Писаратонро муфаттиши маҳбас куштааст

Писаратонро муфаттиши маҳбас куштааст

Бурҳонова Лӯъбат Раҳимовна, аввалин диктори радио ва телевизиони Тоҷикистон, ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» аз он шикоят намуд, ки писараш Муродов Дилшодбек Гулмирзоевичро бераҳмона дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат ба қатл расондаанд. Ба гуфтаи вай, дастҳои писарашро бо сигор сӯзонданд, ҳамчунин дасту пояш шикаста, ҳамаи дандонҳояш рехта буданд. Ин ҳодиса 4 сол қабл ба вуқӯъ омада буд, мегӯяд вай.

Лӯъбат Раҳимовна мегӯяд, ба ҳамаи муассисаву мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳамчунин Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат намуд, вале то ҳол ба қазияи марги фарзанди ӯ расидагӣ нашудааст. Дар як сӯҳбате бо хабарнигори «ИмрӯзNews» номбурда дар ҳамин мавзӯъ қисса кард.

ИмрӯзNews: - Ин ҳодиса кай рух дода буд?

Лӯъбат Бурҳонова: - Писарам 2 феврали соли 2009 барои партофтани ахлот назди мактаби №7 баромад. Ҳангоми партофтани ахлот милисаҳо омада, ӯро дастгир мекунанд. Милисаҳо ӯро қапида, гирифта мебаранд. Ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебаранд. Вақте мебаранд, ба ман соати 12 ё 13 додарам занг мезанад, ки ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ биё, ки писаратро дастгир намудаанд. Ба додарам, Зокир Абдураҳмонов, муфаттиш гуфтаанд, ки 1000 доллар пагоҳ гирифта биёред, ман то соати 12 ҷавоб медиҳам писаратонро. Рӯзи дигар ман 300 доллар бурдам. Мо бояд 1000 доллар медодем, ки ӯро ҷавоб диҳанд. 300 доллар бурдам, Зокир Абдураҳмонов гуфт, ки ин кам аст, мо бисёрӣ ҳастем. Шумо раведу ман ӯро ба экспертиза худам мебараму ба хонаатон меорам гуфту маро фиреб кард. Хона омада нигоҳ карда шиштам. Ду соат интизор шудам, наомад. Боз рафтам. Ба шӯъбаи корҳои дохилӣ боз рафтам, ки аллакай дуюм ошёна баровардаанд ва парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Бо ҳамин писарамро дастгир карданд.

ИмрӯзNews: - Дар бораи марги писаратон ба шумо кай хабар доданд?

Лӯъбат Бурҳонова: - 6 август зодрӯзи бачаам буд. Ман дар мулоқот бо ӯ будам. 9 август ба ман телефон карда гуфтанд, ки писарат мурдааст, биёву гир мурдаи писаратро. Ҳамроҳи додарҳоям мошин гирифта, аввал калонияи №1 рафтем. Дар он ҷо як гуруҳ маҳбусонро ҷамъ карда, қатор кардаанд. Ҳар як тои он пеши ман омада мегӯянд, ки писарат ҳоҷатхона даромад, дар он ҷо афтид, баромада рафт-рафту афтид, аз биниаш хун омаду мурд. Ҳамаашон ҳамин гапро гуфтанд, ҳам якум ва ҳам дуюмаш, сеюм, чорум…

Баъд ба ман як мошин дода, ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат бурданд. Додарҳоям ба ман гуфтанд, ки экспертиза кунем, лекин ман розӣ нашудам. Кормандони беморхона ба ман гуфтанд, ки мо ба шумо мурдаро ба шарте медиҳем, ки ба ягон ҷо даъво намекунед. Ман гуфтам, ки не ба ягон ҷо даъво намекунем. Дар акси ҳол намедиҳем, гуфтанд.

Мурдаро доданду гуфтанд, ки шустагӣ, кафан кардагӣ, онро нашӯетон, кафанашро накушоед, бурда гӯронед. Мо овардем бачаамро як шаб «меҳмон» кардем. Субҳ бачаамро шустанд. Додарам, ки дар дохил буд, гуфт, ки мурда ношустааст. Ҳамон либосҳои маҳбасиаш бо майкааш, хун қатӣ часпидааст. Ҳангоми шустан расмҳояшро гирифтанд.

ИмрӯзNews: - Чаро то ин дам ба ҳеч куҷо муроҷиат накардед?

Лӯъбат Бурҳонова: - То ин дам ман бовар доштам, ки писарам афтидагӣ. Ариза кардам, кӣ чаро дар ҳоҷатхона афтида мурдааст? Шояд ба ӯ маҳбусон ягон чашми бад кардаанд. Моҳи январи соли 2010 телефон шуд. Телефонро бардоштам, ба ман гуфтанд, ки «Ручка ва қоғазро гирифта, ягон суол надода нависед! Писари шуморо муфаттиши калони маҳбасхона Ҷамол Мухтор куштааст. Илтимос, хап нашинед, ӯ ҳамеша кӯштор содир мекунад ва бе ҷазо мемонад. Ман ҳам ду фарзанд дорам. Илтимос, ба мо кӯмак кунед, моро наҷот диҳед!», - гуфту гӯширо монд.

ИмрӯзNews: - Ба куҷо муроҷиат кардед ва ҷавоб чӣ буд?

