Машғулияти иттилоотонӣ дар ШВКД-1-и ноҳияи Фирдавсӣ

Чанде пеш барои гуруҳе аз кормандони ШВКД-1-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар мавриди ҳуқуқи инсон машғулияти иттилоотонӣ гузаронида шуд.

Нахуст адвокат Гулчеҳра Холматова барои иштирокдорони ҷамъомад «Дастурамал дар бораи дастгиркунӣ»-ро, ки аз 9 боб иборат мебошад, шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла асосҳо, шартҳо ва тартиби дастгир намудан, истифодаи яроқи оташфишон , истифодаи қувваи ҷисмонӣ ва дигар воситаҳои махсус ҳангоми дастгирнамоӣ, шикоят овардан ба амал ё беамалии шахсони дастгиркунанда ва озод кардани дастгиршударо ба таҳлил кашид.

Сипас намояндаи идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев баромад карда, аз ҷумла изҳор дошт: «Чи тавре ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Шиканҷа мутобиқи принсипҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ба қатори ҷиноятҳои вазнин мансуб буда, бо мақсади паст задани шарафи инсонӣ истифода бурда мешавад. Барҳам додани шиканҷа дар тамоми ҷаҳон яке аз вазифаҳои асосие мебошад, ки Созмони Милали Муттаҳид аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ додааст. Ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар соли 1948 шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шарафи инсониро дар Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар маҳкум кардааст. Дар моддаи 5-и Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар гуфта мешавад: «Ҳеҷ кас набояд таҳти азият ё муомила ва ҷазои сахт, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шарафи ӯ қарор дода шавад»».

Ба гуфтаи Ҳ. Нидоев, «шиканҷа ин ҷиноятест, ки аз ҷониби шахси мансабдор қасдан содир шуда, дар натиҷаи он бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта гирифтани маълумот, иқроршавӣ ё ҷазо додан барои содир намудани ягон ҳаракат, дарду азоби сахт ё азобу уқубати ҷисмони ё руҳӣ расонида мешавад. Шахсе, ки таҳти шиканҷа қарор дода шудааст ва инчунин оила ё аъзои оилаи ӯ солиёни дароз дар азоби ҷисмонӣ ва руҳӣ мебошанд. Бинобар ин, санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, бахусус Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ва санадҳои зиёди дигар шиканҷаро вайронкунии дағалонаи ҳуқуқи инсон дониста, онро маҳкум ва манъ менамоянд».

- Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар роҳи пешгирии шиканҷа бетараф нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шаҳрвандон истифода бурдани шиканҷаро комилан нораво дониста, аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ пайваста талаб менамоянд, ки дар ягон ҳолат дар фаъолияти худ ба тарзу усулҳои ғайриқонунии тафтишу таҳқиқ роҳ надиҳанд. Ҳамзамон, Президенти мамлакат талаб менамоянд, ки нисбати ҳар як ҳолати чунин қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони мақомот чораҳои қатъӣ андешида шавад,- афзуд ӯ.

Бино ба маълумоти номбурда, тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа, ҳар як давлати узв бояд дар қаламрави худ барои пешгирӣ намудани амалҳои шиканҷа чораҳои самарабахши қонунгузорӣ, маъмурӣ, судӣ ва ғайраро андешад: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои тибқи санади мазкур ба зимма гирифташуда чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Аз ҷумла моддаи 143, прим 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиканҷаро бо тамоми шаклҳояш ҷиноят эътироф намуда, барои он ҷазои дахлдор пешбинӣ кардааст. Талаботи Конвенсия дар бораи беэътибор донистани далелҳое, ки дар рафти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ бо роҳи зӯрӣ, таҳдид ва азобу шиканҷа ё роҳҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, низ дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ворид карда шудаанд. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ дар бораи татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа ба судҳо барои баррасӣ намудани парвандаҳои вобаста ба шиканҷа тавзеҳоти зарурӣ медиҳад. Ҳамзамон, санадҳои зерқонунӣ ва дастурҳои зиёди дигар қабул гардидаанд, ки бевосита барои мусоидат дар пешгирии шиканҷа равона карда шудаанд.

Аммо ӯ ҳамзамон изҳори нигаронӣ кард, ки «мутаассифона, дар баробари муваффақиятҳо дар ин самт, душвориҳо низ вуҷуд доранд. Таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҳам дар фаъолияти онҳо ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа вомехӯранд, гарчанде назар ба солҳои пешин ҳолатҳои истифодаи шиканҷа камтар шудаанд. Инро маълумоте, ки аз Прокуратураи генералӣ ба даст овардаем, тасдиқ менамояд. Ҳолатҳои ҷойдошта моро водор менамояд, ки дар самти пешгирии шиканҷа андешидани чораҳоро идома диҳем».

- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоте, ки мусоидат ба риоя ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро ба уҳда дорад, мусоидат дар пешгирии шиканҷаро самти афзалиятноки фаъолияти худ дониста, дар ин самт бетараф нест. Ваколатдор пеш аз ҳама пайваста чорабиниҳои пешгирикунандаро амалӣ менамояд, аз қабили баланд бардоштани иқтидори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавассути ба онҳо омӯзонидани меъёрҳои байналмилалӣ ва миллии мубориза бар зидди шиканҷа,- баромадашро хулоса кард Ҳ. Нидоев.

Дар анҷоми ҷамъомад намояндаи ШВКД-1-и ноҳияи Фирдавсӣ аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ба адвокат Гулчеҳра Холматова ва Ҳусниддин Нидоев изҳори сипос намуда, гуфт: «Орзу мекунем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати зӯроварӣ набошад. Умедворем, ки ин чорабинӣ бори аввал нест ва мо кӯшиш мекунем чунин суҳбатҳо зиёдтар шаванд».

Бояд гуфт, ки аз 22-юми ноябр сар карда, то 10-уми декабри соли 2016 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молии Иттиҳодияи Аврупо дар раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони ин мақомот машғулиятҳои иттилоотонӣ мегузаронанд. Машғулиятҳо дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида мешаванд.

NoTortureTj.Org