ҲНИТ масъулияти марги Тоҷиевро бар дӯши мақомоти интизомӣ вогузошт

ҲНИТ масъулияти марги Тоҷиевро бар дӯши мақомоти интизомӣ вогузошт

Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар рафти ҷаласае, ки имрӯз баргузор шуд, омили марги узви ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев дар беморхонаи боздоштгоҳи вилояти Суғдро баррасӣ карда, масъулияти онро бар дӯши мақомоти интизомӣ вогузошт.  

Чӣ тавре ки дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ зикр шудааст, Умедҷон Тоҷиев 30 октябри соли 2013 аз тарафи кормандони бахши кофтукоби ҷиноии шӯъбаи корхои дохилии шаҳри Исфара боздошт гардида буд. Қазияи боздошти ӯ аз ибтидо паҳлӯҳои ба ҳампечидаи зиёде дошт.

«Марҳум У. Тоҷиев дар сӯҳбату мулоқотҳо бо вакилони дифоъаш баён медошт, ки мавриди зарбу лат ва озори зиёди кормандони шӯъбаи мазкур ба хотири эътирофи «иттиҳом» қарор мегирифт. Ва ин амал боиси ба таври муаммо сарозер шудани номбурда аз ошёнаи сеюми бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ гашт. Ба гуфтаи шоҳидон ва вакилони дифоъи марҳум, осори зарбу лат ва азият дар бадани ӯ баръало мушоҳида гардида, омили аслии ба шаҳодат расидани ӯ истифодаи аз ҳад зиёди нерӯи барқ ва таъсири манфии он ба кори қалб ба шумор меравад», - омадааст дар баёния.

Дар зимн Шӯрои сиёсии ҲНИТ сабаби аслии марги Тоҷиевро аз бемасъулиятӣ, саҳлангорӣ ва дур будан аз ахлоқ ва инсофи инсонии кормандон ва масъулини интизомӣ медонад. «Ҳарчанд аз тарафи вакилони дифоъ ва пайвандони У. Тоҷиев ба мақомот барои хуб набудани вазъи саломатӣ ва сиҳатии номбурда чандин нома ва аризаҳо ҷиҳати интиқоли ӯ ба беморхона пешниҳод гардид, вале мутаассифона, ин муроҷиатҳо аз тарафи мақомот нодида гирифта шуд. Ва метавон ба ин натиҷа расид, ки масъулияти марги У. Тоҷиев пурра бар дӯши мақомот интизомӣ мебошад», - таъкид гврдидааст дар баёния.

Бинобар ин, Шӯрои сиёсии ҲНИТ ин амали мақомотро маҳкум карда, аз Прокуратураи Генералӣ талаб менамояд, ки дар мавриди таҳқиқи сабабҳои марги шаҳрванд У. Тоҷиев як комиссияи босалоҳият бо шумули намояндагони ҲНИТ ва вакилони дифоъи марҳум таъсис дода, қазияро ҷиддан баррасӣ кунанд ва шахсонеро, ки сабаби марги У. Тоҷиев шудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд.

Ёдовар мешавем, Умедҷон Тоҷиев дар бемористони марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ дар вилояти Суғд, воқеъ дар муассисаи ислоҳии 3/5-и шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расид. 

Азия-Плюс