Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Нақшаи миллӣ аз 22 банд иборат аст: тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзўр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо аз шиканҷа, таъмин намудани ҷубронпуливу офиятбахшӣ ва ғайра.
Нақшаи миллӣ гузаронидани 80 чорабиниро дар самти амалигардонии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ оид ба масоили роҳ надодан ба шиканҷа пешбинӣ намудааст. Ба амалисозии Нақшаи миллӣ доираи васеи мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Институти Омбудсмен ҷалб карда шудаанд.
Инак, банди №11-и Нақшаи миллӣ: «Роҳ надодан ба баргаштан ва хориҷ гардидани иҷборӣ».
Оид ба ин банд қисман чорабиниҳои зерин амалӣ гардидаанд:
- Омўзиши роҳ надодан ба баргаштани иҷборӣ ва амалисозии қонунгузорӣ дар ин самт.
- Омўзиши доимӣ ва натиҷагирии масоили назорати қонунӣ будани ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ.
- Баррасии масоили амалисозии қонунгузорӣ вобаста ба маҳдудияти озодӣ ба зиндагии гурезаҳо ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷўянд, аз ҷумла нисбати онҳое, ки дар ҷустуҷўи паноҳгоҳ сарҳадро ғайриқонунӣ убур кардаанд.
- Омўзиши таҷрибаи судӣ вобаста ба парвандаҳо оид ба ихроҷсозии маъмурии гурезаҳо бо мақсади истифодаи ягонаи қонунгузорӣ дар ин самт, ҳуқуқҳои гурезаҳо ва истифода бурдани шартҳои ихроҷ накардани гурезаҳо дар барномаҳои омўзишии судяҳо.
- Коркарди механизми равона сохтани шахсони дар сарҳад паноҳҷў ба мақомоти ваколатдор оид ба баррасии дархост вобаста ба додани паноҳгоҳ.
Матлаби мазкур бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд мегардад, бахшида шудааст.
Шиканҷа монанд ба вируси даҳшатнок аст ва танҳо як ваксина муқобили он вуҷуд дорад - ошкорсозӣ.
Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.