Чорабинии иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!» (Моддаи 9) Эътилофи зидди шиканҷа оғози чорабинии иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!»-ро эълон мекунад!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» чорабинии иттилоотиии «Конститутсияи худро бидон!»-ро эълон менамояд.

Конститутсия қонуни бунёдии давлатист, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва донистани моддаҳои ин қонун барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳим аст!

Ҳар рӯз як моддаи Конститутсия, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, дар сомонаи Эътилоф нашр мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Бо роҳи раъйпурсӣ ба он 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Моддаи 9

Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

NotortureTj