“Чизе мехоҳед, имзо мекунем, то дигар шиканҷаро нисбати мо истифода набаред”

Адвокат Ориф Султонов аз номи судшаванда Қаҳҳоров Иброҳим Гадоевич, ки айни замон дар тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9\1-и СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, аз болои қарор оиди рад намудан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят бурдааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан бо таъиноти судяи Суди Олӣ парвандаи се нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошта ва барои санҷиш дар самти шиканҷа ба Прокуратураи генералӣ ирсол карда шуда буд.

Адвокат Ориф Султонов, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шаканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷалб гардидааст, иттилоъ дода буд, ки «санаи 13-уми январи соли 2018 Прокуратураи ноҳияи Рашт нисбати Абдураҳмонов Саидмурод Сайраҳмонович, Ятимов Мададшо Искандарович ва Қаҳҳоров Иброҳим Гадоевич бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 186 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оѓоз намудааст. Нисбати гумонбаршудагон нозирони минтақавӣ, кормандони кофтукови ҷиноятии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт латукўбро раво дидаанд. Шиканҷа дар намуди латукўб дар қисмати поёнии бадан ва дар қисмати болои сар сурат гирифта, аз он ҷумла, дар натиҷа Абдураҳмонов Саидмурод ношунаво шудааст. Муовини сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар қисмати сар латукўби бераҳмона карда, забони ўро аз даҳонаш кашида бароварда, розӣ кунониданӣ шудааст, ки гуноҳро ба гардан гирифта, имзо гузорад. Гўё кушторро дар санаи 19-уми сентябри соли 1998, ки мудири фермаи деҳаи Ялдамичи ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт Маҳмадов Акбар (соли таваллудаш 1942)-ро шахсони номаълум ба қатл расонидаанд, инҳо содир карда бошанд. Ин нафарон ба сифати гумонбаршуда дар курсии ҷиноятӣ нишаста ҷавоб дода истодаанд. Шиканҷа нисбати онҳо аз ҷониби кормандони милиса раво дида шуда, дар натиҷаи латукўб безор шуда ва ҳамаро ба гардан гирифта, гуфтаанд, ки «чизе мехоҳед, имзо мекунем, то дигар шиканҷаро нисбати мо истифода набаред»».

- Бо ташаббуси мо - адвокатҳо, ки ҳуқуқу манфиатҳои зерҳимояҳоямонро дар марҳилаи чи тафтишоти пешакӣ дар Прокуратураи ноҳияи Рашт ва чи дар марҳилаи судӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя менамоем, аризаҳо дар ҳама марҳилаҳо пешниҳод гардиданд, ҳам ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳам ба Вазорати корҳои дохилӣ низ. Ва ахиран бо таъиноти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисикунанда Ваҳобзода Шаҳло аз 29-уми майи соли 2018 дар хусуси санҷиши ҳолатҳои шиканҷа парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи генералӣ фиристода шуд,- афзуда буд О. Султонов.

Дар шикояти наве, ки аз номи Қаҳҳоров Иброҳим Гадоевич адвокат ба Суди Олӣ ирсол кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад: «Таъиноти маҷлиси судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми майи соли 2018 ва маводҳои санҷишии марбут ба шиканҷа нисбати ман ва дигарон тибқи мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 13\2767 аз 21-уми июни соли 2018 барои иҷроиш ба Прокуратураи ноҳияи Рашт ирсол карда шудааст ва санҷиши он ба зиммаи муфаттиш, ки худи ў ҳангоми тафтишоти пешакӣ пешбарандаи ин парвандаи ҷиноятӣ буда, ба ҷой доштани ин ҳолатҳо манфиатдор буд, вогузор карда шудааст. Прокурори ноҳияи Рашт маводҳои санҷиширо оид ба шиканҷа шудани ман аз ҷониби кормандони РВКД рўякӣ ва нопурра санҷида, аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 323 ва 143, эзоҳи 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кормандони РВКД дар ноҳияи Рашт рад намудааст».

Судшаванда зикр намудааст, ки бо қарори макур розӣ набуда, хоҳиш дорад, то қарори прокурори ноҳияи Рашт дар бораи рад намудан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ аз 10-уми июли соли 2018 бинобар бармаҳал ва беасос буданаш бекор карда шуда, таъиноти маҷлиси судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2018 ва маводҳои ба он ҳамроҳгардида дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш ва иҷроиш қарор дода шавад.

NoTorture.Tj