Чин ҳукми қатли шаҳрванди Тоҷикистонро иҷро кард

Ҳукми қатли шаҳрванди Тоҷикистон Ҳасан Юсуфов, ки дар Чин ба иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир маҳкум шуда буд, субҳи рӯзи панҷшанбе иҷро шудааст.

Масъулони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки бар асоси гузорише, ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Пекин расид, мақомоти Чин субҳи имрӯз, 28-уми январ ҳукми қатли шаҳрванди 51-солаи тоҷик Ҳасан Юсуфовро ба иҷро дароварданд. Ба гуфтаи манбаъ, талоши вазорати корҳои хориҷӣ барои иваз кардани ин ҳукм бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Вафо Ниятбеков, муовини сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати умури хориҷӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз иҷрои ҳукми қатл, мулоқоти масъулони сафорати Тоҷикистон дар Чин бо ин шаҳрванди Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи оқои Ниятбеков, дар мавриди овардани ҷасади Ҳасан Юсуфов сафорат бо ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Чин гуфтугӯ дорад. Хонаводаи Ҳасан Юсуфов аллакай аз иҷрои ҳукм дар нисбати ӯ огаҳ шудаанд.

Ҳасан Юсуфов, ки ба соҳибкорӣ ва воридоти мол аз Чин машғул буд, ҳанӯз панҷ соли пеш дар Урумчӣ бо иттиҳом қочоқи маводи мухаддир дастгир ва баъдан аз сӯи додгоҳи Чин ба қатл маҳкум шуд.

Баҳодур Юсуфов - бародари Ҳасан Юсуфов рӯзи 27 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бародараш дар Урумчӣ асосан ба тиҷорати либос машғул буда, бо маводи мухаддир сари кор надоштааст. ​"Ӯ дар бозор ба доми фиреби як зан афтода ва ҳини интиқоли як халта ба ҷойи дигар, ки дар дарунаш маводи мухаддир будааст, аз тарафи пулиси Урумчӣ боздошт гардидааст," – гуфт ӯ.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 16 шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Чин ва 3 шаҳрванди Чин дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.

Ozodi