ва ақаллиятҳо ба мо пешниҳод шуд, ки дар мавриди истротежики миллии фаъолияти дафтари ваколатдори ҳуқуқи башар, ки дар соли 2011 тасвиб шудааст, таҷдиди назар кунем.”

Дар ин нишаст Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ва иддаи дигаре аз кормандони ин ниҳод ширкат мекунанд. Ба гуфтаи онҳо бидуни ҳамкориҳои ниҳодашон бо ҷомеъаи маданӣ ва намояндагони ниҳодҳои мушобеҳ дар Русия, ки ҳудуди як милиюн сокин аз Тоҷикистон машғули кор дар онҷо ҳастанд, боздеҳи кори дафтари ваколатдор назаррас нахоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол бисёре аз ҳуқуқдонҳо бо интиқоди шадид аз фаъъолияти ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегӯянд, ки Зариф Ализода бо ҳимояти раиси ҷумҳурӣ ба ин симат расида ва ҳеҷ гоҳ дар тасмимгирии хеш барои дифоъ аз ҳуқуқи мардум озод нахоҳад буд.

Аз ин рӯ, коршиносон интихоби озоди ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз сӯйи мардумро яке аз роҳҳои аслии фаъолияти шаффоф ва мунсифонаи дафтари ваколатдори ҳуқуқи башар дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи инсон медонанд.

Би-би-сӣ