Баёнияҳои зидду нақиз дар бораи гумонбарони қатли Ҳамза

Баёнияҳои зидду нақиз дар бораи гумонбарони қатли Ҳамза

Мулоқоти дуввуми наздикони Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки бар асари шиканҷа дар ин зиндон рӯзи 20 сентябри соли ҷорӣ ба ҳалокат расид, бо даъвати Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 13 октябр сурат гирифтааст. 

Дилхоҳ Икромзода, хоҳари Ҳамза ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар ин сӯҳбат ҷаноби Салимзода бори дигар ба онҳо арзи тасаллият карда ва итминон додааст, ки ҳодисаи куштори фарзанди онҳо мӯшикофона таҳқиқ ва омилони он ба ҷазо кашида мешаванд. Хонум Дилхоҳ аз қавли Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар робита ба марги ҷабрии бародараш мақомот алайҳи бархе аз масъулини зиндони шумораи аввали шаҳри Душанбе ба шумули сардор, як корманд ва пизишки ин ҳабсхона тафтишотро оғоз кардааст.
Аммо Мирзо Аминов, як корманди Додситонии кулли Тоҷикистон, ки бо дастури Шерхон Салимзода аз хоҳар ва модари Ҳамза Икромзода баёнот гирифтааст, аз ифтитоҳи парванда алайҳи кадом як нафар аз масъулони зиндони рақами якуми пойтахт ва ҳамчунин пизишки ин маҳкама изҳори беиттиллоӣ кард. Ҷаноби Аминов таъйид кард, ки дар робита ба ҳодисаи фавти маҳкумшуда Ҳамза Икромзода аз тарафи Додситони кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, вале ӯ афзуд, ки ҳанӯз тафтишот нафари хосеро вобаста ба ин қазия гумонбар эълон накардааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Сайидалӣ Казаков, як маҳбуси дигари зиндони мазкур, ки тоза ба озодӣ расида ва аз ҷараёни куштори Ҳамза Икромзода огоҳӣ доштааст, ба расонаҳо изҳор дошта, ки Икромзода бар асари шиканҷа ва озори шадиди ҷисмонӣ ҷон бохтааст.
Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, 25 километраи ғарби Душанбе рӯзи 20 сентябр дар маҳкамаи шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расидааст. Пайвандони ӯ мегӯянд, ки дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешавад. Ҳоло онҳо барои ошкор кардан ва ба ҷазо кашидани омилони қатли фарзанди худ ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва мақомоти давлати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.
Зимнан, тафтишоти ҳодисаи мазкур зери назорати бевоситаи раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад ва Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода ба хоҳар ва модари Ҳамза Икромзода қавл додааст, ки дастури президент дар ин маврид ҳатман иҷро ва омилони ин куштор ошкор ва муҷозот хоҳанд шуд.

Озодӣ