Пушти девори зиндон: Аз ҳаққи маҳбус кӣ дифоъ мекунад?

Пушти девори зиндон: Аз ҳаққи маҳбус кӣ дифоъ мекунад?

24-уми июл дар зиндони шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии ду маҳбусе оғоз меёбад, ки гуфта мешавад, масъули паҳн кардани навори шиканҷаанд.

Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфт, алайҳи Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, маҳбусони зиндони 7-и шаҳри Хуҷанд додситонии махсус парванда боз кардааст: «Кори ҷиноятие, ки нисбати онҳо шурӯъ шуда буд, ба он чӣ дар Душанбе гузашт, рабт надорад. Сухан дар бораи сохтакорӣ, ки гӯё нисбати онҳо шиканҷа шудааст, меравад. Аз ин хотир, алайҳи онҳо парванда боз шуд».

Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев шоҳидони латукӯби Ҳамза Икромзода шумурда мешаванд, ки моҳи сентябри соли 2012 дар шароити мармуз дар зиндони якуми шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Онҳоро дар моҳи ноябр, баъд аз сарусадоҳо дар бораи марги иҷбории Икромзода аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол доданд.

Наздикони маҳбусон мегӯянд, масъулини маҳбас аз онҳо талаб мекунанд, ки аз шоҳидӣ дар марги Ҳамза Икромзода даст кашанд, аммо онҳо ба ин талабҳо муқовимат кардаанд. Ба қавли наздикон, наворҳои шиканҷаи онҳо, ки дар расонаҳо пахш шуд, то ҷаласаҳои байналмилалии ҳуқуқи башар роҳ ёфтанд.

Ва ҳоло тавре аз гуфтаи мақомот бармеояд, ин наворҳо сохтакорӣ буда, таҳқиқи додситонӣ ва додгоҳро тақозо мекунанд.

Аммо суол ин ҷост, ки як маҳбус то куҷо ҳақ дорад аз ҳуқуқи хеш дифоъ кунад?

Вазири адлия мегӯяд, ҳуқуқи маҳбусонро Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муайян кардааст ва бино ба он, як маҳбус ҳақ дорад барои дифоъ аз ҳуқуқаш вакили дифоъ дошта бошад. Аммо ба қавли ӯ, тибқи қонунгузорӣ назорати иҷроиши қонун дар маҳбасҳо ба зиммаи додситониии махсус ва додситониҳои шаҳру ноҳияҳост ва зиндониён ҳар сари чанд вақт метавонанд бо онҳо вохӯранд ва шикояти худро расонанд.

Маҳмурод Одинаев, падари маҳбус Суннатулло Ризоев мегӯяд, амалан барои садо баланд кардани маҳбус аз ҳуқуқаш шароит вуҷуд дорад, вале воқеиятҳои дигаре ҳастанд, ки аҳамияти ин ҳамаро аз миён мебарад: «Ӯ метавонад ба додситонӣ, додситонии махсус, додгоҳ ва ҳатто додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад, шикояти худро расонад. Роҳҳо гуногунанд. Аммо муаммо ин ҷост, ки низоми мавҷуда дар Тоҷикистон барои амалӣ шудани адолати додгоҳӣ мувофиқ нест. Куҷое муроҷиат накунед, касе ба доди шумо намерасад».

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи додситони кулли Тоҷикистон, додситонҳои махсус ва шаҳру ноҳияҳо тайи шаш моҳи ахир дар боздоштгоҳу зиндонҳо 2085 санҷиш гузаронда, ба раёсати зиндонҳои вазорати адлия 141 амрнома, 131 эътироз ва 26 пешниҳод овардаанд. 40 коргар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, алайҳи се нафар 3 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин дар маҳбасҳо қуттиҳои шикоят вуҷуд доранд, ки зиндониён метавонанд тариқи онҳо ба додситон муроҷиат кунанд. Ҳаққи боз кардани ин қуттиҳоро танҳо додситони махсус дорад.

Аммо вакил Шӯҳрат Қудратов аз таҷрибаи худ дар амри дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон мегӯяд, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ фаъолиятҳои ҷонибҳо, чӣ зиндонӣ ва чӣ зиндонбонро ба сароҳат маълум кардааст. Вай афзуд, қисме аз ҳуқуқи зиндониён, ки ин Кодекс муайян кардааст, муроот мешавад, аммо қисми дигар на: «Масалан, агар сухан дар бораи камераи будубош, сарулибос, хӯрду хӯрок равад, ҳуқуқҳои маҳбусон роия мешавад. Аммо чун барои беҳтар кардани шароити будубоши ӯ эҳтиёҷе бошад, онро дидаву дониста ҷилавгирӣ мекунанд. Масалан, тибқи муқаррарот, маҳбус ҳақ дорад аз ҳисоби худ дар утоқаш телевизор дошта бошад, аммо ин ҳаққи ӯ муроот намешавад».

Ба ҳамин минвол, коршиносон мегӯянд, дар баробари Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ маҳбасҳои Тоҷикистон қоидаҳои нонавиштае доранд, ки иҷрои онҳо аз сӯи раҳбарон бар асоси хулосаҳои сиёсиашон пиёда мешавад. Онҳо ҳамчунин маҳбусоне, назири Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва дигаронро мисол меоранд, ки аз шароити будубош ва ҳам ҳукми худ норозӣ буданд, вале шикоятҳои онҳо посухи яксони манфӣ дошт.

Фарҳоди Милод, Ozodi