А.Иброҳим хост, бидуни фасод фарзандони фақиру кабир хидмат раванд

Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон хостори даъвати наваскарон аз ҳамаи табақаҳои аҳолӣ шуд. 

Тавре аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин нукта дар ҷамъомади ҷумҳуриявӣ бахшида ба даъвати тирамоҳии наваскарон баён шуда, таъкид гардидааст, ки аз фасодкорӣ зимни даъвати ҷавонон ҷилавгирӣ шавад. 

Ба иттилои манбаъ дар ҷаласа, ки бо ҳузури вазири мудофиа, сарпрокурори ҳарбӣ, масъулини тандурустӣ, маориф, муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва комиссарони ҳарбии ҷумҳурӣ баргузор гардид, камбудии мавсими даъватҳои гузашта мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо як қатор мушкилиҳо аз қабили наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон, муоинаи нодурусти ташхиси тиббӣ, сари вақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ ва баъзе аз кирдорҳои коррупсионӣ ошкор гардидаанд, ки ин гуна ашхос аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуда, нисбати онҳо ҷазоҳои қонуниро татбиқ намудаанд”.

Дар ҷаласаи ҷумҳуриявӣ таъкид гардидааст, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолии қишвар беҳтаринҳо ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд. 

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фармон баровард, ки шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 моҳҳои октябр-ноябр ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд: “Моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-солагӣ расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд”. 

Ozodagon