Лӯъбат Бурҳонова: - Ман ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навиштам. Як нафар ин парвандаро дида баромаду гуфт: «Мо медонем, ки паҳнкунандаи маводи мухаддир дар зона ҳамин Ҷамол Мухторов аст, лекин мо ӯро дастгир карда наметавонем, ҳеч исбот карда наметавонем». Хуллас, корро хобонданд.

Ба ман ҳама гуфтанд, ки писаратон афтида мурдагӣ аст. Духтури беморхона мурдаро дида ташхис баровардааст, ки ӯ аз бемории қалб мурда бошад, дигараш мегӯяд, ки афтида мурдааст. Қадомаш рост? Писари ман ҷанговари интернатсионалист, дар Афғонистон хизмат кардааст. Дар шаҳрҳои Кобул, Баҳром ва Панҷшер ҷангидааст. Командири разведка буд.

Як бор ба вазири адлия навиштам, ба ман аз номи генерал-лейтенант Иззатулло Шарифов ҷавоб омад. Боз ҳамон гапи пештара. Агар писари ман касалӣ мешуд, ӯ дар Афғонистон хизмат мекард? Ман дар ҳеч куҷо ҳақиқатро намеёбам.

ИмрӯзNews: - Гуфтед, ки ба Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат кардед…

Лӯъбат Бурҳонова: - Ба наздикӣ ман ариза ба номи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун навиштам. Шикоят фиристодам. Як гурӯҳ одамон аз СММ барои тафтиши маҳбасхонаҳо омаданд. Сенаторе, ки роҳбари ҳамин даста буд, бо ман ҳамсуҳбат шуд. Сенатор ҳамаи суратҳои гирифтаро бо шарҳҳои ман бо худ гирифт.

Аз ин пеш айнан чунин мактубро ба президент равон карда будам. Аз президент ба ман ҷавоб омад, ки ба Прокуратураи генералӣ фиристоданд. Се моҳ мешавад, ки аз Прокуратураи генералӣ ягон ҷавоб нест. Аз СММ низ ҳоло ҷавоб наомадааст. Ба СММ дар шаҳри Душанбе ва ба САҲА муроҷиат кардам.

ИмрӯзNews: - Ба созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накардед?

Лӯъбат Бурҳонова: - Кори ман айни ҳол дар дасти ҳуқуқшиносони СММ мебошад. Абдураҳмон Шарипов ва Сергей Романов ба ман кӯмак карда истодаанд. Вақте ки онҳо эксгуматсия (аз гӯр кашида баровардани мурда ба маӯсади тафтишоти судию тиббӣ, криминалистӣ ё патологоанатомӣ) карданд, дар ин ҷо низ рӯйи хотир карданд. Ин навбат духтурон гуфтанд, ки ё ба пушт афтидааст ва ё бо ягон чизи вазнин задаанд. Аниқ намегӯянд.

Вақте ки ба Прокуратураи генералӣ навиштам, кори ман ба дасти муфаттиш Оқилов Фозил афтид. ӯ ба ман гуфт, ки биёед, як бори дигар эксгуматсия кунем, ман не гуфтам. Духтурон навиштанд, ки писари ман 8 августи соли 2009 гузаштааст, лекин Оқилов гуфт, ки 7 август мурдааст. 6 август рӯзи зодрӯзаш буд.

ИмрӯзNews: - Гуноҳи писаратонро чӣ гуна шарҳ доданд?

Лӯъбат Бурҳонова: - Гуноҳи писарамро намегӯянд. То ҳол намедонем барои чӣ писари маро дастгир карданд. Ҳангоми боздошт кардан дар кисааш 1,0034 грамм маводи мухаддир партофтанду гунаҳгораш карданд. Дандонҳояш рехтагӣ, ягон дандонаш намонда буд, гӯшҳояш кандагӣ. 2 феврал дастгир карданд, маҳбас бурданд, то мурданаш дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат буд, 6 моҳ дар маҳбас қарор дошт. Дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ман гуфтанд, ки Ҷамол Мухторов ҷияни генерал-лейтенант Иззатулло Шарифов мебошад, барои ҳамин ӯро ҷазо намедиҳанд. Иззатулло Шарипов ҷароҳатҳои бардоштаи писарамро, ки ҳам сӯзонадагӣ, дасту пояш шикастагӣ буданд, шарҳ надод. Фақат як гап, афтида мурдааст, гуфт.

ИмрӯзNews: - Писаратон умуман чӣ кор мекард?

Лӯъбат Бурҳонова: - Писарам дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар курси 6 мехонд. 4 феврал имтиҳон дошт. Кош 1000 доллар медодаму лекин писарам намемурд. Чаро ман хасисӣ кардам? 6 августи соли 1963 таваллуд шудааст. 4 сол мешавад, ки ман фақат муроҷиат мекунам, фақат ба ман мебиёяд, ки «даъвои ман тасдиқ нашуд».

Ҳатто ба қабули Прокуратураи генералӣ ҳам рафта будам.

Онҳо инсон-ку, наход ҳамин хел зананд, одамро ҳамин хел пора-пора мекунанд? Бо сигарет сӯзондагӣ, ин чӣ зулм? Аз Афғонистон аз ҷанги Панҷшер зинда омад. Наход дар давраи тинҷу осоишта, аз дасти тоҷикон дар ватани худ кушта шавад. Писарам ду фарзанд дорад. Духтарчааш 8-сола, писараш 6-сола мебошанд.

Латофат Мирзоева, "ИмрӯзNews", №10 (549) аз 25-уми январи соли 2013.