Намедонам, чӣ кунам, вақте марг дар мекӯбад

Намедонам, чӣ кунам, вақте марг дар мекӯбад

Медонам, дандонро баъд аз хӯрдани ғизо мешӯянд. Медонам, ки маҳалгароӣ бад аст. Медонам, ки суҳбат бо даҳони пур беодобист ва набояд хурсанд шуд, вақте ҷанги шаҳрвандӣ таҳдид мекунад. Медонам, ки пеш аз даромадан дарро кӯфтан лозим ва вақте дарро мекӯбанд, онро кушодан даркор. Боз ҳам медонам, ки бе ҳеч чӣ “кӯфтан” хеле бад аст. Аммо намедонам, чӣ кор бояд кард, вақте мекушанд...

Онҳо ҳамаашон саршор аз ҷавонию нерӯ буданд ва ба эҳтимоли қавӣ мушкиле бо саломатияшон надоштанд. Махсусан, Хуршед Бобокалонов, табиб ва варзишгар, ки дақиқ набояд мушкиле бо кори дил медошт.

Аммо баъд аз фавташон, чуноне ки дар мавриди марги Умедҷон Тоҷиев гуфтанд, дили онҳо заиф буд. Баъд аз чанде ҳама ба маҷрои худ бармегардад ва дар бораяшон аз нав ҳама фаромӯш мекунанд. Ҳамчуноне ки дар бораи Сабзалӣ Мамадризоев алакай фаромӯш кардаанд, ки мурдаашро ба партовгоҳ партофта буданд. Танҳо барои он ки ӯ ҳақиқатро гуфт, аммо чун бисёриҳо на дар сари дастархон, балки дар назди издиҳоми мардум.

Аммо ин танҳо қатрае аз баҳр аст. Чун дар воқеъ теъдоди нафаронеро, ки ба марг расондаанд ба маротиб бештар аст. Ин онҳоеянд, ки дар сохтмонҳои Русия, аз ноогоҳии бархе табибон дар беморхонаҳо, бебарқӣ дар таваллудхонаҳо, аз дасти “дедҳо” дар артиш ва аз дасти бархе “калонзодаҳо”-и сари чанбараки мошинҳои гаронарзиш фавтиданд.

Чун ба марг расондан на танҳо тариқи гузарондани ноқилҳои барқӣ мумкин аст, балки бемасъулиятию бефаъолиятӣ низ ба марг меоранд.
Дар ҳамин ҳол, медонам, ки пеш аз даромадан дарро кӯфтан даркор ва вақте дарро мекӯбанд онро кушодан даркор. Аммо намедонам чӣ кунам, вақте марг дар мекӯбад.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигор. Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст. 

Озодагон