Чаро раҳбарони пулиси Сино-1 ва Шоҳмансур барканор шуданд?

Чаро раҳбарони пулиси Сино-1 ва Шоҳмансур барканор шуданд?

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 7 март афродеро, ки тоза ба мақомҳои давлатӣ таъин шуданд, ба ҳузур пазируфт.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ин афродро ба кору хизмати софдилонаю садоқатмандона ба давлату миллат ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон, давлату давлатдории миллӣ ва тарғибу ташвиқи шоистаи арзишҳои волои истиқлоли Тоҷикистон пайваста ҷаҳду талош намоянд. 

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, ахиран раҳбарони  шӯъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-1, Рӯдакӣ, Шоҳмансур, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон, Раёсати назорати тафтишоти пешакии Додситонии кулл, додситонҳои ноҳияҳои Варзоб, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шӯроободи вилояти Хатлон ва Панҷакенти вилояти Суғд, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва сардори шӯъбаи ҳамин агентӣ дар ноҳияи Рашт аз вазифаашон барканор ва афроди дигар таъин гардиданд.

Аммо барканории раҳбарони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Сино-1 ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки як соли ахир номи ин идораҳо ба қазияҳои пурсарусадои марги Парвиз Давлатбеков, маъруф ба «Бобои Барфӣ», Сафаралӣ Сангов, ҷавоне, ки ба гуфтаи пайвандонаш дар пайи латӯкуби кормандони милиса дар бемористон ҷон додааст, Баҳром Шодиев ва дигар парвандаҳои ҷиноӣ рабт дода мешаванд.

Ба далел гуфта мешавад, ки барканории раҳбарони шӯъбаҳои корҳои дохилии ин ду ноҳияи шаҳри Душанбе дар ҳошияи вуҷуди ҷиноятҳои марбут ба латӯкуб ва шиканҷаи афроди мулкӣ иттифоқ афтодааст.

Ozodi