Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Раиси Ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Хатлон Ғулом Бобоев мӯътақид аст, ки то замони таъсиси мақомоти алоҳидаи тафтишотӣ дар Тоҷикистон, ҳолатҳои истифода аз шиканҷа собитнашуда боқӣ мемонанд.
«Худатон фикр кунед, мақомоти тафтишотӣ дар назди тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ яке аз воҳидҳои ин ё он ниҳод аст. Кормандони фаврӣ низ дар он фаъолият доранд ва дар ҳолати нақзи ҳуқуқи боздоштшуда ё гумонбар, аз дасти муфаттиш ҳеҷ коре намеояд. Бар асоси баёноти аввалияи аксаран таҳти фишор ё шиканҷа дастрасшуда протоколи бозпурсӣ аз ҷониби муфаттиш таҳия гардида, парванда ба суд ирсол мешавад», - афзуд Бобоев.
Ба гуфтаи адвокат, дар сурати акс - агар муфаттиш далели истифодаи шиканҷаро ошкор ва нисбат ба корманди фаврӣ чораҳои қонунӣ андешад, ё аз мақомоти раҳбарӣ "танбеҳ" мегирад ва ё дар ҳолати аз ин бадтар, аз мансаб сабукдӯш мешавад.
Бобоев мегӯяд, дар Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дақиқан зикр гардидааст, ки ҳама гуна далели бар асари шиканҷа ё кирдори бераҳмона дастрасшуда бояд дар суд мавриди баррасӣ қарор нагиранд.
«Аз ин рӯ, барои тафтиши воқеъбинонаи парвандаҳои ҷиноятӣ ва пешгирии таҷрибаи истифодаи шиканҷа таъсиси мақомоти ҷудогонаи тафтишотӣ зарур аст», - афзуд адвокат.