Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ шикояти инфиродӣ аз номи Ҷӯрабой Бобоев – падари шаҳрванди Тоҷикистон Исмонбой Бобоевро, ки эҳтимол меравад, 19-уми феврали соли 2010 бар асари истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида бошад, барои баррасӣ ба қайд гирифт. Шикоят бо мусоидати Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон пешниҳод гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов хабар дод, шикоят санаи 9-уми июли соли равон дар мавриди риоя накардани моддаҳои Муоҳадаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ аз шиканҷа, таъмин бо воситаҳои пурсамари ҳимоя нисбат ба Исмонбой Бобоев ва ҳамчунин нақзи ҳуқуқҳои намояндаи ҷабрдида Ҷӯрабой Бобоев ирсол шудааст.
Исмон Бобоев рӯзи 19-уми феврали сои 2010 аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров боздошт гардида, пас аз интиқол ба бинои раёсати мазкур ҳангоми бозпурсӣ ба ҳалокат расид. Ба эътиқоди хешовандону наздикони И.Бобоев, ӯ ба асари истифодаи шиканҷа ва методҳои ғайриқонунии бозпурсӣ фавтидааст. Ташхиси такрорӣ низ нишон дод, ки Бобоев дар натиҷаи ҷароҳат аз барқ ба ҳалокат расидааст.
Санаи 25-уми марти соли 2010 дар прокуратураи вилояти Суғд нисбат ба кормандони раёсат Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров мутобиқи моддаҳои 104, қ. 1 (Одамкушӣ), 247 (Қаллобӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ) ва 316, қ. 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардид.
Дар таърихи 25-уми июни соли 2010 бошад, бинобар сабаби бемории гумонбаршудагон баррасии парвандаи ҷиноии мазкур боздошта шуд.
«Далелҳои овардаи мо дар шикоят мустақиман ба масъулияти давлат дар марги Исмонбой Бобоев бар асари истифодаи шиканҷа ишора намуда, зарурати баргузории тафтишоти мустақил дар робита ба даст доштани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шиканҷа ва марги И.Бобоевро далолат менамоянд», - мегӯяд Романов.
Ҳомиёни ҳуқуқ таваҷҷуҳи Кумитаро ҳамчунин ба нокофӣ будани воситаҳои дохилии ҳимояи ҳуқуқӣ ҷалб намудаанд, «зеро аз боздошти баррасии парванда зиёда аз ду сол сипарӣ шуда бошаду ҳарчанд ному насаби шахсони мансабдор маълум бошанд ҳам, давлат гумонбаршудагонро ба ҷавобгарии ҷиногтӣ ҷалб накард ва барои ин чизе садди роҳ нест».
Романов зикр кард, ки чандин маротиба бо ин масъала ба прокуратураи вилояти Суғд ва Прокуратураи генералии ҶТ муроҷиат кардаанд, вале ҳамеша посухҳо тақрибан якгуна будаанд, ки ба тариқи зайл аст: «Айни замон баррасии парвандаи ҷиноӣ боздошта шудааст, шумо ба таври иловагӣ огоҳ карда мешавед». Ҳамчунин ҳуқуқи муроҷиат ба Суди конститутсионӣ низ истифода шудааст.
«Мо имконияти боқимондаи ягонаи шикояти инфиродӣ бурдан ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ-ро истифода карда, аз Кумитаи мазкур таҳти №G\SO 215\51 TJK (30) аз 17-уми июли соли 2012 посух гирифтем, ки шикоят аз номи Ҷӯрабой Бобоев ба сифати маълумоти №2173/2012 сабт шудааст», - изҳор кард роҳбари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон.
Дар огоҳинома таҳти имзои директори шуъбаи қарордод оид ба ҳуқуқи инсони Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Иброҳим Салама (Ibrahim Salama) хабар дода мешавад, ки мутобиқи тартиботи Кумита, нусхаи шикоят ба кишвари иштирокчӣ бо дархости ба Кумита пешниҳод намудани маълумот доир ба ин парванда дар муддати шаш моҳ фиристода шудааст.
Романов афзуд, минбаъд низ онҳо бо кумитаи СММ дар мавриди баррасии ҳамаҷонибаи шикоят мазкур ҳамеша дар иртибот хоҳанд буд.