Чӣ гуна тағйирот ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» метавонанд ба ҳимоя аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона мусоидат намоянд?

17-уми июни соли 2026 ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№ 2258) тағйирот ворид карда шуд, ки метавонанд ба таҳкими ҳимояи судии ҳуқуқҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона мусоидат намоянд.

Тибқи тағйирот, раисони судҳо уҳдадоранд шаҳрвандонро шахсан қабул намуда, баррасии муроҷиатҳои онҳоро ташкил кунанд. Ин имкониятҳоро барои муроҷиат ба суд дар ҳолатҳои эҳтимолии нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла шикоятҳо оид ба муносибати дағалона аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, истифодаи зӯроварӣ ё фишор, нақзи ҳуқуқҳои шахсони дар ҳабс қарордошта, инчунин амалҳои ғайриқонунии тафтишотӣ васеъ менамояд.

Тағйирот ҳамчунин уҳдадории судҳоро барои ба инобат гирифтани сабабҳо ва шароитҳое, ки ба нақзи қонун мусоидат мекунанд, пешбинӣ менамояд. Чунин муносибат метавонад барои ошкор сохтани мушкилоти системавие, ки шароити поймолшавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳолатҳои муносибати бераҳмонаро ба вуҷуд меоранд, мусоидат намояд.

Дар баробари ин, тағйироти воридшуда меъёрҳои махсусеро, ки бевосита ба пешгирии шиканҷа ё тафтиши чунин ҷиноятҳо равона шудаанд, дар бар намегиранд. Аммо онҳо механизми дастрасии шаҳрвандон ба ҳимояи судӣ ва баррасии шикоятҳо оид ба нақзи ҳуқуқҳоро таҳким мебахшанд, ки ин метавонад самаранокии ҳимояи шахсонеро, ки дар бораи шиканҷа ё муносибати бераҳмона арз мекунанд, баланд бардорад.

NotortureTj