Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Салом ба ҳама!
Имрӯз мо сохтори ду бахши калони барномаи мобилии «Ман ва ҳуқуқҳои ман» - ро дида мебароем. Барнома бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ кор мекунад, кадомаш ба Шумо қулайтар аст интихоб намоед.
Қисмати барои мутахассисони бо ҷабрдидагон коркунанда - ин ҳуқушиносон, равоншиносон (психолог), духтурон ва адвокатҳо (ҳимоятгар) мебошанд. Дар ин ҷо маълумоти муфассал дар бораи ҳаракатҳои ҳар як мутахассис ҳангоми шиканҷа, зўроварӣ дар оила, вайрон кардани ҳуқуқи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва гуруҳи калиди аҳолӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дастгиркунии маъмурӣ гузошта шудааст. Илова бар ин, зербандҳо барои кормандони тиббӣ, маълумот оид ба далелҳои равонӣ ва ҷисмонӣ мавҷуд аст.
Қисмат барои ҷабрдидагони ба зӯроварии гуногун гирифторшуда - барои шахсоне ё хешовандони онҳое, ки ба шиканҷа, зӯроварӣ дар оила, дастгиркунии маъмурӣ ва ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, ки ҳуқуқҳоо онҳо вайрон шудаанд, пешбинӣ шудааст.
Дар рафти чорабиниамон мо ба таври муфассал ин қисматро таҳлил хоҳем кард. Саҳифаи моро пайгирӣ кунед, то маълумотро аз даст надиҳед, он барои шумо ҳангоми викторинаи дарпешистодаи онлайнӣ муфид хоҳад буд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамаи фаъолиятҳо бо дастгирии барномаи Евразиягии Фонди Ҷамъиятҳои Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг Траст. Инчунин чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи идораи БРСММ дар Тоҷикистон "Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои одамон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби ТҶ «Центр по правам человека» татбиқ карда мешавад, бо дастгирии молиявии ВКХ Финляндия гузаронида шуда истодааст.