20 сол аз рӯзи эътибор пайдо кардани Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа

Имрӯз, дар Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа механизмҳои зидди шиканҷаи СММ ба як масъалаи муҳим, вале аксар вақт нодида гирифташуда таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд: хатарҳои махсуси шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ки занону духтарони аз озодӣ маҳрумгардида бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Ин рӯз, яъне 26-уми июн аҳамияти хоса дорад. Соли 2026 аз эътибор пайдо кардани Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа (ПФКЗШ) 20 сол ва аз қабули Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон (КБТЗ) 45 сол пур мешавад.

Шиканҷа - ин ҷинояти вазнин ва дағалона поймол кардани шаъну шарафи инсон аст. Аммо барои занон ва духтарон хатари дучор шудан ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона махсусан ҳангоми боздошт, бозпурсӣ ва нигоҳ доштан дар ҳабс баланд аст, ки ба дахлнопазирии ҷисмониву равонии онҳо ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар шароити низоъ зарар мерасонад.

Чиро бояд тағйир дод?

• Иттилоърасонии амн дар бораи қонунвайронкуниҳо: занону духтарон бояд барои бе хатар ва махфӣ хабар додан дар бораи ҳолатҳои шиканҷа, муносибати бераҳмона ва зӯроварии ҷинсӣ бидуни тарс аз фишор имконият дошта бошанд.

• Тадбирҳои давлат: давлатҳо бояд осебпазириҳои вобаста ба ҷинсиятро бартараф созанд. Беамалӣ боиси қонунвайронкуниҳои минбаъда мегардад.

Имрӯз мо ба шуҷоат ва истодагарии занону духтароне, ки шиканҷаро аз сар гузаронидаанд, эҳтиром мегузорем. Садои онҳо бояд талошҳои муштараки моро барои бунёди ҷаҳоне, ки ба пешгирии қонунвайронкунӣ, масъулиятшиносӣ, ҷуброни зарар ва эҳтироми шаъну шарафи ҳар як инсон асос ёфтааст, раҳнамун созад.

Манбаъ: Дафтари СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