Чорабинии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бахшида ба баррасии Гузориши алтернативӣ

8-уми майи соли 2025 дар меҳмонхонаи «Атлас» чорабинии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бахшида ба баррасии Гузориши алтернативӣ ба Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ баргузор гардид.

Гузориши алтернативӣ, ки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шудааст, натиҷаи кори чандинмоҳаи таҳлилӣ ва фаъолияти ҳуқуқҳимоякунӣ аст, ки дар он коршиносон, ҳуқуқшиносон, ҳимоятгарони ҳуқуқ, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятие, ки бевосита бо кӯдакон ва оилаҳои онҳо сарукор доранд, иштирок доштанд.

Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқҳои асосӣ: таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти маҳбасҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Лоиҳа аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва ташкилоти фаронсавии «Prison Insider» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад.

Чорабинии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бахшида ба баррасии Гузориши алтернативӣ