Чорабинии иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!» (Моддаи 78) Эътилофи зидди шиканҷа оғози чорабинии иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!»-ро эълон мекунад!

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд (22 майи соли 2016).

Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ раис сарварӣ мекунад (22 майи соли 2016).

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд.

Раис дар назди мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор масъул аст.

Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд (22 майи соли 2016).

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд (22 майи соли 2016).

NotortureTj