2 дар 1: машваратҳои ҳуқуқии сайёр ва эдвокасии COVID-19

 

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои кишвар дар доираи чорабинии 10-рӯза таҳти шиори «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон 3-юми декабр аз соати 10:00 то 12:00 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе машваратҳои ҳуқуқии сайёри ройгон гузаронид.

Машваратҳо дар ноҳияи Фирдавсӣ назди КВД «Бақайдгирии амволи ғайриманқул», дар ноҳияи Сино назди саристгоҳи автомобилии шаҳри Душанбе, дар ноҳияи И. Сомонӣ назди бозори «Меҳргон» ва дар ноҳияи Шоҳмансур (9-километрии шаҳри Душанбе) гузаронида шуданд.

Машварати ҳуқуқии ройгонро ба шаҳрвандон ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дохил мешавад - Абдураҳмон Шарипов ва Гулгуна Шозодаева, инчунин роҳбари  шуъбаи сиёсии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев ва роҳбари Маркази такмили ихтисоси адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Оқилов пешниҳод намуданд.

Диққати шаҳрвандонро асосан масоили муҳоҷирати корӣ, ҳуқуқ ба манзил, муносибатҳои меҳнатӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатгузории меҳнатӣ, масъалаҳои бақайдгирии ҳуқуқи соҳибкории хурд, инчунин ҳуқуқи маъюбон ва ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ҷалб намуданд.

Шаҳрвандони муроҷиаткарда зикр намуданд, ки барои ба даст овардани машваратҳои касбии ҳуқуқӣ душворӣ эҳсос мекарданд ва барои машваратҳои ҳуқуқии ройгон расонидашуда изҳори сипос намуданд.

2 В 1: ВЫЕЗДНЫЕ ПРАВОВЫЕ КОНСУЛЬТАЦИИ И ЭДВОКАСИ COVID – 19

Дар рафти расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ воситаҳои ҳимояти шахсӣ аз COVID-19 (ниқобҳои тиббӣ ва антисептикҳо) тақсим карда шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми гузаронидани чорабинии мазкур иштирокдорон тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуданд, аз ҷумла аз воситаҳои ҳимояти шахсӣ аз COVID-19 истифода бурданд (ниқобҳо, дастпӯшакҳо, антисептикҳо ва масофаи иҷтимоиро риоя карданд).

Гузаронидани чорабинӣ бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг имконпазир гардид.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз ҳама хабарҳову аксияҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

NoTorture.Tj