Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Модари Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, агар дар додгоҳ суханаш диҳанд, хоҳад пурсид ки: "Писарамро сиҳат ба хидмат фиристода будам, лекин бо чӣ ҳол ба дастам додед? Ҷавоби писарамро ба хидмат фиристоданам ҳамин аст?"
Табибон мегӯянд, саломатии Шаҳбол Мирзоев, сарбози аз лату кӯби ҳамхидмати собиқадораш маъюбшуда каме беҳтар шудааст. Аммо вай то ҳол дар бахши «наҷот»-и беморхонаи вилоятии Суғд таҳти назорати доимии табибон бистарӣ аст.
Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, дар моҳи март, ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латтукӯб аз сӯи як ҳамхидматаш маъюб шуд. Нирӯҳои марзбонӣ бо вуҷуди ваъда ироаи маблағ барои табобати ин сарбозро тӯл доданд ва Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май дар Красногорски Русия ҷарроҳӣ кард. Шаҳбол 19 май аз Русия баргашт, вале то ҳол дар бемористони вилоятии Суғд табибон шушҳои ӯро табобат мекунанд.
Падару модар, бародар ва дӯстону пайвандони Шаҳбол 93 шабонарӯз инҷониб шабҳои худро дар саҳни беморхонаҳо дар Душанбеву Русия ва ҳоло дар Хуҷанд рӯз мекунанд. Модари Шаҳбол - Зайтуна Мирзоева - дар як сӯҳбати кӯтоҳи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ он чиро, ки ин хонавода дар 3 моҳи охир аз сар гузаронд, чунин қисса кард:
Зайтуна Мирзоева: Дар 2-3 рӯзи охир саломатии Шаҳбол беҳтар шуд. Худо хоҳад, хуб мешавад, умедамон бештар шуд. Аммо вай ҳозир ҳам дар “вазнинхона.” Духтурҳо ҳоло ба мо нагуфтаанд, ки кай ӯро ба палатаи оддӣ мегузаронанд.
Озодӣ: Ба ҳар сурат, ҳолаш аз қабл беҳтар аст?
Зайтуна Мирзоева: Вақти аз Душанбе ба Русия бурдан аҳволаш хубтар буд. Дар Душанбе ҳама хӯрокро мехӯрд. Хуб нафас мекашид. Аммо вақти бозгашт аз Русия саломатияш бадтар буд. Бемори пневмония (илтиҳоби шуш) азобаш медиҳад. Табибони рус гуфтаанд, ки писарамро баъди маъюб шуданаш ҷарроҳӣ накарда, беҳуда зиёд нигоҳ доштаанд. Барои ҳамин дар шушаш об ҷамъ шудааст. Ҳозир ҳам шушаш вайро азоб медиҳад, нафаскашияш вазнин ва душвор шудааст.
Озодӣ: Шумо дар хидмати ҳарбӣ латту кӯб ва маъюб шудани писаратонро чӣ тавр шунида будед?
Зайтуна Мирзоева: Ба мо он вақт хоҳарзодаи шавҳарам аз Душанбе занг зад. Аҳволи Шаҳболро гуфт ва ҳуш аз сарам парид. Ҳатто ҳамроҳи хушдоманаму хоҳари шавҳарам то Душанбе чӣ хел рафтам, дар чӣ мошину чӣ роҳу бероҳаҳоро гузаштем, дар ёд надорам. Фақат фарзандамро ба Худо ҳавола мекардам, ки умри Шаҳболро дароз кунад, тану ҷонашро мисли пеш сиҳат гардонад...
Озодӣ: То он вақт ки хабари маҷрӯҳ шуданаш ба шумо расид, боре ба дидори Шаҳбол дар қисми низомӣ расида будед?
Зайтуна Мирзоева: Не, то он вақт ман фарзандамро надида будам. Аз вақти гусел ба хидмати ҳарбӣ. Вақти дар хизмати ҳарбӣ буданаш амакбачаи писарам доимо аз ҳолаш хабардор шуда меистод, мо дилпур будем, ки 7 моҳи хидматаш гузашту камаш монд, баъди 5 моҳи дигар сиҳату саломат бармегардад.
Аммо вақте ки ба беморхонаи Душанбе расидем, ҳолати писарам бисёр вазнин буд. Вайро дар шуъбаи реанимация бистарӣ карда буданд. Қариб ки ӯро шинохта намешуд. Сараш варам кардаву баданаш аз ҳаракат монда буд. Базӯр-базӯр бо ман гап мезад. Ман дар пеши писарам худамро доштам ва гиря накардам, ки ҳолаш бадтар нашавад. Акнун ин ҷо ҳам вайро бештар аз паси пардаи тиреза мебинам, наздаш бештар додараш медарояд, ки манро дида, дилаш зиқ нашавад. (Ин хонавода ду фарзанд доранд – Озодӣ).
Озодӣ: Ба аёдати Шаҳбол ғайри хешону пайвандон ва дӯстону рафиқонаш дигар боз касе омаду меояд, манзурам, намояндагони мақомоти ҳарбӣ? Ман чанд лаҳза пеш дидам, ду одами либоси ҳарбипӯш аз табибон ҳоли Шаҳболро мепурсиданд.
Зайтуна Мирзоева: Хуб, акнун биёянд ҳам, аз омаданашон чӣ суд ? Аз омадану рафтанашон ҳоли писарам беҳ намешавад.
Озодӣ: Мақомоти ҳарбӣ гӯё ваъда кардаанд, ки пули табобати Шаҳболро медиҳанд...
Зайтуна Мирзоева: Ҳамааш ваъда будааст. Ваъдаҳои хушку холӣ.
Озодӣ: Ҳоло дар Душанбе мурофиаи парвандаи қазияи лату кӯби Шаҳбол давом дорад. Агар ба шумо сухан диҳанд, чӣ мегуфтед?
Зайтуна Мирзоева: Ман мегуфтам, ки писарамро сиҳат, бо чор мучали пурра ба хидмати ҳарбӣ фиристода будам, лекин бо вай чӣ кардед ва ба чӣ ҳол ба дастам додед? Ҷавоби писарамро ба хидмат фиристоданам ҳамин аст? Ҳозир ягона талабам аз Худо ин аст, ки писарам сиҳат шавад. Агар Шаҳбол ба по хезад, ман беармон аз дунё мерафтам...