Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ба диққати даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо расонида мешавад, ки Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” машваратҳои ҳуқуқии ройгонро барои даъватшавандагон ва хизматиёни ҳарбӣ пешкаш менамояд.
Ҳамчунин, дар ташкилот коршиноси тиббӣ фаъолият мебарад, ки доир ба қобили хизмат будан ё набудани даъватшаванда ба хизмат маслиҳат медиҳад.
Муроҷиаткунандагон метавонанд тариқи телефонҳои (+992) 93 333 18 03 ва (+992) 93 333 17 03 дар тамос шаванд.
Ҳамзамон, “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” хотиррасон менамояд, ки барои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ андроид - барнома барои телефонҳои мобилӣ таҳия шудааст.
Барномаи "Даъватшаванда / Призывник" маҷмуаи китобҳо мебошад, ки аз 18 китоби алоҳида ва 24 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ иборат аст, ки ба ҳуқуқҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ бахшида шудааст. Барнома дар шакли барномаи таълимии универсалӣ коркард карда шудааст, ки шахсони синну соли даъватӣ ва волидайни онҳо, шахсоне, ки қайди ибтидоии ҳарбиро гузашта истодаанд, хизматчиёни ҳарбӣ ва адвокатҳо, муаллимони фанни “Омодагии дифои ҳарбӣ”, духтурони комиссияи даъватӣ ва дилхоҳ шахсон, ки мехоҳанд дониши худро дар ин соҳа баланд бардоранд, метавонанд истифода баранд.
Барномаро тариқи суроғаи зерин метавон пайваст кард:
https://play.google.com/store/apps/details?id=com.dosh.books&hl=ru