Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
20-уми июни соли 2024 дар меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе вохӯрии омӯзишгарони системаи ҷамъоварии маълумот оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Чорабинӣ, ки дар он зиёда аз 20 нафар иштирок доштанд, дар шакли омехта - офлайн ва онлайн дар платформаи Zoom баргузор шуд.
Ҳадафи вохӯрӣ муайян кардани меъёрҳои интихоби платформаи ҷамъоварии маълумот буд. Вазифаҳои зерин гузошта шуданд:
- Муайян кардани ҳадафи умумии функсияи система.
- Ҷамъоварии иттилоот дар бораи он, ки кадом маълумоту унсурҳо алакай истифода мешаванд.
- Муайян кардани қадамҳои минбаъда.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муқаддимаи мухтасари ҷамъоварии маълумот ва муайян намудани афзалиятҳои умумӣ дар ҷамъоварии маълумот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд; таҷрибаи истифодаи системаҳои маълумот ва ҷамъоварии маълумот мубодила шуд; мубодилаи афкор ва қабули қарор дар бораи тадбирҳои минбаъда сурат гирифт. Ҳамчунин, аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо иштирокчиён таҷрибаи мусбати худро оид ба масъалаҳои ҷамъоварии маълумот ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи инсон мубодила намуданд.
Ба ҳайси ташкилкунандагони чорабинӣ ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Бунёди ҳолландии «Perspectivity Challenge» дар доираи лоиҳаи «Роҳҳо ба сӯйи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баромад карданд.
Лоиҳа ба баланд бардоштани иқтидори созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони маҳбасҳои Тоҷикистон барои пешгирии шиканҷа, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мусоидат ба низоми одилонаву самараноки системаи пенитенсиарӣ равона карда шудааст.
Яке аз самтҳои асосии лоиҳа ба гузаронидани тадқиқот ва таҳлили маълумот оид ба нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла истифодаи шиканҷа, инчунин мусоидат ба ташкили системаи ҷамъоварии маълумоти ҳамаҷониба оид ба ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла шиканҷа равона карда мешавад.
Дар охири чорабинӣ иштирокдорон се мавзӯи асосиро коркард намуданд, ки аз рӯи онҳо кор кардан дар самти ҷамъоварии маълумот оид ба ҳуқуқи инсон ба назар гирифта шудааст: дастрасӣ ба адолати судӣ; манъи табъиз; мониторинги иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ аз ҷониби давлат.
Иштирокдорони вохӯрӣ ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори сипос намуда, аз тренингҳои ба нақша гирифташуда барои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар доираи лоиҳаи ҷамъоварии маълумот пешбинӣ шудаанд, истиқбол карданд.