Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар муҳити Тоҷикистон бидуни истифодаи «облава» иҷрои нақшаи ҳатмии даъвати ҷаонон ба хизмати ҳарбӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, кормандони комиссариати ҳарбӣ минбаъд ҳам бо истифода аз усули ғайриқонунӣ сафи наваскаронро зиёд хоҳанд кард, мегӯянд коршиносони тоҷик.
27-уми феврали соли ҷорӣ зимни маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таҳти раёсати Муовини сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ таъсис дода шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа бори дигар дастур дод, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани ҷавонон комилан аз байн бурда шавад. Таъкид гардид, ки барои бо сифати баланд анҷом додани тадбирҳои даъватӣ аз усули тарғибу ташвиқ ва тарбияи ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносии ҷавонон васеъ истифода карда шавад.
Аммо ҳуқуқшинос ва раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров мегӯяд, ки ҳатто пас аз ин дастури раисҷумҳур кормандони комиссариати ҳарбӣ аз усули одатӣ ва ғайриқонунӣ – облава даст намекашанд. Даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарби 1-уми апрели соли ҷорӣ шурӯъ мешавад.
«Имрӯз комиссариатҳои ҳарбӣ аз усули қонунии ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бархурдор нестанд. Аммо дар баробари ин, наметавонанд аз усули облава даст кашанд, чун бояд нақшаи ҳатмиро иҷро кунанд. Президенти кишвар ҳам аз ин вазъият ба хубӣ огоҳ аст. Ӯ медонад, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ фарҳанги кофии сиёсиву ҳуқуқӣ надоранд ва ба ҷуз ин дар назди халқи оддӣ обрӯву эътибори нек ҳам надоранд», - мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи Зойиров, ҳамаи ин боис мешавад, ки ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ мегурезанд ва ҳатто омодаанд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Барои ҳалли камбудии ҷойдошта ва боло бурдани ҳисси ватандорӣ ба шакли табиӣ, Зойиров пешниҳод мекунад, ки ҳайати кадрии комиссариати ҳарбӣ пурра тағйир ёбад ва ба кор нафароне ҷалб карда шаванд, ки маърифати даъвати ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ доранд.
Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки раисҷумҳур бо додани дастур оид ба бекор кардани усули ғайриқонунии даъвати ҳарбӣ аён сохт, ки худи ӯ аз мавҷудияти облава иттилоъ дорад. «Аммо бояд гуфт, ин усули ғайриқонуниро танҳо метавон бо ҷазо додани масъулоне, ки аз он истифода мекунанд, аз байн бурд», - изҳор дошт Бобоназарова.