Барномаи радиоӣ: Озодӣ аз тамға ва табъиз шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар муассисаҳои ислоҳӣ

13 сентябри соли 2025 дар радиои “Ватан” 106.0 FM барнома ба мавзӯи “Озодӣ аз тамға ва табъиз шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар муассисаҳои ислоҳӣ” баргузор гардид.

Дар барнома коршиносони Давлатов Балаҷон – духтури сироятшиноси МД «МЧ ВНМО» ва Холмурзаев Мехридин – ҳуқуқшиноси ТҶ “Центр по правам человека” баромад карданд. Барномаро матавонед дар инҷо гӯш кунед: https://hrc.tj/archives/4367

Барномаи радиоии мазкур барои ТҶ “Центр по правам человека” дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи: «Ҳуқуқҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва ислоҳоти низоми ислоҳӣ дар Тоҷикистон», ки бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон (Swiss Cooperation Office in Tajikistan) амалӣ карда мешавад, омода карда шудааст. 

ТЧ "Центр по правам человека"