Таҳмина Ҷӯраева: Ҳамаи боздидҳо аз муассисаҳои пӯшида бе огоҳсозии пешакӣ сурат мегиранд

Тӯли чор сол аст, ки Гуруҳи мониторингии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба муассисаҳои пӯшида дастрасӣ дорад ва оид ба риояи ҳуқуқи инсон мониторинг мегузаронад. Суҳбате доштем дар ин маврид бо роҳбари Гуруҳи мониторингии Эътилоф Таҳмина Ҷӯраева.

- Солҳои зиёд дар Тоҷикистон дастрасии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муассисаҳои пӯшида - колонияҳо, СИЗО, тавқифгоҳҳои муваққатӣ, муассисаҳои руҳӣ ва ғайра вуҷуд надошт. Ба шумо чи гуна даст дод, ки ба ин ноил шавед?

- Моҳи декабри соли 2012 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) дар Тоҷикистон дар мавриди якҷоя бо Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният таъсис додани Гуруҳи корӣ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар доираи модели «Омбудсмен плюс» ташаббус нишон дод. Гуруҳи мониторингии он замон дар доираи ин ташаббус таъсисёфта метавонист барои татбиқи Механизми миллии пешгирикунанда (ММП) тибқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа, ки механизми мониторинги доимии ҷойҳои маҳрумият аз озодиро бо мақсади огоҳсозӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар назар дорад, кӯмарасони асосӣ бошад.

Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният пешниҳод намуд, ки ин кор дар доираи Эътилофи зидди шиканҷа оғоз карда шавад. Ҳамин тавр, аз моҳи феврал то майи соли 2013 Эътилофи зидди шиканҷа вобаста ба ворид шудани аъзои Эътилоф ба гуруҳи мониторингӣ як қатор гуфтушунидҳо гузаронид. Мавқеи Эътилоф ин буд, ки фаъолияти гуруҳи мониторингӣ бояд пурра ҷавобгӯи принсипҳои Париж ва талаботи Протоколи факултативӣ, аз қабили мустақилияту баробарӣ бошад ва ба гуруҳ коршиносону мутахассисони мустақил ворид карда шаванд. Ҳамчунин, зарур буд, то фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ тариқи Дастурамали алоҳидае идора шавад, ки дар он ҳаҷми уҳдадориҳои аъзои гуруҳи мониторингӣ дақиқ муайян гардида бошад.

Ҳамин тавр, бо фармони ВҲИ аз 6-уми августи соли 2013 Гуруҳи корӣ оид ба пешбурди татбиқи ПФ ба КЗШ иборат аз 12 намояндаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шуд. Уҳдадориҳои Гуруҳи корӣ оид ба ҳамоҳангсоӣ ва мусоидат намудан ба пилотикунонии механизми мониторингӣ тақсимбандӣ шуда, он намояндагони Ваколатдор, мақомоти давлатӣ, бо шумули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, парлумон, прокуратура, мақомоти судӣ, инчунин намояндагони доираҳои академӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аъзои Эътилофи зидди шиканҷаро дар бар мегирад.

Баъдан, дар мувофиқа бо гуруҳи корӣ Гуруҳи мониторингӣ таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони Ваклоатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дохил гардидаанд.

- Боздидҳои шумо ногаҳонианд ё пешакӣ онҳоро бо роҳбарияти муассисаҳои пӯшида мувофиқа мекунед?

- Дар марҳилаи аввал ҳамаи боздидҳо бо огоҳсозии пешакӣ сурат мегирифтанд. Нақшаи кории боздид аз муассисаҳои пӯшида коркард гардида буд, ки номи макони боздидшаванда, вақти майяншуда, шакл ва муҳлати мониторинг, инчунин ҳайати гуруҳи мониторингиро дар бар мегирифт. Баъди як соли амалисозии фаъолияти гуруҳ, дар соли 2015 Эътилоф ва Ваколатдор ба мувофиқа расиданд, ки ҳамаи боздидҳои оянда бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида хоҳанд шуд. Ҳамин тавр, аз соли 2015 инҷониб тамоми боздидҳо бе огоҳсозии пешакӣ гузаронида мешаванд.

Дар оғози ҳар як соли тақвимӣ Ваколатдор ба ВКД, Вазорати адлия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм мактуб мефиристонад. Дар мактуби мазкур зикр карда мешавад, ки Гуруҳи мониторингӣ давоми сол мониторинги муассисаҳои таҳти роҳбарии онҳоро хоҳад гузаронид. Аммо на номи муассиса, на санаи боздид ишора карда намешавад.

- Дар кадом муассисаҳо бори охир мониторинг гузаронидед? Хулосаҳои умумӣ чи гунаанд? Кадом норасоиҳои умумӣ ба мушоҳида расиданд?

- Боздидҳои охирин поёни моҳи сентябр дар вилояти Суғд - дар тавқифгоҳи муваққатӣ, муассисаи руҳӣ ва маркази наркологӣ гузаронида шуданд. Айни замон натиҷаҳо коркард шуда истодаанд ва хулосаҳо вақтҳои наздик тариқи торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар ҶТ дастрас хоҳанд гардид.

- Ба шумо иҷозат дода мешавад, ки бо маҳбусон дар танҳоӣ суҳбат кунед?

- Бале, иҷозат дода мешавад. Дақиқан, ҳангоми суҳбат танҳо аъзои Гуруҳи мониторингӣ - намояндагони идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд. Кормандони ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудият дар вақти суҳбат ҳузур надоранд.

- Фарз кардем, ба шумо оид ба далели шиканҷа дар колонияи N ногаҳонӣ хабар мерасад. Амалатон чи гуна хоҳад буд?

- Дар чунин ҳолат мо ба номи ВҲИ мактуб омода намуда, дархост мекунем, ки боздиди якҷоя гузаронида шавад, то маълумоти дар хабарнома вуҷуддошта санҷида шавад. Ё дархост мекунем, ки ба ҳолати мазкур узви Гуруҳи корӣ - сардори шуъбаи махсуси прокуратура оид ба назорати ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ вокуниш нишон диҳад. Баъдан мақомоти мазкур дар бораи натиҷаи санҷишҳои гузаронидаашон ба мо хабар медиҳанд.

NoTorture.Tj