О.Бобоназарова: "Хуан Мендесро аз вазъи шиканҷа огоҳ кардем"

О.Бобоназарова: "Хуан Мендесро аз вазъи шиканҷа огоҳ кардем"

Аз сафари қаблӣ то ташрифи дубораи гузоришгари СММ оид ба шиканҷа ба Тоҷикистон ду сол мегузарад, аммо Душанбе ба ҷуз қабули моддаи алоҳидаи 143-1 оид ба «шиканҷа», дар ин росто дигар коре накардааст.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик ва раиси созмони «Перспектива плюс» пас аз мулоқот бо Хуан Мендес ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар замони сафари пешини гузоришгари олии СММ оид ба шиканҷа ваъда дода буданд, ки созмонҳои зидди шиканҷаро ба маҳбасҳо иҷозаи вуруд медиҳанд, аммо то кунун ин иқдом сурат нагирифтааст.

Хонум Бобоназарова афзуд, «дар мулоқоти мо гузоришгари олии СММ аслан ба ҳарфҳои мо гӯш медод ва суол низ медод. Ман гуфтам, ки баҳсҳои додгоҳӣ дар мавриди парвандаҳои зарари маънавии барои ҷуброни хонаводаҳое, ки наздиконашон (Сафаралӣ Сангов, Баҳромиддин Шодиев, Ҳамза Икромзода ва дигарон) дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва маҳбасҳо бар асари латту кӯб ва шиканҷа ҷон додаанд, аз тарафи вазоратхонаҳои зидахл пардохта нашудааст».

Ба нақли хонум Бобоназарова, гузоришгари олии СММ аз бетаваҷҷуҳии ниҳодҳои масъул дар амри коҳиш додани мизони шиканҷа нороҳат буд ва ҳатто ваъда додааст, сарфи назар аз он, ки баъзе масъалаҳо ба мандати вай тааллуқ надоранд, дар мулоқоташ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар миён хоҳад гузошт.

Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки ҷаноби Мендесро аз афзоиши шиканҷаву зӯроварӣ дар боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бораи сарнавишти Умедҷон Тоҷиев, латту кӯб шудани Садриддин Тошев ва оид ба зӯроварӣ дар нисбати наворбардори «Озодагон» Абураҳим Шукуров дар ҷараён гузоштаанд. Дидори гузоришгари СММ бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 10 феврал доир шуд.

Гузоришгари СММ Хуан Мендес рӯзи 10 феврал ҳамчунин бо Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ доштааст. Дар ин дидор Рамазон Раҳимов оид ба иқдомоти вазорат дар мавриди коҳиш додани шиканҷа дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ гузориш дода, зикр кардааст, ки дар моҳи апрели соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моддаи алоҳидаи 143ғ1 илова карда шудааст, ки дар он мафҳуми «шиканҷа» ба талаботи меъёри моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканҷа мутобиқат менамояд.

Баҳси шиканҷа дар дидори Аслов ва Мендес

Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 10 феврал бо Хуан Мендес – гузоришгари вижаи СММ дар масоили шиканҷа ва дигар анвоъи рафтори ғайриинсонӣ ва рафторе, ки шарафи инсониро паст мезананд, мулоқот кард. Бино ба иттилоъи департаменти иттилооти ин вазорат, дар дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва гузоришгари СММ дар масоили шикнаҷа Хуан Мендес масоили марбут ба иҷрои Паймони зидди шиканҷаи СММ дар Тоҷикистон ва ҷараёни иҷрои тавсияҳои қаблии ин гузоришгари СММ  вам мавзӯъи ба ниҳодҳои дигари байналмилалии ҳуқуқи башар пайвастани Душанбе баррасӣ шудааст. Тақвияти ҳамкорӣ бо СММ дар масоили ҳуқуқи башар ва такмили қонунгузории Тоҷикистон дар бахши ҷилавгирӣ аз шиканҷаву бадрафторӣ аз мавзӯъҳои дигари инм улоқот гуфта мешавад.

Хуан Мендес  дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон баъд аз зӯҳри имрӯз бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ мулоқот мекунад. Дидору гуфтугӯҳои ӯ бо мақомоти дигари Тоҷикистон ва ҳамчунин боздидаш аз маҳбасҳо ба хотири ошноӣ бо шароити нигаҳдории маҳбусон низ дар назар дошта шудааст.

Хуан Мендес бори аввал дар моҳи майи соли 2012 аз Тоҷикистон дидан карда, зимни он сафар бо шароит дар маҳбаси рақами 17 ва чанд воҳиди низомӣ ошно шуда буд. Баъди он сафар Мендес дар гузоришаш ба давлати Тоҷикистон як силсила тавсияҳо дод, ки якеаш – ворид кардани банди алоҳидаи шиканҷа дар Кодекси ҷиноӣ – соле пеш иҷро шуд.

Қабл аз сафари Мендес додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода гуфт,  дар соли 2013 ба додситонӣ роҷеъ ба 16  мавриди шиканҷа шикоят шудааст, вале ҳангоми таҳқиқ танҳо  4 мавриди бадрафториро собит ва дар қиболи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд. Дар соли 2012 дар Тоҷикистон роҷеъ ба 9 мавриди шиканҷа ва зӯроварӣ дар боздошт парвандаҳои юиноӣ боз шуда буд.

Гузоришгари СММ дар Душанбе

Хуан МендесХуан Мендес, гузоришгари махсуси Созмони Миллаи Муттаҳид, ки 10-уми феврал ба Тоҷикистон омад, дар назар аст бо масъулони ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба мавзӯи шиканҷа гуфтугӯҳо намояд.

Сафари Хуан Мендес ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки мавзӯи шиканҷа яке аз масъалаҳои мавриди баҳси чанд соли ахир дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, дар як соли ахир (2013) дар муассисаҳои ислоҳии ин кишвар, яъне дар зиндонҳояш ягон мавриди шиканҷа сабт нашудааст.

Ахиран дар нишасти хабарии вазорати адлия Ҳаким Мирсайев, муовини вазири адлияи гуфта буд, ки ҳарчанд дар муассисаҳои ислоҳӣ шиканҷаро ба қайд нагирифтаанд, аммо "инкор намекунем, ки вобаста ба ҳолати фаъолият дар муассисаҳои ислоҳӣ шиканҷа набошад, аммо дар соли 2013 мавориде дар ин замина мушоҳида нашудааст".

Ин дар ҳолест, ки Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ бо нашрия як баёния аз марги мармузи Умедҷон Тоҷиеви 34-сола дар беморхонаи идораи зиндонҳо дар шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ карда буд. Дар ин изҳорот гуфта мешуд, ки «дар чанд соли охир ин нахустин ҳодисаи марг бар асари истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон нест».

Аз ҷумла, дар давоми изҳорот аз Сафаралӣ Сангов, Баҳромиддин Шодиев, Дилшодбек Муродов, Исмоил Бачаҷонов, Исмонбой Бобоев, Хуршед Бобокалонов ва Ҳамзаалӣ Икромзода ном бурда шудааст, ки ҳамагӣ дар боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳои Тоҷикистон вафот кардаанд.

Эътилофи зидди шиканҷа дар изҳороташ аз "тафтишоти тӯлонӣ ва бенатиҷа"-и марги мармузи Бобоев, Муродов ва Бобокалонов низ изҳори нигаронӣ карда, хостори анҷоми таҳқиқи ин қазияҳо низ шуда буд.

Ozodi