Адвокатҳои Душанбе, НТМ ва ВМКБ усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷаро омўхтанд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсилаи тренингҳоро барои адвокатҳои кишвар роҳандозӣ намуд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» дар доираи фаъолияти Гуруҳи кўмаки ҳуқуқӣ (ГКҲ)-и Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои кишвар барои адвокатҳои амалкунандаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва НТМ трениг гузаронид. Дар тренинг адвокатҳои ҷавон аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Турсунзода, ноҳияҳои дарвоз, Рашт, Рўдакӣ, Ҳисор иштирок карданд.

Ин идомаи силсилаи тренингҳои иттилоотонӣ оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона дар манотиқи кишвар аст, ки соли 2017 оғоз гардида буданд. Дар умум, дар нақша аст, ки зиёда аз 70 нафар адвокатҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ бо барномаи омўзишӣ фаро гирифта шаванд.

Барномаи тренингҳо масоили стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа, стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, инчунин кафолатҳои асосии ҳуқуқи боздоштшудагону маҳбусонро дар бар мегирад. Иштирокчиёни тренинг бо тартиби фаъолияти адвокатҳо дар мавриди таваҷҷуҳ ба аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои гуногуни истеҳсолоти судӣ шинос шуда, ҳамзамон стратегияи амалии ҳимояи қурбониёни шиканҷаро таҳия менамоянд. Имсол барнома бо мавзуи хусусиятҳои ҳимояи ноболиғон дар истеҳсолоти судии ҷиноятӣ пурра карда шудааст.

Тренингҳо дар доираи лоиҳаҳои зерин гузаронида мешаванд:

  • «Мубориза зидди шиканҷа дар Тоҷикистон - дастгирии фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» (бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе).
  • «Дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» (бо дастгирии Фонди Зигрид Раузинг).
NoTorture.Tj