Мусоҳиба бо имову ишора бо сарбози тирхӯрда

Мусоҳиба бо имову ишора бо сарбози тирхӯрда

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 16 феврал ба аёдати Наҷмиддин Қаюмов -- сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон рафт, ки ду ҳафтаи пеш қасд ба ҷони худ карда, ҳоло дар Қарияи Болост ва бо имову ишора ҳарф мезанад.

Наҷмиддин Қаюмов , сарбози яке аз қисмҳои низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, ки ду ҳафтаи пеш бо истифода аз “Калашников” қасд ба ҷони худ карда, ҳоло дар Қарияи Болои Душанбе бистарист, бо имову ишора ва гоҳе навиштани фикрҳояш ба рӯи коғаз ба пурсишҳои хабарнигори Радиои Озодӣ ҷавоб дод. Ӯ гуфт, айни замон вазъи саломаташ рӯ ба беҳбуд оварда, умедаш барои идомаи зиндагӣ бештар шудааст.

Бо вуҷуди саволҳои зиёд дар мавриди он ки чаро қасд ба ҷони ҷавонаш кардааст, ин сарбози Вазорати дифоъ посухи дақиқе надод ва танҳо гуфт, дар хидмат мушкиле надошт ва намедонад чаро ин ҳолат рух додааст.

Ин ҷавоби Наҷмиддин Қаюмов дар ҳолест, ки ҳам наздикони ӯ ва ҳам муфаттишони Додситонии низомӣ мунтазири посухи ӯ буданд, то рӯшан кунанд, қазия чигуна ва дар чӣ вазъе иттифоқ уфтодааст. Қаблан ки Наҷмиддин дар ҳолати кома ва ё беҳушӣ буд, онҳо мегуфтанд, интизори ба худ омадану ҳарф задани ӯянд. Вале ҳоло маълум нест, ин посухи сарбози тирхӯрда, ки дар мавриди қазияааш ба мо гуфт, то куҷо роҳро барои муфаттишон боз мекунад.

Ин сарбози тоҷик ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин бора ки оё ҳамхидматону намояндагони Вазорати дифоъ ба ҳолпурсии ӯ меоянду кумак мекунанд, бо сарҷунбонӣ ҷавоб гуфт. Вай гуфт, то ҳоло ҳамхидматонаш ба дидорбинии ӯ наомада, аммо намояндагони Вазорати дифоъ пайваста аз ҳоли ӯ хабар мегиранд.

Наҷмиддин Қаюмов, ба қавли табибон, дар ду-се рӯзи охир ба худ омада, барои идомаи табобаташ ба Шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи калонсолони Қарияи Боло интиқол ёфтааст. Наздиконаш ҳам мегӯянд, Наҷмиддин ҳоло бидуни ягон мушкил аз ҷои худ хеста, ҳаракат мекунад ва камтар ба ёрии диагрон эҳтиёҷ дорад. Чизе ки ба гуфтаи онҳо мояи азияти Наҷмиддин дар ҳоли ҳозир аст, ин аст, ки ҳарф зада наметавонад.

Акбаршоҳ Олимов, мудири Шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи калонсолон дар Қарияи Болои шаҳри Душанбе гуфт, Наҷмиддин Қаюмовро рӯзи 17 феврал ҷарроҳӣ хоҳанд кард ва ӯ изҳори умед намуд, баъд аз он вазъи ин сарбози тирхӯрда боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Дар мавриди он ки оё Наҷмиддин Қаюмов дубора кай ба ҳарф задан хоҳад даромад, Олимов санаи дақиқеро пешбинӣ накард ва танҳо гуфт, “сабр бояд кард”.

Ozodi