Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баргузор намудани силсилаи тренингҳоро барои адвокатҳои кишвар идома медиҳад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» дар доираи фаъолияти Гуруҳи кўмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои кишвар рўзҳои 13-14-уми июли соли 2018 барои адвокатҳои амалкунанда ва ҷавони вилояти Хатлон тренинг баргузор намуд. Дар чорабинӣ адвокатҳо аз Бохтар, Кўлоб, ноҳияҳои Ёвон, Ҳамадонӣ, Восеъ, Қубодиён, Кушониён, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Леваканд, Хуросон иштирок карданд.
Ин идомаи тренингҳои маълумотноксозӣ оид ба стратегия ва усулҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аст, ки аз соли 2017 оғоз гардид. Умуман, нақша аст, ки дар соли 2018 зиёда аз 70 нафар адвокатҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ба барномаи омўзишӣ фаро гирифта шаванд. Дар охири моҳи июни имсол барои адвокатҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ тренингҳо гузаронида шуданд.
Барномаи тренингҳо масоилеро аз қабили стандартҳои асосии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа, стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, инчунин кафолатҳои асосии ҳуқуқи боздоштшудагону маҳбусонро дар бар мегирад. Иштирокчиёни тренинг бо тартиби фаъолияти адвокатҳо дар бархўрд бо аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои гуногуни истеҳсолоти судӣ шинос шуда, ҳамзамон стратегияҳои амалиро дар мавриди ҳимояи қурбониёни шиканҷа таҳия менамоянд. Имсол ба барнома мавзуи ҳимояи ноболиғон дар истеҳсолоти судии ҷиноятӣ илова карда шудааст.
Тренингҳо дар доираи лоиҳаҳои “Мубориза муқобили шиканҷа дар Тоҷикистон - дастгирии фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва «Дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Фонди Зигрид Раузинг амалӣ карда мешаванд.