Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Чораҳои амниятӣ ва дастгирии иҷтимоӣ барои иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ дар кадом асос ва бо кадом тартиб татбиқ ва бекор карда мешаванд?
ПОСУХ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" пешбинӣ мекунад: чораҳои амниятӣ дар сурати мавҷуд будани таҳдиди воқеӣ ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи шахси ҳимояшаванда (моддаи 16) дар асоси ариза ва қарори мақоми ваколатдор, ки одатан дар давоми се рӯз қабул карда мешавад (моддаи 18), татбиқ мегардад. Дастгирии иҷтимоӣ дар сурати марг ё осеб расидан ба саломатӣ таъмин карда мешавад (моддаҳои 17, 19). Чораҳо метавонанд шикоят карда шаванд ва пас аз бартараф гардидани таҳдид ё бо дархости шахс бекор карда мешаванд (моддаи 20).
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj