Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳамасола 10-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон бо баргузории ҳар гуна барномаҳои маърифатию иттилоотӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон қабул гардид.
Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон имкон медиҳад, ки ҳар сол атрофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, вазъи риояи онҳо ва нақшаҳои минбаъда барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар самти тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиром, риоя ва ҳифзи онҳо барномаҳо доир гардида, тавсияҳои дахлдор пешниҳод шаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид буда, аксари санадҳои байналмилалии танзимкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки аз ҷониби СММ қабул шудаанд, ба тасвиб расонидааст.
Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф (Конвенсияи зидди шиканҷа) аз ҷониби Тоҷикистон 21-уми июли соли 1994 ба тасвиб расонида шуда, аз 10-уми феврали соли 1995 дар ҳудуди кишвар эътибор пайдо кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа гузоришҳо пешниҳод менамояд. Кумитаи зидди шиканҷаи СММ то ҳол 3 маротиба гузоришҳои даврии Тоҷикистонро оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа баррасӣ намудааст.
Моҳи ноябри соли 2006 Кумитаи зидди шиканҷа гузориши даврии якуми Тоҷикистонро оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа баррасӣ намуда, тавсияҳои ниҳоиро қабул ва пешниҳод кард, аз ҷумла Тоҷикистонро даъват намуд, ки «... имконияти таъсиси Механизми миллии пешгирии шиканҷа ва имконияти ба имзо расонидани Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷаро баррасӣ намояд».
Моҳи ноябри соли 2012 дар Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид гузориши даврии дувуми Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа баррасӣ шуд. Кумитаи мазкур тавсия дод, ки ҷиҳати пешгирии ҳама намуди шиканҷа аз лаҳзаи дастгиркунӣ чораҳои бетаъхир ва самаранок, аз ҷумла огоҳкунии дастгиршудагон аз ҳуқуқҳои онҳо ва асосҳои дастгиркунӣ, ба низом даровардани бақайдгирии дастгиршудагон дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс (пешбурди феҳристи расмӣ бо нишон додани вақт ва сабабҳои дастгиркунӣ, шахсони дар дастгиркунӣ иштирокнамуда, макони нигоҳдорӣ, шахсони барои нигоҳдорӣ масъул ва ғайра) андешида шуда, ба дастгиршудагон дастрасии бетаъхир ба ҳимоятгар, табиб (муоинаи тиббӣ), хабардоркунии хешовандон, тафтиши самаранок, бетаъхир ва холисонаи баррасии арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа, бахусус ҳолатҳои фавтидани маҳбусон ҳангоми нигаҳдорӣ дар ҷойҳои ҳабс ва адои ҷазои ҷиноятӣ таъмин карда шавад. Шахси дастгиршуда ҳарчи зудтар ба назди судя оварда шавад ва муҳлати 72 соати нигоҳдорӣ дар ҳабс кам карда шавад. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тағйирот ворид карда шавад, то ин ки муҳлати 12 соат барои хабардор шудани аъзои оила дар бораи баҳисобгирӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ бекор карда шавад. Андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати тезонидани расмиёти ба тасвиб расонидани Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа, баъдан таҳия намудани механизми миллии самараноки пешгирикунанда ва таъмини ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби буҷет барои таъмин намудани механизми мазкур бо маблағ ҷиҳати анҷом додани назорати доимӣ, мустақил ва пешакӣ эълоншудаи ҷойҳои таҳти ҳабс нигоҳдорӣ, пешниҳод намудани дастрасии бемонеа ба КБСС ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба ҳама ҷойҳои маҳрумкунӣ аз озодӣ, боздидҳои мунтазами Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо кормандони тиббӣ аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ таъмин карда шавад.
Кумитаи зидди шиканҷа гузориши даврии сеюми Тоҷикистонро соли 2018 баррасӣ намуда, аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Протоколи факултативӣ ба Конвенсия оид ба рафъи тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсия доир ба пешгирии ҷинояткории қатли ом (генотсид) ва ҷазо барои он, қабули қонунҳо «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак», таъсис додани гурўҳи кории муштарак оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар доираи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, таъсис додани вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ва дигарҳо истиқбол намуд.
Ҳамчунин, ба Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони дар содир намудани шиканҷа ё муносибати бераҳмона гунаҳкор, таъмини дастрасии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба тамоми ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, кафолат додани таъмини ҳуқуқҳои асосии ҳамаи шахсони дастгиршуда, таҳким бахшидани мустақилияти комиссияи квалификатсионии Вазорати адлия ва адвокатҳо, мубориза бар зидди паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва маҳбасҳо, таъмини дастрасии гурўҳи мониторингӣ ба тамоми ҷойҳои таҳти ҳабс нигоҳдорӣ, худдорӣ намудан аз бадарға, хориҷ кардан, баргардонидан ё супоридани ҳама гуна шахсе, ки ҳангоми бозгашт ба ў хатари мавриди шиканҷа қарор гирифтан таҳдид мекунад, беҳтар намудани ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, аз ҷумла шароити маҳбусоне, ки ҳукми ҷазои якумраро адо мекунанд, татбиқи адолати судӣ нисбати ноболиғон, пешгирии меҳтарсолорӣ (дедовшина), шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, зўроварӣ нисбати занон, ба тасвиб расонидани шартномаҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҳуқуқи инсон, ки Тоҷикистон ба онҳо ҳанўз ҳам ҳамроҳ нашудааст, пешниҳод кардани гузориши даврии чорум на дертар аз 18-уми майи соли 2022 тавсия дода шуд.
Ниҳоят, соли 2022 Тоҷикистон гузориши даврии чоруми худро ба Кумитаи зидди шиканҷа пешниҳод кард, ки дар назар аст баҳори соли 2026 баррасӣ гардад.