Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд 2-юми июн эҳтимолан бар асари муносибати бераҳмона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини 37-солаи Турсунзода Уктамҷон Игамов даргузаштааст.
Вакили мудофеъ Дилафрӯз Самадова, ки ба ин парванда рӯзи 31-уми май ҷалб шуд, мегӯяд, ки Уктамҷон Игамов 19-уми май бо айби содир кардани ҷинояти хусусияти экстремистӣ дошта боздошт гардидааст. Ӯ 28-уми май аз тавқифгоҳи муваққатии КДАМ-и вилояти Суғд ба СИЗО-и шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад, вале рӯзи 2-юми июн дар ҳолати беҳушӣ ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятӣ интиқол меёбад, ки дар он ҷо аз дунё чашм мепӯшад.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби марги номбурда хунравӣ дар сурхрӯда ва аз кор мондани ҷигар будааст.
Ба иттилои вакили мудофеъ, Уктамҷон Игамов аз бемории гепатити В бо гузариш ба сиррози ҷигар ранҷ мебурд ва ба истифодаи доруворию хӯроки парҳезии махсус ниёз дошт.
«Ҳангоми интихоби чораҳои пешгирикунанда дар намуди ҳабс, бояд вазъи саломатии зерҳимояи ман ҳатман ба назар гирифта ва ҳабси ӯ рад карда мешуд. Вале айбдоршаванда ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол ёфт ва тафтишот аз ҷониби раёсати КДАМ дар вилояти Суғд пеш бурда шуд. Игамов бо ёрии тиббии зарурӣ таъмин карда нашуд. Ҳангоми мулоқот бо зерҳимояи худ, ман мушоҳида кардам, ки ӯ дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад. Базӯр роҳ мерафт, пойи росташ пур аз омос буд. Имрӯз ман шоҳиди марги ӯ шудам. Ҳар нафаре, ки таҳти тафтиш қарор мегирад, ҳуқуқ ба муносибати шоиста дорад. Зерҳимояи ман дар муассисаи пӯшида қарор дошта, барои саломатии худ мустақилона коре карда наметавонист. Ман фавран оид ба ташхис ва табобати ҳатмии Игамов ариза пешниҳод кардам, аммо, таври маълум, аллакай дер шуда буд»,- мегӯяд Самадова.