Муовини Иззатулло Шарифов: “Мехоҳанд, моро сиёҳ кунанд”

Муовини Иззатулло Шарифов: “Мехоҳанд, моро сиёҳ кунанд”

Баҳром Абдулҳақов, муовини раҳбари Сарраёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, шикоятҳо дар бораи шиканҷаи зиндониёнро рад карда, онро як “маъракаи сиёҳкунӣ” донист.

Ӯ рӯзи шашуми июн дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо “Озодагон” гуфт, агар шиканҷа дар зиндонҳои кишвар ҷо медошт, комиссияи махсуси Вазорати адлия ва намояндагони Додситонии кулл онро ошкор мекарданд.

Баҳром Абдулҳақов: “Як чизро мегӯям, ин шикоятҳо на ҳама вақт асоси воқеӣ доранд. Ба чӣ хотир? Бубинед, шикояткунандагон мегӯянд, ки худашон ва ё наздикашон дар дохили зиндон мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд. Дар ин бора танҳо онҳо мегӯянд. Аммо мо комиссияи худро дорем. Ҳамчунин аз тарафи мақомоти дахлдор, ба хусус Додситонии кулл дар зиндонҳои мо тафтишот гузаронда мешавад. Агар шиканҷа, воқеан, ҷой медошт, аз ҷониби ин гуруҳҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ мегардид ва ё ҳадди ақал ба он ишора мешуд. Аслан сарусадо атрофи ҳамин зиндонҳо хеле зиёд шудааст. Дар расонаҳои хабарӣ ҳам муроҷиату шикояти шаҳрвандонро дар робита ба ин масъала зуд-зуд дучор мешавем.”

Озодагон: Вале шикояту муроҷиатҳои охир аз тарафи як хонавода ва ё гурӯҳанд, ки мешавад онро нодида гирифт? 

Баҳром Абдулҳақов: “Шумо метавонед, ба сифати далел ба ман аз як шикоят ва муроҷиате бигӯед, ки хусусияти гурӯҳӣ ё дастаҷамъӣ дошт?”

Озодагон: Барои мисол, шикояти наздикони гурӯҳи зиндониёне, ки аз Душанбе ба Хуҷанд фиристода шуданд ва ё шикояти хонаводаи Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор...

Баҳром Абдулҳақов: “Дар ин маврид чизе гуфта наметавонам. Баррасиҳо ҳоло идома дорад. Ҳамин ки баррасиҳо анҷом ёфт, мо метавонем дар ин маврид нуқтаи назари худро бигӯем, ки то куҷо шикоятҳо воқеият доштанд.”

Озодагон: Вақте мегӯед, ин шикоятҳову муроҷиатҳо асоси воқеӣ надоранд, фикр мекунед, ҳадаф аз навиштани онҳо чист? 

Баҳром Абдулҳақов: ”Қабл аз ҳама сиёҳ кардани низоми нигоҳдории муассисаҳои ислоҳӣ ё худ фаъолияти мо аст. Онҳо мехоҳанд, ки низомро дар муассисаҳои нигоҳдорӣ бартараф кунанд. Ин ҳам як сиёсат аст.”

Озодагон: Агар сиёсат аст, пас, он аз ҷониби кӣ роҳандозӣ мешавад ва ба чӣ мақсад? 

Баҳром Абдулҳақов: “Аз ҷониби афроде, ки дар макони иҷрои адои ҷазо, яъне зиндонҳо ҳастанд. Аз тарафи хонаводаи онҳо роҳандозӣ мешавад. Онҳо талош доранд, ки низоми нигоҳдорӣ вайрон шавад, реҷаро вайрон кардан мехоҳанд.”

Озодагон: Яъне гуфтанӣ ҳастед, ки ҳуқуқи шаҳрвандон дар дохили зиндон ё боздоштгоҳҳои муввақатӣ риоя мешаваду шикояти онҳо танҳо ба хотири латма задан ба обрӯи маъмурияти Шумост? 

Баҳром Абдулҳақов: “Албатта, ҳуқуқи шаҳрвандон дар муассисаҳои нигоҳдорӣ риоя мешавад. Ман инро сад дарсад тасдиқ мекунам, ки ҳуқуқҳояшон таъмин аст. Тасаввур кунед, ки дар як муассиса ҳудуди ҳазор нафар нигоҳдорӣ мешавад. Аз он ҷо, аз зиндагонии онҳо комиссияи мо, гузоришгарони махсуси Созмони Милал мунтазам боздид мекунанд. Агар мушкил вуҷуд медошт, ҳатман аз забони ин масъулин садо медод.”

Озодагон: Албатта, комиссияи Шумову СММ имкони боздид аз зиндонҳоро доранд. Дар баробари ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносону созмонҳои ғайриҳукуматӣ шикоят аз он доранд, ки барои боздид аз зиндонҳо дастрасӣ надоранд...

Баҳром Абдулҳақов: “Бубинед, дар айни замон маъмурияти мо ба 12 созмони ғайриҳукуматӣ дар ин самт ҳамкорӣ дорад, ки он тибқи муқаррароти созишнома ба роҳ монда шудааст. Магар ин кам аст? Бояд бигӯям, ки ин созмонҳо ҳуқуқ ва имкони боздид аз зиндонҳоро дар дилхоҳ вақт доранд.”

Ҳумайрои Бахтиёр, «Озодагон»