Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов имрӯз маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендезро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин Стефан Селг – намояндаи котиботи Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, Мария Ноэл Леони – ҳамоҳангсози Ташаббус оиди пешгирии шиканҷа, Лилия Захариева – мушовир оид ба ҳуқуқи инсони Раёсати СММ дар Тоҷикистон ва Суҳроб Шоев – корманди Барномаҳои миллии Раёсати СММ дар Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов оид ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт суханронӣ намуда, қайд кард, ки «моҳи апрели соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи алоҳидаи 143 прим 1 илова карда шуд, ки дар он мафҳуми «шиканҷа» ба талаботи меъёри моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканҷа мутобиқат менамояд. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷаро нисбати иштирокчиёни мурофиа манъ намуда, далелҳои бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашударо беэътибор эълон менамояд».
Дар ин нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки соли 2012 Барномаи давлатии таъмини амнияти иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ барои солҳои 2013-2016 тасдиқ гардид. Барномаи мазкур бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», ки барои ташкили низоми ҳимояи шоҳидон, аз ҷумла, ҷабрдидагони шиканҷа равона шудааст, қабул гардид. Мақсади Барнома амалӣ гардонидани чораҳои ҳифзи давлатии ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошад.
Дар ин замина Вазорати корҳои дохилӣ тасмим гирифтааст, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ чун яке аз унсурҳои асосии таъмини ҳуқуқи инсон»-ро барпо намояд.
Дар идомаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов иброз дошт, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ аз болои фаъолияти кормандон назорати мунтазами пурзӯр ва санҷиши иҷроиши фармону дастурамалҳо, риояи қонуният ва интизом ба роҳ монда шудааст.
Дар натиҷа дар соли 2013 сатҳи қонунвайронкунӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 33% паст гардид.
Ҳамчунин дар муассисаҳои нигаҳдории муваққатӣ ва қисмҳои навбатдории шуъбаҳои милитсия камераҳои мушоҳидавӣ барои назорати доимӣ таҷҳизонида шудаанд.
Донишандӯзӣ ва иттилоотонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ тибқи Барнома, бо роҳи ташкил ва гузаронидани семинар, курсҳои кӯтоҳмуддат, тренинг, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо бо мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ фанни махсуси «Риояи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни мубориза бо терроризм» ворид карда шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Ёддошти «Озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф» ба табъ расида, ба кормандон дастрас гардонида шуд.
Дар ҷараёни нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки роҳбарияти сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам бо аҳли ҷомеа, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олӣ, хонандаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва махсус вохӯриҳо гузаронида, дар рафти он масъалаҳои риояи ҳуқуқи инсон низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Мавриди тазаккур аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 тасдиқ карда шуд. Дар доираи ин ислоҳот лоиҳаи Барномаи ислоҳоти милитсия таҳия гардид, ки айни замон дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Бо мақсади ҳамкории зич бо аҳолӣ, бохабар будан аз вазъи кору рӯзгор, инчунин сари вақт дида баромадани арзу муроҷиати онҳо ва иштироки бевосита дар маъракаю чорабиниҳои оммавӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ба тасвиб расид.
Дар раёсатҳо ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ воҳиди кории ёрдамчии сардор оиди кор бо ҷомеа таъсис дода шудааст, ки онҳо бо мардум вохӯрда, мушкилоти шаҳрвандонро ҳаллу фасл менамоянд. Дар идомаи суханрониаш Вазири корҳои дохилӣ афзуд, ки «ин самти хизматӣ яке аз самтҳои муҳим арзёбӣ гардида, баҳри боз ҳам равобити наздик доштани кормандони милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад».
Мавсуф қайд намуд, ки дар баробари пешравиҳо дар фаъолияти хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ камбудиҳо низ ҷой доранд, ки баҳри бартараф кардани онҳо мунтазам аз ҷониби роҳбарияти Вазорат чораҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар навбати худ маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Хуан Мендез изҳор дошт, ки «Ман мушоҳида кардам, ки баъд аз ду соли вохӯрии мо як қатор дигаргуниҳо дар самти андешидани чораҳо ва пешгирии шиканҷа дар мақомоти корҳои дохилӣ ба амал омадааст ва ман боварӣ дорам, ин чорабиниҳо бо ташаббуси бевоситаи Шумо роҳандозӣ гардидаанд».
Ҷаноби Хуан Мендез зимни суханрониаш вобаста ба мафҳуми шиканҷа ва тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин намуди ҷиноят чӣ гуна ҷазо пешбинӣ гардидааст, мароқ зоҳир намуд.
Ҳамчунин мавсуф оид ба ташрифҳои эълоннашуда ба маҳкамаҳои нигоҳдории муваққатӣ (ИВС) аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таклиф пешниҳод кард, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов пазируфта шуд.
Рамазон Раҳимов дар навбати худ зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун масъули асосии таъмини пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон бо иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масоили ҷилавгирӣ аз шиканҷа муносибати ҷиддӣ зоҳир намуда, ҳар як далели вайроншавии ҳуқуқҳои инсонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои дар сатҳи зарурӣ таъмин гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон чораҳои муассир меандешад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба ҳамдигар аз баргузории чунин як мулоқоти пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ намуданд.